![]()
Соли 1992 аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон сангин омад. Рӯз ба рӯз аҳолии ҷумҳуриро яъсу ноумедӣ фаро мегирифт. Кӯчбандии миллатҳои ғайр миёни аҳолӣ воҳимаи зиёдеро ба бор меовард. Сохторҳои давлатӣ фалаҷу фишангҳои роҳандозишуда самар намебахшиданд. Дар кӯчаву нақлиёт, хонаву бозор хурду калон аз пайомадҳои ногувор пешгӯӣ мекарданд.
Вазъи сиёсӣ то дараҷае сангину хатарзо буд, ки ҷомеа дигар аз доиршавии ҳар гуна маъракаҳои сиёсӣ ҷиҳати эътидолбахшии авзои диёр натиҷаи мусбатро интизор набуд, зеро қарорҳои қабулшуда татбиқ намегаштанд. Аввалҳои моҳи ноябри соли 1992 дар бораи баргузории иҷлосияи Шурои Олӣ сухан мерафт ва овозаҳо ҳам пайдо шуданд, ки ин бор иҷлосия шояд берун аз Тоҷикистон, дар ҷойи ором ҷараён гирад. Пешгӯиҳо то андозае дуруст баромаданд, аммо иҷлосия на дар хориҷи кишвар, балки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ гузашт.
Ман низ ҳамчун корманди бахши барномаҳои «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон дар қатори дигар нафарони ба иҷлосия даъватшуда бо гурӯҳи вакилони мардумӣ ба тайёра ворид шудем. Агарчи вакилон дар муошират лутфу меҳрубонӣ доштанд, аз чеҳраи онҳо яъсу ноумедӣ, изтироб бештар ҳувайдо мешуд.
Субҳ, баъди наҳорӣ, аз шаҳри Чкалов озими Қасри Арбоб шудем. Нахустин манзарае, ки ба мушоҳида расид, техникаи зиёди ҳарбӣ, сарбозони мусаллаҳ ва кормандони зиёди Вазорати корҳои дохилӣ буд. Онҳо гирдогирди Қасрро ба хотири амният ва бехатарии иштирокдорон печонда буданд. Барои аз қайд гузаштан сари ҳар қадам дар тафтиши хеле ҷиддии кормандони ҳифзи ҳуқуқ қарор доштем. Қариб се соати вақт гузашт ва мо – хабарнигорон, аз ҷумла Неъмат Очилов, хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ошёнаи дувуми маҷлисгоҳ ҷой гирифтем.
Журналистон, ки теъдоди онҳо хеле зиёду аз расонаҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ буданд, кунҷковона ҷараёни кори иҷлосияро инъикос менамуданд. 16-уми ноябр лаҳзаҳои ифтитоҳи Иҷлосияи ХVI, истеъфои Раиси Шурои Олии Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон, баъдан баррасии масъалаи муҳим – интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, пешниҳоду мулоҳизаҳо атрофи номзадҳо ҳассосу ибратангез сурат гирифтанд. Вакил Абдулвоҳид Мирзоев бо пешниҳод аз номзадии вакил Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи вилояти Кӯлоб ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки мавсуф чун вакили мардумӣ ҷиҳати ҳимояи манфиати интихобгарон дар ҳамаи иҷлосияҳо фаъол буда, дар таҳияи қарору қонунҳои муҳим баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми муносиб гузоштааст. Дар шароити кунунии ҷумҳурӣ ба чунин нафари соҳибтаҷрибаи хоҷагидор ниёз дорем ва ӯ метавонад бо дастгирии фаъолонаи мову шумо вазифаашро сарбаландона ба иҷро расонад.
Вакил Ҷаҳон Набиев, аз ҳавзаи интихоботии Ғозиён, низ аз сифатҳои кордонии номзади арзанда ҳарф зада, аз ҳамкасбон дархост кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро дастгирӣ намоянд. Ҳамин тавр, бо аксарияти овозҳо (197 овоз) Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат интихоб шуданд. Суханҳои қатъӣ, мушаххас, самимӣ ва пурмазмуни Раиси нави Шурои Олӣ, хосатан «Ман ба шумо сулҳ меорам», аҳли толорро мутаассир сохту эътимод бахшид.
Аллакай, дар рӯзҳои дувуму сеюм иҷлосия маҷрои муътадили худро ёфта, масъалаҳо фаъолона ҳал мешуданд. Дар баррасии масъалаи қабули Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, дар баробари вакилон, президенти вақти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат фаъолона ширкат варзида, моҳияти ҳар рамзу ҳар рангро бо такя ба маъхазҳои таърихии давлатдории тоҷикон асоснок мекарданд. Дар яке аз рӯзҳои корӣ мавзуи асосии он ба ҳам овардани намояндагони сангарҳо, қумондонҳои саҳроӣ буд. Оши оштӣ эълон шуду дар саҳни бинои Қасри Арбоб фаъолони ҷумҳурӣ гирд омада, сари як пиёла чой оид ба оташбас, сулҳу салоҳ, оғози зиндагии оромона ибрози андеша карданд. Ёд дорам, дар мизе, ки чанд журналист ҳузур доштем, аснои суҳбат доир ба имрӯзу фардои Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси нави Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакил Малик Қурбонов аз ноҳияи Мастчоҳ ифодаеро пеш овард, ки то имрӯз аз хотирам намеравад. Ӯ гуфта буд: «Ман намедонам, тақдирҷунбони ин ҷавон кисту мурғи Ҳумо чи тавр болои китфи ӯ нишаст, вале давоми вакилӣ дар Шурои Олӣ Эмомалиро чун ҷавонмарди якрӯ, бо ғурури миллӣ дарёфтам. Қариб ягон ҷаласае набуд, ки дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти мардуми ранҷбар сухане нагӯяд. Аз симои сирф тоҷикона, китфони васеи баҳодуронааш ҳувайдост, ки ӯ ба Тоҷикистони мо файз меорад».
Ҷовиди АШТӢ,
иштирокдори Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб, «Ҷумҳурият»