![]()
Ба истифода додани марҳалаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф»
9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳалаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд. Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми августи соли 2021 зимни ифтитоҳи марҳалаи якум ба бунёди марҳалаи дуюми корхона санги асос гузошта буданд.
Зимни муаррифӣ масъулон иттилоъ доданд, ки марҳалаи сеюм аз 4 коргоҳ иборат буда, тавассути он коркарди солонаи алюминий ба 8000 тонна расонда мешавад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани марҳалаи сеюми корхона, шумораи кормандон ба 300 нафар мерасад. Дар марҳалаи баъдӣ дар ин корхона номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ аз алюминий истеҳсол хоҳад шуд. Масъулон аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи саноат миннатдорӣ намуда, барои афзун кардани ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи босамари соҳа дастуру тавсияҳои мушаххас гирифтанд. Ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми маҳсулот дар 10 моҳи соли равон ба зиёда аз яку ним миллиард сомонӣ расид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23
9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф бо саҳми сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст бунёд ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида буд. Муассисаи нави соҳаи маориф имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад. 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти Муассиса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд. Аз ин хотир, ба сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос карда, омӯзгоронро ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят сохтанд.
Ифтитоҳи 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ
9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода ба тариқи фосилавӣ 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83-и деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99-и деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122-и деҳаи Навобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108-и деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаҳои нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас бунёд гардиданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ, дар умум 8000 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 400 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.
МТТХ «Ғунчаҳои Истиқлол»
9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гашт. Сохтмони Муассиса моҳи феврали соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов эъмор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Муассисаи зебои тозабунёд барои 250 кӯдак пешбинӣ мешавад. Дар иншоот барои инкишофи зеҳнии кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам аст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона, таъмин буда, омӯзиш дар он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити Муассиса дидан намуда, ба масъулон барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда, ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баҳри фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ саҳм мегузорад.
Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки МТТХ «Ғунчаҳои Истиқлол» бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 30 тонна таъмин аст. Оби тозаи ошомиданӣ аз зери замин, аз чуқурии 150 метр бароварда мешавад. Ҳамчунин, он бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин, ба тариқи панелҳои офтобӣ ва генератори худкор бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Дар маҷмуъ, низоми гармидиҳии иншоот ҳозиразамон буда, дар он фаршҳои гармидиҳии буғӣ васланд.
Ба истифода додани 6 кӯдакистони хусусӣ
9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода супурдани МТТХ «Ғунчаҳои Истиқлол» ба таври фосилавӣ Кӯдакистони хусусии «Дунёи ширин» дар кӯчаи Ҷалолиддини Балхӣ, Муассисаи томактабии «Лабханди кӯдак» дар деҳоти Регар, Кӯдакистони «Ҷони бобо» дар шаҳри Турсунзода, боғчаҳои хусусии «Шукуфа» ва «Лола», Муассисаи томактабии наздимуассисавии деҳаи Шӯрхокро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи томактабии хусусии «Дунёи ширин» аз ҷониби соҳибкори ватандӯст дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити муосир бунёд ёфт. Дар иншооти навбунёди таълимӣ 60 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва барои кор бо онҳо 6 мураббӣ ва ёварони мураббиён, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардиданд.
Дар Кӯдакистони хусусии «Лабханди кӯдак» барои рушди зеҳнӣ, тарбиявӣ ва ахлоқии кӯдакон шароити мусоиду муосир фароҳам аст. Бино дорои 12 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои дарсӣ ва методӣ, кории маъмурият, тиббӣ ва толори махсус барои машғулиятҳои варзишӣ ва рушди ҷисмонӣ мебошад. Ҳар як синфхона бо мебелу таҷҳизоти нав, васоити аёниву таълимӣ ва бозичаҳои омӯзишӣ муҷаҳҳазанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин Кӯдакистон 23 омӯзгори соҳибтаҷриба бо кори доимӣ таъмин гардид, ки ин иқдом ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии занони шаҳр мусоидат мекунад.
Муассисаи томактабии хусусии «Ҷони бобо» барои рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Дар таълимгоҳ 350 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои хизматрасонӣ 30 мураббӣ ва ёварони онҳо ба кор ҷалб гардиданд. Кӯдакистони «Шукуфа» дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид. Бинои нави муассиса барои фаро гирифтани 100 кӯдак пешбинӣ мешавад.
Иншооти дигари соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, Кӯдакистони хусусии «Лола» мебошад, ки бо саҳми соҳибкори ватандӯст сохта шуд. Муассисаи томактабии назди муассисавии деҳаи Шӯрхок бошад, барои 50 кӯдак бунёд ёфт. Дар раванди сохтмони он сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин шуданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти 6 кӯдакистони хусусӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкорони ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода дастур доданд, ки кӯдаконро ба таълими босифат фаро гирифта, барои ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷо кардани эҳтирому садоқат ба Ватан тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷовидони шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Шаҳриёр»-ро ба тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Иншоот дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовори Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабзода Шавкат пурра таъмиру таҷдид ва навсозӣ шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Муассиса барои 80 кӯдак пешбинӣ мегардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Муассиса 10 нафар мутахассиси маҳаллӣ аз ҳисоби занон ба кор таъмин гашт. Корҳои таъмиру навсозӣ дар Муассиса моҳи август оғоз ёфта, моҳи декабри соли равон ба анҷом расид. Кӯдакистон дорои ҳуҷраҳои барҳавои машғулият ва истироҳат буда, бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун таъмин мебошад.
