Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН

МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН

 

19-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол (РОТОБО) Масами Ииҷима вохӯрданд.

Дар вохӯрӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдоро василаи муҳими густариши робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими алоқаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо номиданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои нодир, мавқеи географии муносиб ва иқтидори зиёди инсонӣ мебошад. Дар зимн, гуфта шуд, ки ин имкониятҳо кишвари моро ба макони ояндадори ташаккули занҷираҳои логистикӣ ва истеҳсолӣ табдил медиҳанд.

Ба истифодаи имкониятҳои роҳандозии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавсеаи саноати нассоҷӣ, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва дорусозӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Аз Ассотсиатсия даъват шуд, ки дар сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, офтобиву бодӣ ва муосиргардонии иншооти мавҷудаи энергетикӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак иштирок намоянд.

Парвариши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваҷот, ангур, лӯбиёиҳо ва рустаниҳои шифобахш, самтҳои қобили таваҷҷуҳ дониста шуд.

Ҳамчунин, шароити мусоиди таъсиси корхонаҳои саноатӣ, истифодаи ашёи хоми минералӣ ва захираҳои энергетикӣ муаррифӣ гашт.