Баргашт Чоп кардан

ПАЁМ САҲИФАИ НАВИ РУШДИ АРЗИШҲОИ ҲУҚУҚӢ, ИҚТИСОДӢ ВА АЪРИФАТӢ Густариши арзишҳои ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузорӣ дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМ

САҲИФАИ НАВИ РУШДИ АРЗИШҲОИ ҲУҚУҚӢ, ИҚТИСОДӢ ВА МАЪРИФАТӢ

Густариши арзишҳои ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузорӣ дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, махсусан бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳои минбаъдаи он, падидаи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ рӯйи кор омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақоми олии қонунгузор 27 маротиба Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро ироа намуданд.

Дар қисмати муқаддимавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16-уми декабр барои мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик ҳамчун соли бобарор ва таърихӣ арзёбӣ шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишвар рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ пайвастанд.

Яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва бунёдиро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои мухталифи сиёсати ҳуқуқии кишвар ва густариши арзишҳои ҳуқуқӣ фаро гирифта, заминаи онро таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди низоми ҳуқуқӣ нигарондашуда, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила, таҳкими фаъолият бо мақсади рушди низоми қонунгузории Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Арзишҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон ҳарчанд дар заминаи сабаб ва омилҳои гуногун густариш меёбанд, вале яке аз воситаҳои муҳим дар такмили онҳо маҳз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар самти ислоҳоти низоми қонунгузорӣ, аз ҷумла дар самти қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳо, такмили фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, таҳкими фаъолияти мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, беҳтар намудани сифати қонунҳо ва воқеигардонӣ ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва бо ин васила, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои милливу байналмилалӣ, мусоидат менамояд.

Бояд зикр намуд, ки меҳвари арзишҳои ҳуқуқии Тоҷикистонро арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт, ташкил медиҳанд.

Метавон иброз намуд, ки бахшҳои меҳвариву бунёдӣ ва асосии Паёми навбатии Пешвои миллат дар самти густариши арзишҳои ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузорӣ фарогири чунин масъалаҳо мебошанд:

1. Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2027. Боиси фараҳмандист, ки 12-уми декабри соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи иҷлосияи 80-уми худ қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Қобили тазаккур аст, ки бо дарназардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад ва соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳамияти ҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд.

Аҳамияти эълон гардидани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки талошҳои ҷаҳониро ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ, аз ҷумла фарогирии фанҳои ҳуқуқӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ; таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ба мақсади он ки занон, кӯдакон ва ашхоси осебпазир тавонанд ҳуқуқҳои худро беҳтар дарк ва амалӣ намоянд; дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ, ки ба рушди огоҳии ҳуқуқӣ ва омӯзиши ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд; ташвиқи ҳамкории ниҳодҳои СММ, кишварҳои узв, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ, равона намояд.

Пазируфтани қатъномаи мазкур ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон ва иқдомҳои оқилонаву дурандешонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус дар риояи ҳуқуқи инсон, густариши арзишҳои ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун дар сатҳи милливу байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

2. «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният). Аз муҳимтарин масъалае, ки пайваста дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, ин эҳёи арзишҳои миллии ҳуқуқӣ ва муайян кардани ҷойгоҳи миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик дар ҳошияи таърихи аҳли башар дар самти эҷоди ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор меравад. Дар ин самт Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир нақши асосӣ дошта, яке аз санадҳои қадимтарин, бунёдӣ ва консептуалӣ, сарчашмаи нодири ҳуқуқӣ-таърихии миллати тоҷик оид ба рушди давлатдорӣ арзёбӣ мегардад. Дар он кӯшиши таҳияи модели давлатдорӣ дар асоси арзишҳои маънавие, ки аз ҷониби ниёгони мо давоми таърихи чандинҳазорсола гузошта шудаанд, дарҷ ёфтааст.

