Баргашт Чоп кардан

АДРАСМОН. ШАҲРАКЕ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД


Сокинони шаҳраки Адрасмон, чун дигар шаҳрвандони минтақаҳои гуногуни кишвар, ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ободонии диёри азизашон камари ҳиммат бастаанд.
– Ин шабу рӯзҳо шодиву нишоти аҳолии шаракро ҳадду каноре нест. Ниҳоят, баъди солҳои зиёде бо талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ширкати соҳибнуфуз дар ин ҷо корхонаи азими аз лиҳози технологӣ пешқадаму муосир оид ба коркарди маъдан бо иқтидори зиёду ҷойҳои нави кор бунёд хоҳад шуд. Айни замон, дар ин ҷо кор ба қавле “ҷӯш мезанад”. Дар ин радиф мардум бо азми дучанд, бо умеди эҳёи он шаҳраки қаблии худ – Адрасмон, ки то аз кор боз мондани корхонаи бузурги коркарди маъдани Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Адрасмон” басо зебову шукуфон буду бо ҳавои мусаффою табиати сарсабзу меваҳои шаҳдбораш таваҷҷуҳи сокинони навоҳии гирду атрофро ҷалб месохт, боз месозанду кӯчаҳоро бо диди нави замонавӣ обод ва гулзору сарсабз мегардонанд, – мегӯяд Улуғбек Хоҷаев, раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон.
Иқдому созандагиҳои сокинони Адрасмонро дар ҷаласаи умумивилоятӣ низ таъкид карданду чун намуна нишон доданд. Яке аз корҳои ҷолиби таваҷҷуҳи соҳибкорони шаҳрак, албатта, мумфарш сохтани роҳи асосии Адрасмон – Хуҷанд мебошад. Ин роҳи 6-километра ба маблағи 6 миллион сомонии ҷамъкардаи мардуми шаҳрак ҳамвору мумфарш гардид. Ҳамзамон, боз роҳҳои дигари байнирустоӣ низ, ки солҳои зиёд рӯйи таъмирро надида буданд, ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ мумфарш шуданд.
Соҳибкорони маҳаллӣ ва волидайни хонандагон бо маблағгузории худ МТМУ №4-ро бо гармии мутамарказ таъмин карданд, ки аҳли омӯзгорону талабагон аз ин меҳрубонии онҳо миннатдоранд. Дар ин радиф бисёр синфхонаҳо, роҳгарду саҳни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12, 7 низ ба шарофати дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бо сифати баланд таъмир гаштанд. Соҳибкори дигари адрасмонӣ ба маблағи беш аз ним миллион сомонӣ варзишгоҳи замонавӣ сохта, ба ихтиёри аҳолӣ гузошт.
– Ҳар рӯз соҳибкорон якҷо бо сокинон баҳри ободӣ иқдомҳои созандагӣ зоҳир месозанд. Ҳоло ҳар сокини маҳалла бо оғоз гаштани корҳои азнавсозии конҳои истихроҷу бунёди корхонаи нави коркарди маъдан бо ҳавасмандӣ омода аст, ҷойеро обод кунаду ягон нуқтаи савдо ва ё хизматрасонӣ бунёд созад, масофаи муайяни роҳҳои пиёдагарду мошингардро аз таъмир барорад. Ростӣ, чунин тасмиму ташаббусҳо хеле зиёданд, ки самарааш кӯчаҳои ободу сарсабз, гулгаштҳои замонавӣ, манзилҳои таъмиршуда аст ва аз ин амалҳо танҳо ифтихор, шукри соҳибистиқлолӣ ва давлатдорӣ мекунед, – мегӯяд Шералӣ Тиркашов, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон.


Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”