Баргашт Чоп кардан

ЛАХШ Барқарорсозии қитъаи зарардидаи шоҳроҳ

ЛАХШ

Барқарорсозии қитъаи зарардидаи шоҳроҳ

Километри 250 ва 255-уми шоҳроҳи Ваҳдат – Нуробод – сарҳади Қирғизистон ҳамасола аз зарби сели дараи Сугат дар ҳудуди ноҳияи Лахш хароб гашта, боиси қатъ шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон мегардид. Хушбахтона, дар партави дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи имсол дар ин ҷо корҳои барқарорсозӣ оғоз ёфтанд.

Барқарорсозии шоҳроҳ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон” дар қитъаҳои Лабиҷар – Қарамиқ сурат мегирад. Аллакай, ин шабу рӯз барои бунёди қитъаи харобгардидаи роҳ соҳили дарёи Сурхоб ҳамвор гардида истодааст. Сохтмончиён бо техникаву таҷҳизоти пуриқтидор маҷрои дарёро ба тарафи муносиб гардонда, майдони асосии бунёди роҳро тозаву ҳамвор доранд.

Ба иттилои Мурод Фармонзода, ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур, барои иҷрои кор байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Сhina Road and Bridge Corporation” 16-уми октябри соли ҷорӣ қарордод ба имзо расидааст.

– Мувофиқи лоиҳа, қитъаҳои зарардидаи шоҳроҳ пурра навсозӣ шуда, сатҳи роҳ баланд бардошта мешавад. Ҳамзамон, корҳои таркондани кӯҳ, соҳилмустаҳкамкунӣ, гузоштани лӯлаҳои обгузар, хобондани қабатҳои роҳ, мумфаршкунӣ, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ ва мустаҳкамсозии нишебҳои роҳ бо сангреза бояд ба иҷро расанд, – гуфт Мурод Фармонзода.

Мавриди зикр аст, ки аз рӯйи мушоҳида ва таҷриба селобаи харобкор дар ин қитъа ҳамасола моҳи июн омада, боиси нобуд шудани қисмати мазкури шоҳроҳ мегардид. Агар мабодо соли оянда омадани чунин сели азим такрор ёбад, ба раванди сохтмони шоҳроҳ халал намерасонад?

Ҳамоҳангсози лоиҳа изҳор дошт, ки ин эҳтимолият ба назар гирифта шудааст. Сатҳи роҳ дар ин қисмат аз 11 то 14 метр баланд бардошта мешавад, ки аз сатҳи омадани сел хеле баланд аст. Агар мабодо чунин селфароӣ сурат бигирад, пудратчиён омодаанд, онро зуд бартараф кунанд. Дар ин кор аз ҳама муҳим корҳои таркишӣ ҳастанд, ки онҳо барои бозсозии роҳ дар ҷойи муносибу бехатар мусоидат менамоянд. Барои ин дар масоҳати 160 ҳазор метри мукааб корҳои таркишӣ гузаронда мешавад.

Тавре ба мо маълумот доданд, татбиқи лоиҳаи барқарорсозии қитъаи роҳ дар ҳудуди ноҳияи Лахш то охири соли 2026 ба маблағи 3 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА дар назар буда, сармоягузори он Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Умедворем, ки иқдоми навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири беҳбуди зиндагии мардум бо сифати баланду сари вақт амалӣ мегардад. Боз як гӯшаи хароб ба ободию зебоӣ табдил ёфта, мардум аз чанголи офати табиӣ раҳо ва масири мушкилгузар роҳатбахш мешавад.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”