Бо дарназардошти моҳияти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём аз 28-уми декабри соли 2024 ба мақомоти ваколатдор дастур доданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводҳои заруриро омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Боиси фараҳмандист, ки 6-уми ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юм қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) қабул гардида, аҳамияти таърихӣ ва маънавии онро ҳамчун аз аввалин ҳуҷҷатҳои инсонпарварона, ки арзишҳои озодии виҷдон, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон, гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро эътироф намудааст, таъкид мекунад.

Аз ин рӯ, зимни ироаи Паём аз 16-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи мазкурро мояи ифтихору сарбаландии миллати ориёӣ баршумурданд. Ҳарчанд доир ба арзишмандии ин ҳуҷҷати муҳими таърихиву ҳуқуқӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» таъкид намуда буданд: «Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯйи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути равшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард».

Дар пайвандӣ ба аҳамияти бузурги ҳамин сарчашмаи нодири таърихӣ-ҳуқуқӣ дар мамлакат аз ҷониби сохтору муассисаҳои дахлдори давлатӣ ҳамоишҳои илмию маърифатӣ доир мешаванд.

3. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ». Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистонро дар шароити кунунӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин намудани аҳолӣ ташкил медиҳад. Роҳбари давлат бо дарназардошти нақши бағоят бузург ва муҳими соҳаи кишоварзӣ дар таъмини некуаҳволии мардум, рӯзгори пурнишот ва ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ дар вазъи пуртазод ва мушкилоти ҷаҳони имрӯза, хусусан тағйирёбии иқлим, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, ба масъулон баҳри самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин, беҳтар гардондани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа, пайваста супоришҳои мушаххас медиҳанд. Дар ин замина, доир ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ дар сиёсати аграрӣ Президенти мамлакат махсус ишора намуда, таҳия ва пешниҳоди қонуни алоҳидаро дар ин самт ба ниҳодҳои марбута дастур доданд.

Воқеан, таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ дар ин соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҷодаи расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин намудани аҳолӣ, бевосита мусоидат менамоянд. Таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон – асоси бехатарии иқтисодӣ, омили бақои давлатдорӣ ва истиқлол, низоми мунтазами таъминоти аҳолӣ бо хӯрокворӣ ва сиёсати солими демографӣ, тандурустӣ, таъмини фаъолнокии ҷисмонӣ, муҷиби дарозумрӣ ва зиндагии арзандаи аҳолӣ мебошад.

Аҳамияти масъала, пеш аз ҳама, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи самараноки заминҳои корами хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ (фермерӣ) ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ зоҳир мешавад. Бо танзими ҳуқуқии сиёсати аграрӣ метавон ба таҳкими муносибатҳо дар ин соҳа такони наву устувор бахшид.

4. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ». Арзишҳои таърихиву фарҳангӣ таҷассумгари осори ғановатманди миллат ба ҳисоб рафта, дар шароити раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди манфиатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ муаррифгари тафаккури неруманди ниёгон дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мешавад. Ҳунару санъат халқи тоҷикро дар миқёси ҷаҳон ҳамчун мардуми куҳанбунёд ва соҳибтамаддун муаррифӣ кардааст. Шаҳодати асосҳои мазкур эътироф ва ворид гардидани шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву ҳунарии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба шумор меравад.

Дар ин раванд, дар пасманзари аҳамият ва густариши осори таърихиву фарҳангӣ танзими ҳуқуқии масъалаҳои вобаста ба ҷойгоҳи бостоншиносӣ дар шароити комилан нав муҳим ва аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. Зимни ироаи Паём ишора шуд, ки бо вуҷуди зиёда аз 70 фоизи мероси таърихиро ташкил додани ёдгориҳои бостонӣ, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест. Бо инобати ҳолати мазкур, ба масъулони соҳа ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар муҳлати кӯтоҳтарин ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани он дастур дода шуд.

Ин раванд имконият фароҳам меорад, ки муносибатҳо дар ин соҳа ба таври комплексӣ мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода шуда, доираи салоҳияту ваколати сохторҳои марбута, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин ҷода, механизмҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дастгириҳои давлатӣ дар ин самт, муайян ва муқаррар шаванд.

