35 сол бо “Ҷумҳурият”
Порае аз зиндагиномаи Муҳаммадзоиршо Шарифзода, ки ифтихори матбуоти тоҷик аст
Рафиқи садоқатманд ва ҷавонмарде дорем ба аҳли матбуоти тоҷик шинос. Ӯро ному насаб Муҳаммадзоиршо Шарифзода аст. Оре, шинохтед. Вай пас аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ), соли 1991 ба рӯзномаи «Тоҷикистони шуравӣ» ба кор омад. Журналист, корманди вақти рӯзномаи «Ҷумҳурият» Неъматуллои Дод ӯро пеши хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Хушбахт Ҳайдаршо меоварад. Вай дар байни рӯзноманигорон яке аз чеҳраҳои шинохта буд. Хушбахт баъди суҳбати кӯтоҳе бо Муҳаммадзоиршо дарк намуд, ки ин ҷавони корҷӯй аз зумраи афродест, ки заҳматталабанд ва касро барои миёнаравиаш дар хиҷолат намегузоранд. Бо ҳамин боварӣ Муҳаммадзоиршоро ба назди сармуҳаррир Мазҳабшо Муҳаббатшоев ҳамроҳӣ намуд. Роҳбари рӯзнома пас аз шунидани мақсади онҳо гуфт: «Имрӯз ҳама аз кори газета мегурезанд, ту ихтиёрӣ омадӣ, офарин, лекин корро аз курерӣ, яъне хаткашонӣ ва мусаҳҳеҳӣ оғоз менамоӣ, он тарафаш аз худат вобаста, ба сатҳи хабарнигор мерасӣ ё на».
Ҷавони болобаланди боғурури кӯҳистон, ки аз хидмати дусолаи ҳарбӣ дар Украина обутобёфта омада буд, зуд нозукиҳои лабораторияи эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро омӯхт. Дониши хуб дошт, аз ин рӯ, саҳифахониро низ ба зиммааш гузоштанд. Саҳифаҳои хондааш беғалат нашр мешуданд.
Солҳои 1991-1997 барои рӯзномаи «Ҷумҳурият» сангин омаданд. Сармуҳаррири нашрия Мазҳабшо Муҳаббатшоев рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»-ро ба номи «Тоҷикистони шуравӣ» баргардонд. Баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9-уми сентябри соли 1991, «Тоҷикистони шуравӣ» ба «Ҷумҳурият» табдили ном кард ва аз шумораи 19-уми сентябри соли 1991 «Ҷумҳурият» рӯзномаи ваҳдати миллӣ ва ниёзмандиҳои заҳматкашони Тоҷикистон эълон шуда, аз муассисонаш Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Девони Вазирони Тоҷикистон даст кашид.
Соҳибихтиёрӣ ва бемуассис мондан ба рӯзнома аз ҷиҳати иқтисодӣ касодӣ овард. Барои чоп маблағ намерасид. Махсусан, солҳои 1992-1993 маблағ барои чоп он тараф истад, барои маош нокифоя буд. Газета ҳафтаҳо як маротиба нашр мешуд. Бисёр журналистони фаъол аз рӯзнома рафтанд, вале Муҳаммадзоиршо монд. Ҳамчунин, Мусо Мавлавӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Додоҷон Рӯзиев, Ашӯр Ашӯров, Убайдулло Мурод, Абдулқодири Раҳим, Исо Раҳим, Фаррух Ҳусейн.
Вақте вазъияти рӯзнома хеле ногувор гашт, Ҳукумати Тоҷикистон ба сарвақти нашрия расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ муассис ва пуштибони рӯзнома шуданд. Журналисти шинохта, адиби маъруф Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сармуҳаррир таъин гардид. Албатта, ин ҳолат вазъи молиявии рӯзномаро хеле беҳбудӣ бахшид, аммо худи нашрия ҳам барои ояндааш бояд чорае меандешид.
Сармуҳаррир Ёдгорӣ сари масъалаи обуна ба рӯзнома, ҷалби эълону реклама хеле андешид ва рӯзе Муҳаммадзоиршоро наздаш хонд:
– Аз корҳоят бохабарам, шахси масъулиятшиносӣ. Аз ин рӯ, мехоҳам бароят кори вазнинеро пешниҳод намоям.
Муҳаммадзоиршо гӯш ба қимор суханони роҳбарро бо тамкин мешунид.
