
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
Филворди «Оскар – 3»
Дар ин филворд насаби коргардонҳои маъруфи ҷаҳон нуҳуфтаанд, ки соҳиби ҷоизаи «Оскар» шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
Ҷавоби кроссворди «Парчам»
1. Сомонӣ. 2. Нишон. 3. Пойиз. 4. Варзишгар. 5. Рӯдакӣ. 6. Президент. 7. Меҳан. 8. Гиромӣ. 9. Парчам. 10. Ноябр.
ҲУАЛАЙ
Бориктарин дарёи ҷаҳон
Дар бораи калонтарин дарёи ҷаҳон– Амазонка – хонандагон маълумот доранд, ки дар мавсими серобӣ паҳноияш ба 40 километр мерасад. Оё дар бораи бориктарин дарёи олам низ донистан мехоҳед?
Рӯди мазкур бо номи Ҳуалай дар ноҳияи Худмухтори Монголияи Дохилӣ (Ҷумҳурии Мардумии Чин) ҷорӣ буда, паҳноии миёнааш 15 сантиметр аст. Дарозии дарё бошад, 17 километрро ташкил дода, жарфиаш ба 50 сантиметр мерасад.
Тибқи таҳқиқоти олимон, он 10 ҳазор сол боз ҷорист. Дарё аз обҳои зеризаминӣ сарчашма гирифта, ба кӯли Далай мерезад.
Баъзе олимон онро, ҳатто, дарё намешуморанд. Аммо, тибқи сарчашмаҳои илмӣ, паҳноӣ меъёри асосӣ барои дарё дониста намешавад. Ҳуалай тамоми сол ҷорӣ буда, маҷрои муайяни худро дорад. Аз ин лиҳоз, онро метавон дарё гуфт.
Таҳияи К. САФАР
ЯК ҚОНУНИ АҶИБ…
Дар дунё қонунҳои аҷиб амал мекунанд. Аз ҷумла, дар Сингапур мувофиқи қонун агар шахсе се маротиба барои партофтани партов дар кӯчаҳо дастгир шавад, барои вайрон кардани муҳити экологӣ ҳар рӯзи якшанбе кӯчаҳоро тоза мекунад.
Бар замми ин, он тавассути телевизионҳои маҳаллӣ намоиш дода мешавад. Ҳамзамон, мувофиқи қонун, дар рафти иҷрои ҷазо дар либоси “ҷинояткор” навиштаҷоти “Ман партофтам” насб мешавад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ДАР КАДОМ КИШВАРҲО ЗУД ВА ДЕР БА НАФАҚА МЕРАВАНД?
Дар Ҷопон соли 1998 синни нафақа аз 55 ба 60 сол боло бурда шуд. Ҳоло аҳолии ин кишвар, ки дар дунё солхӯрдатарин шумурда мешавад, дар 62,7-солагӣ ба нафақа мераванд.
Дар Ҳиндустон синни нафақа ба 60 баробар аст. Дар Русия бошад, он барои занҳо ва мардҳо мутаносибан 58 ва 63-ро ташкил медиҳад. Дар Сенегал, Мозамбик ва Мадагаскар низ чунин меъёр муқаррар шудааст. Дар Чин он ба ҳисоби миёна ба 56 сол баробар мебошад.
Шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб метавонанд дар 49-солагӣ ба нафақа бароянд. Аммо хориҷиёне, ки дар қаламрави мамлакат фаъолият доранд, бояд то 60-солагӣ кор кунанд.
Аз ҳама дер дар Норвегия ба нафақа мераванд: 76,7-солагӣ. Исландия дар ҷойи дуюм ҷойгир аст – 76. Пас аз он Португалия меояд – 66,25. Сокинони ИМА, Италия, Дания ва Ирландия расман дар 66-солагӣ ба нафақа мебароянд. Дар Австралия синни нафақа аз 65-солагист.
Таҳияи Кароматулло АТО
1000 ЕВРО ҶАРИМА БАРОИ БУРДАНИ ЯК САНГ
Ҳамин гуна навишта солҳои охир дар ҳар қадами ҷазираи Скиатоси Юнон пайдо шуда, барои сокинонаш низ аҷиб метобад. Скиатос табиати афсонавӣ дошта, дар соҳилҳояш сангҳои шаклашон аҷиби қадимӣ зиёд ба чашм мерасанд. Миёни сайёҳон расме роиҷ гардид, ки барои хотира ҳатман аз ин сангҳои аҷиб намунае чанд бо худ ҳамчун армуғон бубаранд.
Ҳоло аз ҷониби маркази фарҳангии Скиатос бо мақсади ҳифз намудани сангҳо ва зарар нарасондан ба табиати ҷазира бо худ бурдани сангҳо қатъиян манъ шудааст.
Сайёҳоне, ки кӯшиши бо худ бурдани сангҳоро мекунанд, аз 400 то 1000 евро ҷарима месупоранд.
Таҳияи Кароматулло АТО
6. ҚУЛЛАИ МУЪМИН ҚАНОАТ (6740 м)
Қуллаи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, тамоми сол барфпӯш аст.