Масъалаҳои маориф ва илм дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дониш дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва инкишофу такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ, дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат маориф аз соҳаҳои калидиву афзалиятнок, рукнҳои муҳими давлатдориву манбаи асосии ташаккули зеҳнии захираҳои инсонӣ ва мояи пешрафту муваффақият ва ояндаи дурахшони мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, сол ба сол қонунгузории соҳа тасҳеҳ ва пайваста такмил ёфта, таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ сурат гирифта, амалӣ мешаванд. Айни ҳол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2020, №526, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ ва татбиқ гардида истодааст.

Рушду такомули соҳаи маориф ва дастовардҳои он нахуст ба сатҳи маблағгузорӣ вобастагӣ дорад. Бо ин назардошт, зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷу ним баробар зиёд мебошад».

Маҳз чунин иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлат боис мегардад, ки дар мамлакат муассисаҳои нави ба шароити муосир ҷавобгӯй ба истифода дода шуда, кормандони соҳаи маориф ва илм аз онҳо баҳраманд гардида, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат бо дасту дилу нияти пок ҷиҳати амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар ин раванд, масъалаи дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Аз ҷумла, таҳлили паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он мебошанд, ки сол ба сол музди кормандони соҳаи илму маориф баланд гардида, шаҳодати равшани ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи дастгириҳои иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм, Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва илм, дар хусуси зиёд кардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 25 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф 20 фоиз аз 1-уми сентябри соли 2026 мужда доданд. Мо – кормандони соҳаи маориф ва илм, иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт ҳамаҷониба пазироӣ намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар амал пиёда намудани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат тамоми кӯшишу ғайрати худро равона месозем.

Зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, «иқтисоди сабз» ва инноватсия дар меҳвари Паёми Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаҳои зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, «иқтисоди сабз» ва инноватсия дар шароити рушди бемайлони муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангию илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мубрамияти ба худ хосро касб намуда истодаанд. Падидаҳои мазкур дар кишварҳои пешрафтаи дунё, махсусан дар самти идоракунии давлатӣ, рушди иқтисодиёт, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ва дигар паҳлуҳои алоқаманди давлатдорӣ, нақши созанда дорад.

Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавони рӯ ба инкишоф технологияи зеҳни сунъӣ , иқтисоди рақамӣ, «иқтисоди сабз» ва инноватсия бо назардошти аҳамияти хосаи худ ниҳоят мубрам ба шумор мераванд. Падидаҳои мазкур мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар суханрониҳои худ, махсусан зимни ироаи Паём, Сарвари давлат аз нақши рӯзафзуни онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ёдоварӣ намуда, барои татбиқи босамари онҳо дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иброз доштанд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Воқеан, барои истифодаи саривақтии технологияи муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, нақлиёт, энергетика, маориф, саноат ва робитаҳои байналмилалӣ амалигардонии ин технологияҳо бармало дида мешавад.

Бо дарназардошти он ки, падидаи зеҳни сунъӣ барои Тоҷикистон равияи нисбатан нав ба шумор меравад, ташаккули заминаи қонунгузории он низ муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зеҳни сунъӣ» аз иқдомоти наҷибу шоиста дар ин самт маҳсуб меёбад, зеро дар шароити рушди фаъолияти инноватсионӣ – технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ шарти асосии рақобатпазирии иқтисодӣ дар назар аст. Бо мақсади таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 31-уми январи соли 2020, №1145, солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуд. Дар партави ин фармон, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бомаром идома дошта, ҳамасола доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали соли 2022, №АП-155, ба ташаккули тафаккури техникӣ мусоидат менамояд. Ин тадбирҳо пойдеворе хоҳанд буд, дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мувофиқ ба ташаббусҳои Пешвои миллат метавон ӯро фарзанди башар унвон дод, зеро ба василаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон бо ташаббусҳои арзандаи худ ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли мушкилоти сайёра шинохта шудааст. Дар партави ин ташаббусҳо, 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Лозим ба зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ аз 23-юми сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) ба истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ изҳор доштанд, ки татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат намояд.

