Баргашт Чоп кардан

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ДАР ҚАБУЛИ ҚАРОРҲО ТАЪХИР НАБОЯД КАРД

Аз 6-ум то 21-уми ноябри соли равон дар шаҳри Белени Бразилия Конфронси сиюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Дар он сарварони як қатор кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, олимону коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии иқлим, афзоиши ёриҳои башардӯстона ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва зиёд намудани маблағгузорӣ ба соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.


ТАЪХИР КАРДАН ИМКОННОПАЗИР АСТ
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар суханронияш зикр кард, ки он чи бо иқлими сайёра рух медиҳад, ба ҳама маълум аст, аз ин лиҳоз, дар қабули қарорҳо набояд таъхир кард.
Ӯ дар нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми Конфронс аз кишварҳо даъват кард, ки маблағгузориро ба соҳа се маротиба биафзоянд, то партовҳои газҳои гулхонагӣ коҳиш ёбанд.
– Дар ин маврид музокиракунандагон бояд ҷасорат ва ирода нишон диҳанд, – гуфт ӯ.


МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ЗӮРОВАРИРО АФЗОИШ МЕДИҲАД
Тибқи гузорише, ки аз ҷониби Агентии гурезагони СММ (UNHCR) нашр шудааст, миллионҳо гуреза, муҳоҷирони дохилӣ ва кишварҳои қабулкунандаи гурезагон дар вазъияти хатарнок қарор доранд.
Муаллифони гузориш ҳушдор медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим на танҳо тарзи зиндагии муқаррариро дигар месозад, балки аҳолиро аз имконияти барқарор кардани ҳаёти осоишта пас аз низоъ маҳрум мекунад. Ин раванд, дар навбати худ, мавҷҳои нави муҳоҷиратро ба вуҷуд меорад.
То нимаи соли 2025 шумораи одамоне, ки аз ҷанг, зӯроварӣ ва таъқиб гуреза шудаанд, ба 117 миллион нафар расид. Аз чор се ҳиссаи онҳо аҳолии кишварҳоеанд, ки аз тағйирёбии иқлим осебпазиранд.
Чанд факти дигар роҷеъ ба ин мавзуъ: дар даҳсолаи охир офатҳои табиӣ тақрибан 250 миллион нафарро ба муҳоҷирати дохилӣ водор кардааст. Обхезиҳо дар Судони Ҷанубӣ ва Бразилия, ҳарорати аз меъёр баланд дар Кения ва Покистон ва норасоии шадиди об дар Чад ва Эфиопия зиндагии онҳоеро, ки аз низоъҳои мусаллаҳона азият мекашанд, мушкилтар месозад.
Филиппо Гранди, Комиссари олии СММ оид ба гурезагон, таъкид мекунад, ки гармии аз ҳад зиёд дар ҷаҳон амнияти одамонро зери хатар мегузорад. Дар натиҷа, хонаҳо хароб гашта, одамон аз воситаҳои рӯзгоргузаронӣ маҳрум мешаванд. Ин раванд нафаронеро, ки, аллакай, муҳоҷир шудаанд, дубора ба ҳиҷрат водор месозад.
Тавре таъкид мешавад, дар минтақаҳои зериобмондаи Чад гурезагоне, ки аз Судони ҷангзада меоянд, маҷбуранд ба 10 литр об дар як шабонарӯз қаноат кунанд. Ин аз меъёри муқаррарӣ чанд маротиба камтар аст. Пешгӯӣ мешавад, ки то соли 2050 гурезагоне, ки дар урдугоҳҳо зиндагӣ мекунанд, то 200 рӯз дар як сол дар зери фишори хатарноки гармӣ мемонанд.
Мушкилоти экологӣ вазъиятро бадтар мекунад. Маълумотҳои нав нишон медиҳанд, ки сеяки замини Африқо ба таназзул дучор шудааст ва беш аз нисфи маҳаллаҳои паноҳандагон ва муҳоҷирони дохилӣ дар ин минтақаҳо ҷойгиранд. Набудани имкониятҳо барои зиндагии осоишта одамонро маҷбур месозад, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳамроҳ шаванд. Ҳамин тавр, мушкилоти экологӣ зӯровариро меафзояд.


МАВҶИ ГАРМӢ ШАДИДТАР МЕГАРДАД
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, соли равон эҳтимол дуюмин ё сеюмин соли гармтарин дар таърих хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, аз соли 2015 то 2025, ҳамчун гармтарин солҳо дар 176 соли охир эътироф шудаанд.
Гармиро бештар уқёнусҳо дар худ нигоҳ медоранд. 90 дарсади энергияи изофии аз газҳои гулхонаӣ бавуҷудомада дар ин ҷо ҷамъ мешаванд. Ин раванд боиси нобудшавии экосистемаҳои баҳрӣ, тӯфонҳои шадид ва обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Ин ҳолат, дар навтаби худ, сабаби баландшавии сатҳи баҳр мешавад. Дар ҳоле ки солҳои 90-уми асри гузашта сатҳи баҳр дар як сол 2,1 миллиметр боло мешуд, айни замон ин рақам ба 4,1 миллиметр расидааст.
Майдони яхҳои Арктика пас аз зимистони имсола ба сатҳи пасттарин дар таърихи мушоҳидаҳои моҳворавӣ расид. Вазъият дар Антарктида низ нигаронкунанда аст: соли 2025 сеюмин талафоти ях дар таърихи ин ҷо сабт шуд. Пиряхҳои ҷаҳонӣ бошанд, соли сеюм аст, ки ҳаҷми ҳангуфти худро аз даст медиҳанд. Тибқи маълумотҳо, солҳои 2023 – 2024 онҳо 450 гигатонн яхи худро аз даст доданд.


Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


PS: Масъалаҳои дар СОР 30 баррасишуда фарогири самтҳои зиёдеанд, аз ҷумла таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои кишоварзию саноат, ки онро дар матлаби баъдӣ пешкаши хонандагон мегардонем.