МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН
19-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо муовини раиси Ҳизби либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон Таро Асо мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва нақши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон дар рушду густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон матраҳ гардиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Таро Асоро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон назаррас номиданд.
Саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, таҳкими иқтидорҳои энергетикӣ ва омодасозии кадрҳо баланд арзёбӣ шуд.
Дар мулоқот оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
www.president.tj