То соли 2022 он қуллаи Октябрский ном бурда мешуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қулла ба номи шоири Халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат тағйири ном кард. Бори аввал соли 1955 қуллаи Муъмин Қаноат аз тарафи экспедитсияи иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Шуравӣ фатҳ гардид.
Таҳияи Муҳаммад АМИН
“Rage bait” – калимаи соли 2025
Тибқи эълоне, ки дар вебсайти “Oxford University Press” нашр шудааст, луғати забони англисии Оксфорд ибораи “rage bait”-ро ҳамчун калимаи соли 2025 интихоб кардааст.
Ин қарор пас аз овоздиҳии серӯзаи онлайн, ки дар он беш аз 30000 нафар иштирок кардаанд, қабул гардидааст. Ибораи "rage bait" (дар тарҷума "абзори таҳрикдиҳанда") дар шабакаҳои иҷтимоӣ қасдан барои барангехтани хашми корбарон сохта шудааст. Ин метавонад паёмҳои асабонӣ, таҳрикдиҳанда ё комилан таҳқиромезро дар бар гирад, ки барои таваҷҷуҳ, ба вуҷуд овардани баҳс ва ҷалби корбарон ба саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мешавад.
Ба маълумоти “Oxford University Press”, басомади ин ибора дар як соли охир тақрибан се маротиба афзоиш ёфтааст.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
15 ДАҚИҚА КИТОБ ХОНЕД!
Брайан Трейс, адиби канадагӣ, хосияти наҷиби китобхониро чунин тасвир кардааст: "Агар ҳар шаб ба ҷойи тамошои телевизиор 15 дақиқа китоб хонед, соле тақрибан 15 китоб мутолаа мекунед. Агар рӯзе 15 дақиқа адабиёти классикӣ омӯзед, дар муддати 7 сол 100 китоби бузурги адабиёти классикро хондаед. Ба ин тартиб, ба яке аз босаводтарин афроди насли худ табдил меёбед. Ҳамаи ин бо сарфи ҳамагӣ 15 дақиқа ба даст меояд".
Таҳияи З. ҚУДБИДДИН
ЭҶОДКОРӢ САҲЛ НЕСТ
Соли 1802 китоби ғайриодие дастраси хонандагон гардида, ҳамаро ба ҳайрат овард. Ин китоб дорои 8847 ҷумлаву 33864 ҳарф буд ва дар он ягон аломати китобати дида намешуд.
Баъди чанд муддат, бо дарназардошти норозигии хонандагон, муаллифи китоб Тимоти Декстер, нависандаи амрикоӣ, тасмим гирифт, ки бори дигар онро ба чоп расонад. Пас аз нашри такрорӣ саҳифаи махсусеро бо аломатҳои китобати ҷой кард. Дар он муаллиф аз хонандагон хост, ки аломатҳоро дар матн мувофиқи завқи худ гузоранд ва ба ин васила, ҳар яке дарк кунанд, ки эҷодкорӣ кори саҳле нест.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
ЯК ПАНДИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ
Луқмони Ҳаким мефармояд: ман тамоми борро бар дӯш доштам, аммо бори вазнинтар аз вазифаро надидаам. Тамоми лаззатро чашидам, аммо ширинтар аз саломатӣ чизеро наёфтам. Дарк кардам, ки ширинтарин лаззат саломатӣ будааст. Ба қадри саломатӣ бирасед!
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
НАВМЕД НАБОЯД ШУД
6 ҳикояи аҷиби наҷот аз қаъри уқёнус
4. ХОСЕ САЛВАДОР АЛВАРЕНГА
Дар баҳр 438 рӯз зинда монд
Ноябри соли 2012 заврақе, ки дар он Хосе Алваренга бо рафиқаш Эзекиэл Кордоба бо мақсади моҳидорӣ ба баҳр баромада буданд, дар натиҷаи тӯфони шадид, ки 5 рӯз давом кард, ба фалокати сахт дучор шуд. Аммо баъди 438 рӯз танҳо Алваренгаро зинда пайдо карданд.
Алваренга дар уқёнус гӯшти хоми парандаву моҳиҳоро, ки бо дасташ медошт, истеъмол мекард. Ҳатто медузаро ҳам аз об гирифта, пурра фурӯ бурда будааст.
Баъди оне, ки якчанд киштии калон ба заврақаш наздик шуданду гузашта рафтанд, Алваренга аз наҷот ёфтан умедашро канд. Ниҳоят, моҳи январи соли 2014 заврақаш ба соҳили ҷазираҳои Маршал расиду ӯро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд. Маълум шуд, ки вай дар ин муддат 11 000 километрро тай кардааст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
МАРИЯ ШАРАПОВА
Мария Шарапова, теннисбози собиқи рақами яки ҷаҳон, яке аз машҳуртаринҳо дар ин риштаи варзиш маҳсуб меёбад. Ӯ яке аз даҳ зане дар таърих мебошад, ки давоми корномаи варзишии худ дар ҳар чор мусобиқаи бонуфуз – Grand Slam (Уимблдон-2004, US Open-2006, Australian Open-2008, Ролан Гаррос-2012 ва 2014) ғолиб омадааст. Мария, инчунин, ғолиби 39 мусобиқаи WTA, чемпионати ҷамъбастии WTA (2004) ва Ҷоми Федератсия (2008) мебошад.
