Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИТУС. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ШАҲРВАНДОН БО КОР

Бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандони корҷӯ, расондани ёрии молиявӣ ба шахсони бекор ва ташкили ярмаркаҳо аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре Орифшо Азизуллозода, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритус, зимни суҳбат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҳадафи асосӣ мусоидат ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, барои шуғли пурмаҳсул ва омӯзиши касб фаро гирифтани аҳолӣ дар ноҳия Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 амал мекунад. 
Дар доираи Барнома ба шуъба давоми нуҳ моҳи соли равон 1561 шаҳрванд барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат кард, ки аз он 676 нафар зан мебошад. Дар асоси дархости кордиҳандаҳо тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, 957 сокин дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, аз қабили кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, сохтмон, савдо ва дигар бахшҳо бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуд. Шумораи нафарони ба ҷойи кор таъминшуда 414 нафарашон занону ҷавононанд. Тибқи нақша, то охири сол таъсиси боз беш аз 100 ҷойи кори дигар дар назар аст. Ин омор нишон медиҳад, ки шумораи зиёди шаҳрвандон хоҳиши фаъолият ва дарёфти ҷойи корро доранд.

Солҳои охир корҳои ободониву сабзкорӣ дар гӯшаву канори мамлакат равнақ ёфтаанд. Ин амал барои ба шуғли мавсимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон мусоидат менамояд. Дар давраи мавриди назар аз ҳисоби аҳолии бешуғли ноҳия 55 нафар ба чунин корҳо сафарбар гардиданд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мақомоти Агентӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор тавассути рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна мебошад. Бо ин мақсад, ба 8 бекор ба маблағи беш аз 49 000 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Шаҳрвандони қарзи имтиёзнокгирифта ба корҳои фардӣ, соҳибкорӣ машғул гардида, асосан, дар соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ машғуланд ва ба рушди иқтисодии ноҳия саҳми назаррас мегузоранд. Ин иқдом метавонад ба ташкили ҷойҳои нави кор ва тақвияти бахши соҳибкории хурду миёна мусоидат намояд.

Масъулон дар суҳбат иттилоъ доданд, ки мувофиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд 113 нафар тибқи квота бо кор таъмин мешуд, то кунун ин нишондод ба 95 нафар расидааст, ки 84 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат дар ташкилотҳои буҷетӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмуъ, тамоми тадбирҳои андешидашуда ба коҳиши сатҳи бекорӣ, афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон равона шудаанд. Дар ин минтақа, идомаи чунин талошҳои ҳамоҳангшуда метавонад ояндаи беҳтари шуғли аҳолиро дар ноҳияи Шаҳритус таъмин намояд.
– Қатъи назар аз муваффақиятҳо, моро зарур аст, ки фаъолиятро тақвият бахшида, дар мавриди ташкили ихтисосҳои зарурӣ тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешем. Роҳбарияти ташкилоту муассиса, корхонаву дигар ниҳодҳо бояд, ки бо мақсади таъминоти аҳолӣ бо ҷойи кор ва ба ин васила, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкориро тақвият бахшанд, – илова кард Орифшо Азизулозода.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”