Баргашт Чоп кардан

“ҲАҚИҚАТИ СУҒД”. 95 СОЛ БО МАРДУМ


Ба ифтихори 95-солагии таъсиси Нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – “Ҳақиқати Суғд” дар Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар инъикоси дастовардҳо ва рушду пешрафти кишвар” баргузор гардид.


Дар конфронс аҳли илму адаби кишвар, рӯзноманигорон, меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва муштариёни рӯзнома иштирок доштанд. Сармуҳаррири кунунии ҷарида Аминҷон Шарифзода саҳми рӯзномаро дар тарғиби дастовардҳои миллӣ ва таҳкими фарҳанг муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини раиси вилоят Зуфар Исмоилзода дар баробари расондани паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ҳамзамон таъкид кард, ки “Ҳақиқати Суғд” дар марҳалаҳои муҳими давлатдорӣ ҳамчун минбари боэътимоди мардум хидмат кардааст.
Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод аз робитаи таърихии рӯзнома бо чеҳраҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ёдовар шуд. Ӯ зикр кард, ки аввалин паёми Сарвари давлати тозаистиқлол низ тавассути ҳамин рӯзнома ба мардум расида буд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, ки рӯзнома соли 2023 ҳамчун муваффақтарин нашрия дар ҷумҳурӣ эътироф гардида, имрӯз низ дар радаи беҳтарин нашрияҳои кишвари мо қарор дорад.
Фарзонаи Хуҷандӣ изҳор дошт, ки “Ҳақиқати Суғд” дар муддати қариб як аср оинаи зиндагӣ, минбари танқиди созанда дар арсаи ташаккули афкори ҷамъиятӣ будааст. Паёмҳо ва эътирофи аҳли матбуоти Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ собитгари ҷойгоҳи шоистаи ин рӯзнома буд.
Дар анҷом собиқадорони матбуот, рӯзноманигорон ва кормандони фаъоли “Ҳақиқати Суғд” бо сипосномаҳои Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадр шуданд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”