Ӯ дар байни варзишгарони ҷаҳон аз рӯйи даромад аз таблиғот (реклама) низ ба қатори аввалинҳо шомил аст.
Аз русӣ тарҷумаи Иброҳими САЙФУЛЛО
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
11. Сенот (Gran Cenote), Мексика
Мексика аз ғорҳои боҳашшамат бой аст. Машҳуртарини онҳо Gran Cenote аст, ки дар Тулум ҷойгир мебошад.
Дар дохили ғор обҳои зеризаминии софу булӯрин ҷорӣ мешаванд. Онҳо чунон шаффофанд, ки моҳиёни шинокунандаро дидан мумкин аст.
Gran Cenote беҳтарин макон барои шиноварӣ ва яке аз зеботарин мавзеъ дар Мексика маҳсуб меёбад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Chanel №5 яке аз хушбӯйтарин ва серфурӯштарин атр дар таърих мебошад. Тақрибан дар ҳар 30 сония як шишаи ин атр фурӯхта мешавад.
***
Дар Чин тақрибан 90 миллион одам дорои насаби Ли мебошад.
***
Ханда мағзи сари инсонро хуб ба кор медарорад. Агар инсон дар 1 рӯз зиёда аз 17 дақиқа бихандад, умраш дароз мешавад. Занҳо назар ба мардҳо бештар ханда мекунанд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ФОНУСҲОИ ОСМОНӢ
Як ҷашни пурасрор Фестивали “Фонусҳои осмонӣ” дар ҷазираи Тайван мебошад. Дар ин рӯз сокинон дар хиёбонҳои шаҳр ҷамъ омада, дар рӯйи фонусҳои парон орзуҳои худро навишта, ба осмон мефиристанд. Шаб бо равшании ҳазорон фонуси дурахшон осмон рангин шуда, манзараи афсонавиеро мемонад. Ин ба сокинон барои амалӣ шудани орзуҳояшон умед мебахшад.
Таҳияи А. НОСИРҶОН
ОДАТҲОИ ҶОЛИБ
САТЕРЕ-МАВЕ
Мард шудан имтиҳон дорад
Дар қабилаи Сатере-Мавеи Бразилия писар будан осон нест. Барои мард шудан писарбача бояд 11 соат бо дастпӯш шинад. Ба назар одӣ менамояд, аммо дохили дастпӯшакҳо аз шумораи зиёди мурчаҳо пур шудаанд, ки неши онҳо нисбат ба занбӯри асал 30 маротиба дардноктар аст. Писарбача бояд кӯшиш кунад, ки ангуштони худро наҷунбонад ва ба дард тоқат кунад.
Таҳияи А. БАСОНА
МУАРРИФӢ
Рӯзе Лев Толстой, нависандаи машҳури рус, дар кӯча қадам мезад, ки бо зане бархӯрд. Зан дарҳол шуруъ ба дашном кард. Толстой кулоҳашро аз сар гирифт ва бо эҳтиром узр пурсиду гуфт: “Ман Лев Толстой ҳастам”.
Зан бисёр шарманда шуд ва бо узрхоҳии зиёд гуфт: “Чаро шумо худро пештар муаррифӣ накардед?”
Толстой дар ҷавоб гуфт: “Шумо ончунон, машғули муаррифии худ будед, ки ба ман фурсати муаррифӣ надодед”.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ФОТИМА – ЗЕБОСАНАМИ КОИНОТ
21-уми ноябр шаҳри Нонтхабури Тайланд мизбони 74-умин Озмуни байналмилалии зебоӣ – “Зебосанами Коинот” (“Miss Universe”) гардид. Имсол дар ин чорабинӣ беш аз 100 бонуи ҳунарманду зебо иштирок намуда, маҳорат ва фарҳанги миллии худро муаррифӣ намуданд. Тоҷ насиби намояндаи Мексика Фотима Бош гардид. Ӯ бо ҳунари суханварӣ, ҳузури пурэътимоди саҳнавӣ ва зебоии беназири худ ин унвонро соҳиб гардид.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ АҲОЛИИ ЗАМИН
Аҳолии Замин тақрибан 8,25 миллиард нафар аст. 11% дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, 5% дар Амрикои Шимолӣ , 9% дар Амрикои Ҷанубӣ, 15% дар Африқо, 60% дар Осиё. Аз он 49% дар деҳот ва 51% дар шаҳр иқомат доранд. 12% аҳолӣ бо забони чинӣ, 5% - испанӣ, 5% - англисӣ, 3% - арабӣ, 3% - ҳиндӣ, 3% - банголӣ, 3% - португалӣ, 2% - русӣ, 2% - ҷопонӣ, 62% бо забони миллии худ ҳарф мезананд. 77% аҳолӣ хона дорад, 23% дигар бе ҷойи зист аст.
Таҳияи З.РАҶАБ