Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
22-юми декабр, дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарварони давлатҳои ИДМ, мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар он ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Зарурати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ зикр гардид.
Сарварони давлатҳо куштори бераҳмонаи шаҳрванди 10-солаи Тоҷикистон Қобилҷон Алиевро шадидан маҳкум карда, зарурати тафтишоти беғаразонаи ин ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид сохтанд.
Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздикону пайвандони Қобилҷон Алиеви фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, таъкид дошт, ки чунин амалкардҳои террористӣ, бахусус нисбат ба кӯдакон, аз доираи фаҳмиши инсонӣ берун аст.
Сарварони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба мақомоти дахлдори ҳар ду ҷониб дастур диҳанд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо чунин амалҳои зӯроваронаро тақвият диҳанд ва дар ин самт тадбирҳои фаврӣ биандешанд.