ҶДММ «Алюминийи аввалин»
9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюминийи аввалин»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Хуршед Азизов дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷии "Treks Munandislik" баҳри истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 6,2 гектар бунёд шуд. Корҳои бунёдӣ дар корхонаи маҳсулоти алюминӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз ёфа, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расид. Иншооти нав яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад. Иттилоъ доданд, ки корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд. Бо ба кор даромадани корхона барои сокинони маҳаллӣ 160 ҷойи кори доимӣ омода шуд. Маҳсулоти корхона ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, имкони содирот ба кишварҳои хориҷиро низ фароҳам месозад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсол, аз бахшҳои асосии корхона дидан намуда, ҷараёни технологӣ, сатҳи омодагии мутахассисон ва имкониятҳои рушди минбаъдаро таҳлил карданд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин корхонаҳо қадами устувор дар ҷодаи саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Ифтитоҳи ҶДММ «Алюминийи аввалин» боз як қадами муҳими амалисозии сиёсати созандаи роҳбарияти давлат дар роҳи таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дидан карданд. Дар он корхонаҳои маҳаллӣ маҳсулоти худ, навовариҳо ва имкониятҳои истеҳсолиашонро ба намоиш гузоштанд. Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон доир ба рушди минбаъдаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, бахусус алюминийи аввалия, ивази воридот ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр дастуру тавсияҳо доданд.
ҶДММ «Бозори Турсунзода»
9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохта шуд. 12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд ёфт. Дар асоси нишондоди лоиҳавӣ, бозор аз ду марҳалаи сохтмон иборат буда, марҳалаи аввал бо 1500 нуқтаи савдо ва ду таваққуфгоҳ ифтитоҳ гардид.
Пас аз ба фаъолият оғоз намудани марҳалаи якуми бозор, зиёда аз 1670 сокини шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он бо кори доимӣ таъмин шуд. Барои дар муҳлати муайян ба истифода додани марҳалаи дуюми бозор корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ бо ҷалби 170 сокини маҳаллӣ идома дорад.
Бунёди 20 сардхона бо ғунҷоиши садҳо тонна меваю сабзавот, 26 дорухона, ошхона, нуқтаҳои таъмир ва шустушӯи нақлиёт ва дигар шаклҳои хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон ба тарҳи лоиҳаи марҳалаи дуюми бозор ворид шуда, пас аз анҷоми корҳои ободонӣ шумораи ҷойҳои доимии кор ба 2670-то хоҳад расид. Ҳоло дар ҶДММ «Бозори Турсунзода» марказҳои муосири фурӯши либос, хӯрокворӣ, меваю сабзавот, молҳои рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, ширкатҳои мобилӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва дигар хадамот фаъолият менамоянд. Сардхонаҳои бозор, ки дар шафати роҳи оҳан бунёд шудааст, барои сари вақт дастрас намудани ҳама гуна молу маҳсулот ва содироти он ба кишварҳои хориҷӣ мусоидат мекунад. Дар дохили бозор меҳмонхона бо 120 ҷой сохта шудааст. Ҳуҷраҳо дорои рахтҳои бароҳати хоб ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.
Тавре аён гардид, дар бозор аз панелҳои офтобӣ васеъ истифода менамоянд, ки мутобиқ ба шароити имрӯза дар соҳаи энергетикаи кишвар ва ҳам роҳи гузариши пурра ба «энергияи сабз» мебошад. Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи молу маҳсулоти фурӯшандаҳо аз сӯхтор бозор бо нақлиёти махсус таъмин аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро барои бунёди иншооти муҳташами муосир, ки ба таъсиси наздики 3000 ҷойи нави кор замина мегузорад, нишони ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон арзёбӣ намуданд.
Тақдими хонаҳои истиқоматии хизматӣ
9-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Турсунзода бинои нави раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд.
Бинои зебои навбунёд аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзиш барои пешбурди ҳаёти солим, хонаҳои истиқоматии хизматии дуҳуҷрагӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Сохтмони бинои нав моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2025, дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба сомон расид. Бино дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони Агентӣ бунёд шуд. Иншооти нав туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори Ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид.
Зимни суҳбат бо масъулон ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти фаъолият, таъмини амнияти иқтисодӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, назорати риояи қонуният, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки кормандони Агентӣ бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд.
Бояд зикр сохт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои кормандони Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо иншооти хуштарҳу замонавии хизматӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода мешавад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се оилаи ҷавони кормандони Агентӣ калиди хонаҳои истиқоматии дуҳуҷрагии муҷаҳҳазро тақдим намуданд. Тадбири муҳими иҷтимоӣ, ки бо супориши Роҳбари давлат амалӣ гардид, барои фаъолияти содиқонаи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия созгор аст. Кормандон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагиашон изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои масъулиятҳои касбиашон содиқона ва поквиҷдонона ба Ватан ва мардум хизмат менамоянд.