ҚОБИЛҶОН РАМЗИ БЕДОРИИ АФКОРИ ҶАҲОНӢ АЛАЙҲИ ХУШУНАТ
Қатли фоҷиабори навраси тоҷик Қобилҷон Алиеви даҳсола, ки ба қавли муҳаққиқ ва таҳлилгари номошнои тоҷик Ҳафиз Раҳмон «фаротар аз як фоҷиа аст», дар ақсои олам, андешаи зидди хушунат, ифротгароӣ, нажодпарастиву миллатгароиро такони тоза дод. Дар иртибот ба вокуниши бесобиқаи ҷомеаи ҷаҳон ба ин ҳодиса, шояд ин амалкард, пеш аз ҳама, омилони ҷиноятпешаи миллатгароро ҳайратзада кард, зеро ин талафот, ки ба миллати хайрхоҳи тоҷик ҷонсӯзу гарон афтод, алайҳи хушунату бадбинӣ дар афкори башарӣ таҳаввулоти чашмгире барпо кард.
Ҳамон тавре, дар шумораҳои гузаштаи рӯзнома хабар дода будем, қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Алиев, хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи Успенскийи шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинсовои вилояти Маскав, ки 16-уми декабри соли 2025 дар пайи ангезаи нафрати миллӣ рух дод, мавриди маҳкумиятҳои зиёди дохилу хориҷ гардид. Аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвари мо дар робита ба ин амали ҷинояткорона вокуниши фавриву сареъ нишон дода, онро маҳкум карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия низ, дар навбати худ, бо таассуф аз зуҳури фоҷиа ва изҳори ҳамдардӣ итимонон дод, ки «ҷониби Русия барои тафтишоти беғаразона ва холисонаи ин ҳодиса ҳама корро анҷом хоҳад дод”.
Дар баробари вокунишу баёнияҳои расмӣ қатли бераҳмонаи ноболиғи даҳсолаи тоҷик мавриди маҳкумиятҳои зиёд аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ, расонаҳои бонуфузи олам гардида, хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳонро ба бор овард. Аз ҷумла, Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев, ба пайвандони ӯ изҳори ҳамдардии амиқ баён карда, изҳор дошт: «Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, дар муҳити амн, бо эҳтиром ва ғамхорӣ ба воя расад. Зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой қобили қабул нест».
Воқеан, қатли навраси тоҷик дар сархати хабарҳои ВАО-и Осиёи Марказӣ, Қафқоз, кишварҳои арабӣ, Аврупову Амрико қарор гирифта, ҷаҳонро дар баробари бадбинии қавмӣ такон дод. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои ҳамзабону ҳамсояи мо худро ғамшарики ин мусибат донистанд. Дар шаҳрҳои Остонаи Қазоқистон ва Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нишони ҳамдилии меҳмонону сокинони ин шаҳрҳо ба мардуми бошарафи тоҷик бештар ба назар мерасид. Мардуми бедордилу шавқатпеша дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар Қазоқистону Қирғизистон ба хотири куштори ваҳшиёнаи Қобилҷон ҳамчун рамзи ҳамдардӣ гулу бозичаҳо гузоштанд. Гулгузорӣ ба хотири ноболиғи шаҳид дар назди бинои мактаби миёнаи Успенскийи шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинсовои вилояти Маскав аз сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ чашми ҷаҳонро бедор кард.
Зимнан, сокинони бедордилу ба мо дӯсти шаҳри Остона изҳори ҳамдардии худро нисбат ба ин фоҷиа бо навиштаҷоти вижа дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон насб кардаанд. Аз ҷумла, дар як навиштаҷот чунин сабт шудааст:
«Қазоқистон аз марги Қобилҷон Алиеви фаришта мотам мегирад. Дарди талафоти ӯ тамоми кишварро фаро гирифтааст. Симои покӣ, меҳрубонӣ ва бегуноҳияш дар дилҳои мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд».
Дар ин робита, вокуниши вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Одам Делимхонов, ки қатли Қобилҷон Алиевро «таъсири идеологияи заҳрогини бегонаситезӣ» арзёбӣ кард, қобили таваҷҷуҳ ва пӯшиши зиёд аз ҷониби расонаҳо гардид. Ин вакил қотили навраси тоҷикро «фашисти ҳақиқӣ» хонда, дар баёнияе изҳор дошт: «Касе, ки ин ҷинояти ҳавлнокро кард, зери идеологияи заҳрогини миллатпарастӣ амал намудааст. Дар тули чанд соли гузашта гурӯҳҳои гуногуни миллатгаро, бо нафратпарокании ошкоро ба миллатҳои дигар ҷомеаро заҳролуд мекунанд. Ин торикандешон байни мардум нафрат бармеангезанд».
