Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Ҷопон
20-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи вохӯрданд.
Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонум Санаэ Такаичи барои пазироии самимӣ ва дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ, рушди муколамаи байнипарлумонӣ ва фаъолияти муассири Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон аз мавзуоти муҳими мулоқот буд.
Оид ба ҷалби сармояву технологияҳо ва қарзҳои имтиёзноки Ҷопон, иштироки ширкатҳои пешрафтаи ҷопонӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаҳои электроника, нақлиёти автомобилӣ, дорусозӣ, коркарди маъдан ва кишоварзӣ табодули андеша сурат гирифт. Пешниҳод гардид, ки Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои се соли оянда (2026 – 2028) қабул шавад.
Ба ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди рақамӣ” ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҷалби ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди пахта, пилла, сабзавоту меваҷот ва рустаниҳои шифобахш зарур шумурда шуд.
Мусоҳибон соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ, бахшҳои фарҳангию башарӣ, бахусус маорифро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ хонданд.
Барои зиёд кардани ҳиссаи бурсияҳо оид ба омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои тиб, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи муҳити зист изҳори ҳавасмандӣ шуд.
Ҳамкории фаъоли Тоҷикистону Ҷопон дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар доираи онҳо, таъкид гашт.
Гуфта шуд, ки мо кишварҳои Осиёи Шарқиро ба ҳайси шарикони муҳим дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла таѓйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва мубориза бо бемориҳо, мешиносем.
Дар фароварди суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷопон даъват карданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.