Баргашт Чоп кардан

Вохӯрии ғайрирасмии сарварони давлатҳои ИДМ

Вохӯрии ғайрирасмии сарварони давлатҳои ИДМ

22-юми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии ғайрирасмии сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари кишвари мизбон ва дигар сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.

Роҳбарони кишварҳои иштирокдори ИДМ маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башариро баррасӣ намуданд.

Ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ҳамчун самти афзалиятнок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.

Раёсати босамари Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли равон таъкид гардид.