Мавҷи маҳкумиятҳо дар миёни фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, шоирону нависандагон, таҳлилгарону рӯзноманигорони тоҷик низ бесобиқа буд. Агарчи, дар робита ба қатли пуровоза андешаҳои эҳсосӣ ҳам ҷой доранд, вале шеъру марсияҳои шоирони саршиноси тоҷик, изҳори назари донишмандону таҳлилгарон дар пайванд ба ин ҳодисаи ҷонгудоз нишони ҳамдилӣ ё як ҳаракати беосеби миллати тоҷик ба самти арзишҳои башардӯстонаро бозгӯ кард.
Ба андешаи рӯзноманигор Иброҳими Неъмат: «Қатли кӯдак новобаста аз миллат, нажод ё дин хатти сурх аст. Ин гуна ҷиноятҳо бояд бо сахтгирии қонун, мавқеи равшани давлат ва маҳкумияти қатъии ҷомеа рӯ ба рӯ шаванд. Агар имрӯз ба нафрати миллӣ бо бепарвоӣ нигарем, фардо он метавонад ба фоҷиаҳои бузургтар табдил ёбад. Ин ҳодиса як ҳушдор аст: ҳушдор барои мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини солимфикр. Танҳо бо адолат, таҳқиқи шаффоф ва муборизаи воқеӣ алайҳи ифротгароии миллатгароёна метавон аз такрори чунин фоҷиаҳо пешгирӣ кард».
Оре, манзараи куштори бераҳмонаи Қобилҷон қалби дунёро ба дард овард, ба эҳсоси мардуми солимфикру гуманизмпеша нохун зад. Аҳмад Ризо Арефии афғонистонӣ, корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ин ҳодиса ба дард менигарад. Ӯ дар наворе тавассути саҳфааш дар канали “Ютуб” чунин изҳор медорад: “Қобилҷон кӯдаки 10-солаи тоҷик дар дохили мактабаш, ҷойе, ки бояд амнтарин нуқтаи зиндагияш мебуд, ба дасти як террорист бо зарби корд кушта шуд. Қобилҷон на дар даргирии мустақим қарор дошт, на дар майдони ҷанг буд, на бар дӯшаш ҷурме буд, балки бо китобу қалам ба мактаб рафт. Ин ҳодиса на танҳо шикасти эътибори мактабу мадраса, балки ҳурмати инсоният буд”.
– Ҳодиса мавҷи ҳамдардӣ ва дар як вақт хашми сокинони сайёраро ба вуҷуд овард. Ин ҷиноят, нажодпарастона ва аз нафрати қавмӣ бармеояд, зеро ҳамлагар аз талабагон дар бораи миллати онҳо пурсид. Далел, ӯ обуначии каналҳои неонатсистӣ будааст, либосаш бо навиштаҷоти "ҳаёт муҳим нест" ва кулоҳ бо шиорҳои нажодпарастонаро дар сар дошт, – навиштааст Ҳусейн Яздӣ, сокини эронитабори Амрико дар саҳифаи «Х» (Твитер)-и худ.
Маҷмуи назару андешаҳо дар иртибот ба қатли ноболиғи тоҷик баёнгари он аст, ки, воқеан, ин фоҷиа ҳеҷ як табақаро бетараф нагузошт. Дар ин миён вокуниши чемпиони ҷаҳон, барҷастатарин чеҳраи муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагамедов ҳам қобили мулоҳиза аст. Варзишкори номвар дар саҳифаи Инстаграмаш суолеро матраҳ кард, ки ба ангезаҳои ин ҷинояти сангин ишора мекунад: “Ин ки ман ба ибодат машғул мешавам дар расонаву шабакаҳои иҷтимоии русӣ ба таҳқирам мепардозанд, аммо оид ба ҳамлаи ваҳшиёна дар мактаб ва куштори кӯдаки бегуноҳ таваҷҷуҳи лозим накарданд”.
Ба ин монанд, даҳҳо чеҳраҳои саршиноси олам аз риштаҳои гуногун ба мавҷи маҳкумиятҳо ҳамроҳ шуда, дар ин авохир ду варзишкори дигар Дилшод Норқузиеви тоҷикистонӣ ва Шодрӯз Давлатови ӯзбекистонӣ ғалабаи худро ба поси хотираи Қобилҷон Алиеви шаҳид бахшиданд.
Дареғу дард, ки Қобилҷон Алиев бо орзуву ормонҳои норасида ва ҳифзи ҷони дигар шарикдарсонаш аз ҷаҳон рафт, вале дар ҳаёти башарӣ саҳифаи наверо рақам зад. Саҳифае, ки дар он инсон, қадру номус ва арзиши ҳаёти ӯ новобаста аз нажоду миллият бо ранги дигар навишта хоҳад шуд.
РS: Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷумҳурият” қатли фоҷиавии Қобилҷон Алиев, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳкум карда, бо андуҳи амиқ ба пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ ва таслият баён мекунанд.