Ҳамзамон, қатъномаи болозикр механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъиро барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ муайян мекунад. Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда мебошад, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабул гардидани қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» нақши муҳими Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид мекунад.

Иқтисоди рақамӣ. Иқтисоди рақамӣ – рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамии компютерӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, таҷҳизот, нигоҳ доштан, фурӯш ва дастрас намудани молу хизматрасониҳо мусоидат мекунад. Амалисозии иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт, омода кардани мутахассисони лаёқатноки соҳаҳои гуногун, ҷалби технологияҳои муосир ва дар маҷмуъ сатҳи зиндагии аҳолии кишвар беҳтар гардад.

Ҷойи таъкид аст, ки, амалисозии Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар се марҳала анҷом дода мешавад ва барои марҳалаи аввал Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2021, №460, қабул гардидааст. Барномаи мазкур самтҳои зерини рақамикунонии иқтисоди миллиро фаро мегирад: рақамикунонии соҳаи макроиқтисод, савдои дохилию хориҷӣ, бахши молиявӣ, соҳаи низоми андозбандӣ, бонкӣ, соҳаи саноат, энергетика, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ, расмиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, моликияти зеҳнӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

Бояд зикр намуд, ки соли ҷорӣ, аллакай, марҳалаи якуми татбиқи нишондоди Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Ҳарчанд натиҷаҳои назаррас дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа намоёнанд, вале ҳадафҳои муҳимтар аз он дар марҳалаҳои дуюм ва сеюми амалишавии Консепсияи мазкур ба нақша гирифта шудааст.

Тоҷикистон аз рӯйи сатҳи ҷорикунии технологияҳои рақамӣ мутобиқи маълумоти «Гузориш дар бораи рушди ҷаҳонӣ 2016: Дивидендҳои рақамӣ» ба кишварҳои дар марҳалаи тавлиди иқтисоди рақамӣ қарор дорад. Ин чунин маъно дорад, ки иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон дар раванди ташаккулёбист.

Соҳаҳои дигари иқтисоди миллӣ, ки рақамикунонӣ ба он дохил мегардад, дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, онҳо мумкин аст, дар Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои оянда мушаххастар ифода ёбад. Яъне, Консепсия вобаста ба хусусияти афзалиятҳо, вазифаҳо ва самтҳои рушди системаи иқтисоди рақамии дар он пешбинишуда, ҳам амалисозии муттасилро, ки барои тамоми давра ҳисоб карда шудааст ва ҳам марҳала ба марҳила, тадбир ва чорабиниҳоро пешбинӣ менамояд.

«Иқтисоди сабз». Ёдовар бояд шуд, ки соли 2008 аз ҷониби СММ Ташаббуси «Иқтисоди сабз» (Green Economy Initiative) эълон шуд, ки мақсади он дар расондани кумак ба ҳукуматҳои кишварҳои гуногун барои дигар кардани самти сиёсати иқтисодии онҳо бо аввалиндараҷа донистани афзалиятнокии технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, хизматрасонӣ дар соҳаи таъминоти об ва нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, зарурати идоракунии партовҳо, бунёди «биноҳои сабз», кишоварзии босубот ва ғайра равона шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масоили мубрами ҷаҳони муосир ва гузариш ба раванди «иқтисоди сабз» таваҷҷуҳи баланд зоҳир намудаанд. Ҳанӯз зимни ироаи Паёми хеш дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 21-уми декабри соли 2021 иброз доштанд: «Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина, рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд».

Шоёни зикр аст, ки Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта ҷонибдори амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» мебошад. Дар ин раванд, таҳияи асосҳои ҳуқуқӣ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, инчунин, қабули стратегия ва барномаҳо дар маҷмуъ, барои амалисозии «иқтисоди сабз» заминаи муносиб фароҳам оварда, рушди кишвар ва нигоҳ доштани мувозинати экологиро таъмин менамояд.

Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2037 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои дар бахшҳои он муайянгардида дар панҷ марҳала татбиқ мегардад: солҳои 2023 – 2025, 2026 – 2028, 2029 – 2031, 2032 – 2034 ва 2035 – 2037. Муваффақияти татбиқи ғояи «иқтисоди сабз» ба мавқеи фаъол ва ҳавасмандии ҳар як шахс вобаста аст. Ин ҳолат таъмини фаврии донишҳои экологӣ ва беҳтар кардани фаъолияти маърифатӣ ва равшанфикриро дар раванди гузариш ба «иқтисоди сабз» муайян мекунад.

«Инноватсия». Ба асри нав инсоният бо дастовардҳои назарраси илмӣ ва технологӣ ворид гардид, ки он мазмуни ҳаётро ба куллӣ тағйир дода истодааст. Истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалӣ омили муҳими рушди устувор дар ҳар як давлат мебошад. Вобаста ба ин, вазифаи муҳим барои Тоҷикистон муайян кардани самт барои табдил додани илми ватанӣ ба омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии кишвар, суръатбахшии неруи иқтисодӣ, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёт ва амнияти миллию давлатӣ тибқи ҳадафҳои стратегии дарозмуддати ҷумҳурӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли қаблӣ бо дарки муҳимияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода, вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардад, ки он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2025, №911, амалӣ гардид.

Дар тавзеҳоти фармони мазкур дарҷ гардидааст, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёфта, санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда мешаванд.

Ҳамин тавр, таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ, «иқтисоди сабз» ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.

Принсипи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар меҳвари Паёми

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз масъалаҳои дигари марказии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил ва натиҷагирии самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ ташкил менамояд. Ба ғайр аз ин, дар Паём рушду инкишоф ва тақвияти сиёсати давлатӣ дар заминаи қабули стратегия, барнома ва ҳуҷҷатҳои дигари банақшагирӣ барои солҳои оянда пешбинӣ мегардад.

Вобаста ба таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ҳуҷҷатҳои зикршуда, дастуру супоришҳои навбатӣ рӯйи кор меоянд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии амалишавии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030-ро таъмин намоянд.

Ба ҳамин тартиб, дар хусуси омӯзиши барномаҳои амалишаванда ва такмили минбаъдаи онҳо низ махсус иброз намудан мумкин аст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.

Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, дастур дода шуд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030 дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ гардад. Дар ин раванд, таъкид шуд, ки ба муомилот баровардани «коғазҳои қиматноки сабз» ва ташкили бозори такрории фаъолу шаффофи онҳо яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт мебошад. Бинобар ин, бояд Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия ва қабул шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро самти афзалиятнок дониста, ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки меъёри ҳуқуқии танзими фаъолият дар соҳаҳои зикршударо таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Дар ин замина, бо дарназардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот, Роҳбари давлат таҳия ва қабули Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030-ро мувофиқи мақсад донистанд.

Бо мақсади истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва коркарди доруворӣ, ҷоннок намудани фаъолияти дорусозӣ дар мамлакат ва дар ин замина, беҳтар кардани вазъи бозори дохилӣ ба маҳсулоти худӣ таҳия ва қабули Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026 – 2030 саривақтӣ шумурданд. Дар сурати қабул гардидани барномаҳои мазкур ва амалӣ гардидани онҳо, дар кишвар вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум боз ҳам устувор гардида, шароити мусоид ва дастрас барои шаҳрвандони мамлакат ба вуҷуд меояд.

Ҳамин тавр, ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати сарбаланди тоҷик ва мардуми шарифи Тоҷикистон воқеаи хурсандибахш маҳсуб меёбад, зеро он фарогири дастоварду комёбиҳои назарраси мамлакат дар соли сипаришуда ва мақсаду ҳадафҳои нави ояндасоз барои солҳои минбаъда мебошад.

Бо натиҷагирӣ, метавон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун саҳифаи тозаи рушд, қадамҳои боэътимод дар бунёди Тоҷикистони навин, гардиши куллӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, равнақи саноат ва кишоварзӣ, санъату ҳунар, марҳалаи муҳим дар шинохти ҳувияту худшиносии миллӣ ва заминаи рушди тафаккури созанда пазируфт.

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин,

ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

узви вобастаи Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон, профессор