Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН

МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН

  

19-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот карданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дипломатияи парлумонӣ василаи муассири таҳкими минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ номида шуд. Ҷонибҳо пешбурди робитаҳои фаъоли Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопонро зарур шумурданд.

Ҳамчунин, оид ба дигар ҷанбаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон, самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, бахшҳои инфрасохтор, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ табодули андеша сурат гирифт.

Ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани “технологияҳои сабз”, рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷалби сармоя ба бахши сайёҳӣ, рушди ҳамкорӣ бо Ҷопон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангиву башарӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.