Баҳодур ба нимфинали Чемпионати ҷаҳон баромад
Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов (63,5 кг) пас аз мағлуб намудани Хунатип Пуднич (Таиланд) дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон (Тошкент, Ӯзбекистон) ба нимфинал роҳ ёфт.
Баҳодур то рақобати чаҳорякниҳоӣ бар Алекс Исенди (Танзания), Муҳаммад Алкасба (Урдун) ва Нодир Абдулзақ (Марокаш) ғолиб омада буд.
– Дӯстон, сипоси беандоза барои суханҳои табрикотӣ ва дастгириҳоятон! Дар пеш рақобати нимниҳоӣ ва Худо хоҳад финал! Ман он ҷо бо тамоми неру мубориза хоҳам бурд, – ин ҳарфҳоро Баҳодур баъд аз баромадан ба нимфинал барои ҳамватанон ва мухлисоне, ки ӯро дар Чемпионати ҷаҳон дастгирӣ доранд, дар саҳифаи инстаграмми худ навишт.
“ХУҶАНД” (U13) – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ЛОКОБОЛ-2023”
Дастаи футболи наврасони то 13-солаи “Хуҷанд” ғолиби мусобиқаи «Локобол-2023» (Алма-Ато, Қазоқистон) гардид.
Тибқи иттилои бошгоҳи “Хуҷанд”, дар зӯрозмоии ниҳоӣ “уқоб”-ҳо академияи КФ «Кайрат»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.
Футболбозони навраси хуҷандӣ бо як ғалаба, як мусовӣ ва як бохт ба нимфинал роҳ ёфта, дар ин давр дастаи ОШВСМ (Қазоқистон)-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуданд.
ЛИГАИ ОЛӢ. ҒАЛАБАИ “ИСТИҚЛОЛ” ВА МУСОВИИ “РАВШАН”
10 май ду бозии боқимондаи даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ байни тимҳои “Истиқлол” – “Хатлон” ва “Равшан” – “Ҳосилот” баргузор гашт.
Бар пояи маълумоти ЛФТ, “Истиқлол” дар майдонаш ба дарвозаи “Хатлон” панҷ тӯби беҷавоб зад. Тӯбҳоро Эҳсони Панҷшанбе (дақ. 1, 14, 68), Содикҷон Қурбонов (дақ. 35) ва Манучеҳр Ҷалилов (дақ. 70) ба самар расонданд.
Қувваозмоии “Равшан” ва “Ҳосилот” мусовӣ (1:1) хотима ёфт. Голҳоро- Муҳаммадшарифи Саидхӯҷа (“Равшан”, дақ. 18) ва Саидмухтор Азимов (“Ҳосилот”, дақ.90+4) заданд.
Ҳамин тавр, пас аз даври 8-ум “Истиқлол” бо 14 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаҳои “Эсхата” (13 хол) ва “Равшан” (10 хол) дар мақомҳои дуюму сеюм ҷой гирифтаанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш