Баргашт Чоп кардан

СОЛИ 2026 СОЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ЭЪЛОН ШУД

СОЛИ 2026 СОЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ЭЪЛОН ШУД

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳаввули дигаре дар фарҳангу тамаддун буд. Дар бастагӣ ба маҷмуи дастовардҳое, ки зимни ироаи Паём садо доданд, таваҷҷуҳи хонандаи гиромиро ба муҳимтарин дастовардҳои фарҳангии кишварамон дар соли 2025, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, ҷалб менамоем:

ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

12-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи умумии СММ дар доираи Иҷлоси 80-уми худ қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Дар ҳамин моҳи соли равон номинаи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ки ин қарор дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони омўзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон қабул шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, бахши “Фарҳанги суманакпазӣ” аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон дар мавриди корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии ин Созмон пешниҳод шуда буд.

МЕҲРГОН ВА РУБОБ ДАР ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО

Бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷашни суннатии мо – Меҳргонро мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шинохтанд.

4-уми декабри соли 2025 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд.

Инчунин, номинаи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, Эрон ва Ўзбекистон “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” расман ба Феҳристи мазкур шомил гардид.

“БАҲОРИ ДЎСТӢ”. БОРИ АВВАЛ БО ФАРҲАНГИЁНИ СЕ КИШВАР

Бори нахуст шаҳри Хуҷанд мизбони баргузории Ҷашни байналмилалии Наврўз таҳти унвони “Баҳори дўстӣ” гардид. Дар он сарварони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок ва суханронӣ доштанд. Дар барномаи театрикунонидашуда бахшида ба ин Ҷашни байналмилалӣ ҳунарпешагони номвари се кишвар ба ҳам омада, барномаи бисёр зебову таърихиро пешниҳод намуданд. Бори дигар исбот шуд, ки фарҳанг дар пойдории сулҳи байни миллатҳо нақши калидӣ дорад.

Дар он бори нахуст аз тарафи сарварони се давлат Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи дўстии абадӣ ба имзо расиданд. Дар доираи “Баҳори дўстӣ” Форуми байналмилалии «Иди занони ваҳдатсаро» баргузор шуда, бонувони саршиноси Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистонро ба ҳам овард.

«ХУТАЛИ ҚАДИМ» ДАР ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ арзишҳои фарҳангии тоҷикон ба ҷомеа ба таври шоиста муаррифӣ мешаванд.

12-уми июли соли 2025 дар ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО парвандаи «Хутали Қадим» расман тасдиқ шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО (Tentative List) ворид гашт.

Парвандаи «Хутали Қадим» фарогири 11 ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносии вилояти Хатлон мебошад. Аз ҷумла: Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа,

Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа.

Ёдовар мешавем, ки корҳо дар самти таҳияи парвандаи “Хутали Қадим” бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 оғоз шуда, гурўҳи кории Вазорати фарҳанг аз 200 ёдгории Хатлон 11 ёдгориро интихоб намуда, парвандаи номинатсиониро таҳия карданд.

“НАВРЎЗ” ТЕАТРҲОИ 7 КИШВАРРО БА ҲАМ ОВАРД

Бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ табодули таҷриба ва дар ин замина такмили маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди санъати театрӣ, аз 1 то 7-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврўз” баргузор гардид. Он бо иштироки ҳайатҳои театрии кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон, Ўзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон гузашт.

Театрҳои иштирокдор намоишҳои худро дар толорҳои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣдрамавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов манзури ҳаводорон намуданд.

ЗЕҲНИ СУНЪӢ. СУХАН АЗ ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН

Қабул гардидани қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид кишвари моро бори дигар дар сархати расонаҳои олам қарор дод.

25-уми июли соли 2025 Маҷмаи умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро пазируфт.

Шоёни зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

1 МИЛЛИОНУ 700 ҲАЗОР НУСХА “ШОҲНОМА” БА МАРДУМ

Пешвои маърифатпарвари миллат бо иқдоми наҷибу камназири хеш ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ шоҳасари мондагори таърихи ориёиён – “Шоҳнома”-ро расонда истодаанд. Ҳадафи аслӣ бино бар таъкиди Сарвари давлат, “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад”.

Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандўстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расид.

Ҳамзамон, чанде пеш амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки мувофиқи он дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор карда мешавад. Барои ин Озмуни таърихӣ, ки, аллакай, аз тарафи порсизабонони дунё ҳам истиқбол мешавад, аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”