Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитиро, ки 14 декабри соли 2022 ба имзо расида буд, пазируфтанд. Ин ҳуҷҷат барои рушди тиҷорат, ҳамлу нақли байналмилалии бор бо истифода аз намудҳои гуногуни нақлиёт, зиёд кардани гардиши молу маҳсулот миёни давлатҳо замина фароҳам меорад.
– Имрӯзҳо масъалаи зиёд намудани ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитии кишвар, ташкили ҳамлу нақли мултимодалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ва соҳа ба ҳисоб меравад, ки Созишномаи мазкур барои татбиқи амалии ҳадафҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард, – гуфт Фаррух Неъматзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни баррасии Созишнома. – Тасдиқи Созишнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти иловагиро барои баромад ба бандарҳои баҳрии “Карочӣ” ва “Гвадар”-и Ҷумҳурии Исломии Покистон таъмин намуда, бо истифода аз ҳамлу нақли мултимодалӣ пайвастшавӣ ба долони иқтисодии Чину Покистон, ки имкониятҳои хуб барои рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли борро дар ду кишвар фароҳам хоҳад овард, мусоидат менамояд.
Масофаи хатсайри автомобилии байни Душанбе – Кобул – Исломобод 1044 километрро ташкил медиҳад, ки он мусоид барои барамодан ба бандарҳои баҳрӣ маҳсуб меёбад. Барои муқоиса аз шаҳри Душанбе то сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин, яъне гузаргоҳи Кулма масофа 1008 километр мебошад.
Ба гуфтаи муовини вазир, бо мақсади истифодабарии иқтидорҳои тиҷоратӣ ва баланд бардоштани гардиши мол байни Тоҷикистон ва Покистон, инчунин, фароҳам овардани шароитҳои мусоид, аз ҷумла роҳандозӣ намудани интиқоли мултимодалӣ, тасдиқи Созишномаи тиҷорати транзитӣ бо Покистон мувофиқи мақсад мебошад. Инчунин, Ҷумҳурии Исломии Покистон чунин Созишномаро бо якчанд кишварҳо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ, ба имзо расондааст.
Бояд гуфт, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба тиҷорати транзитӣ ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли бор равона гардида, аз тарафи дигар барои амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат созгор мебошад.
– Бо назардошти муқаррароти Созишнома тарафҳои аҳдкунанда саъй менамоянд, ки ҳамлу нақли моли зудвайроншавандаро суръат бахшанду расмиёти убури сарҳадро осон намоянд, – иброз дошт Мунаввар Абдусаломзода, вакили парлумон.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”