СММ БОЗ ЯК ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОНРО ПАЗИРУФТ
ё «Маърифати ҳуқуқӣ» аз доираи миллӣ ба сатҳи байналмилалӣ рафт

12-уми декабри соли 2025 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Иҷлосияи 80-уми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд, ки боз як эътирофи сатҳи ҷаҳонӣ ва қадами навбатии кишвари соҳибистиқлоли мо дар тақвияти нуфузи байналмилалӣ мебошад.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин бора иттилоъ медиҳад, санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамояд, ки ин рўйдод қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани огоҳӣ, адолатпешагиву масъулиятпазирӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омўзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрўз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.
Пешбинӣ мешавад, ки ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Гузашта аз ин, он бо уҳдадориҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи ҳуқуқи инсон мувофиқат карда, бори дигар аз омода будани Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои худ дар доираи механизмҳои ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад.
Таъкид мешавад, ки «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» талошҳои ҷаҳониро ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ, аз ҷумла фарогирии фанҳои ҳуқуқӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омўзишгоҳҳои касбӣ, таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ба мақсади он ки занон, кўдакон ва ашхоси осебпазир тавонанд ҳуқуқҳои худро беҳтар дарк ва амалӣ намоянд, дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ, ки ба рушди огоҳии ҳуқуқӣ ва омўзиши ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд, равона месозад. Инчунин, ниҳодҳои СММ, кишварҳои узв, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро барои мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи глобалӣ ба ҳамкории бештар ташвиқ менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид намуда, таҷрибаи муваффақи Тоҷикистонро дар эълони соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эътироф ва онро ҳамчун намунаи боризи миллӣ, ки ба таври назаррас сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолиро баланд бардошта, аҳамияти амалҳои ҳамоҳангшудаи миллиро дар рушду таҳкими таълими ҳуқуқ собит мекунад, тасдиқ менамояд.
Ёдрас мешавем, ки дар асоси пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28уми декабри соли 2023 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардида буд.
Фирўз РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”