МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН
19-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон – Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя вохӯрданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Гурӯҳи байнипарлумониро дар таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ карданд.
Ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, илм ва маориф, нақлиёт, кишоварзӣ ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси технопаркҳо, дастгирии бизнес-инкубаторҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи IT таваҷҷуҳ намуданд.
Соҳаи гуманитарӣ бахши муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуд.
Масъалаҳои рушди табодули фарҳангӣ ва афзоиши квотаҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон, инчунин, тавсеаи давраҳои омӯзишӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.