– Гап ҳамин, ки мехоҳам дар назди шуъбаи иттилоот басти обуна, реклама ва эълон ташкил диҳам. Ба ҳамин баст мутасаддӣ мешавӣ. Шахсе бояд кори бастро пеш барад, ки фаъол, заҳматпеша, ғаюр, соҳиби иродаи устувор бошад. Дар сурату сирати ту ҳамин хислатҳо ҷой доранд. Ҳозир роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маъракаи обуна ба рӯзномаҳо кам таваҷҷуҳ доранд. Мо бояд онҳоро бо ҳар роҳ ба маъракаи обуна ҷалб созем. Бе обуна, яъне бе хонанда рӯзнома намешавад. Ҳамин вазифаро, бовар дорам, иҷро карда метавонӣ.
Муҳаммадзоиршо ба симои ҷиддии сармуҳаррир як лаҳза чашм дӯхту кӯтоҳ гуфт:
– Мекӯшам, ки ба бовариатон сазовор шавам.
Басти обуна, эълону реклама фаъол шуд. Муҳаммадзоиршо ба ҳамаи вазорату кумитаҳои давлативу наздиҳукуматӣ мактуб бурд. Онҳоро барои ҳамкорӣ хонд. Соли нахуст обуна ба ду ҳазор нусха расид. Соли дигар танҳо заводи алюминийи тоҷик ба ду ҳазор нусха обуна шуд. Рӯзномаҳоро хаткашони «Ҷумҳурият» ба завод мерасонд. Дар замони сармуҳарририи Субҳон Кошонов обуна аз даҳ ҳазор нусха барои як сол зиёдтар шуд, ҳамин тавр сол ба сол теъдоди обуна рӯ ба афзоиш мениҳод ва хизмати қаҳрамони мо барои ноил шудан ба чунин муваффақиятҳо ҷойи таъкиди хос аст.
Агар гӯем, ки ягон ноҳияе намондааст дар кишвар, ки Муҳаммадзоиршо аз он дидан накарда бошад, хато намешавад. Дар фаъолияти 35-солааш ӯ ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистони азизро тай задааст. Ба ин мақолаҳояш аз водиҳои Вахш, Қубодиён, Рашт, Ҳисор ва Ванҷу Дарвоз гувоҳи ҳол мебошанд.
Вақте ки дар бораи фаъолияти журналистии Муҳаммадзоиршо сухан меронем, бояд як чизро низ таъкид созем. Бигӯем, ки ӯ дар хонаи истиқоматиаш як осорхонаи хурди «Ҷумҳурият»-ро ташкил кардааст. Чанд сол пеш ҳамроҳи Шамсиддин Насриддин, собиқадори «Ҷумҳурият», меҳмонаш шудем. Баъди табрик ба балкон баромада, ҳавои тоза гирифтанӣ будем, ки чашмамон ба рафи китобҳо ва бастаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» афтод. Бастаҳо аз сӣ адад зиёд буданд. Ҳайрати моро эҳсос намуда Муҳаммадзоиршо гуфт:
– Аз рӯзе, ки ба кор омадам, ҳар шумораи рӯзномаро баъди мутолаа ҷамъ мекардам ва дар охири сол ба матбаа бурда, муқова мебастам. Рӯзҳои истироҳат саҳифаҳои бастаҳоро варақ мезанам, мехонам, тарҳҳои шумораҳоро ба ҳам муқоиса менамоям. Вақте ки саҳифа мебастам, мекӯшидам, ки тарҳҳои кашидаам ҳамдигарро такрор насозанд. Суратҳоро тавре мегузоштам, ки таваҷҷуҳи хонандаро на ҳамчун як акси одӣ, балки чун асари журналистии комил ба худ кашанд. Як портрети муқаррарӣ нашавад, балки аз он хислати қаҳрамон, эҳсосоти ботинӣ, андешаҳои ӯ вобаста ба зиндагиномааш хонда шаванд. Сурат ҳам бояд ботини асли худро ифшо карда тавонад. Аксҳои манзаравиро, махсусан табиати биҳиштосои Тоҷикистонро бештар дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият» ҷой медодам, ки бинанда ҳаловат барад ва орзуи сайри диёр намояд.
Бастаҳои рӯзномаро варақ мезадем, бо ҳамроҳии «Ҷумҳурият» ба солҳои 1993-1995, 2000-ум ва баъди он руҷуъ менамудем, воқеаҳои зиёд зинда гашта ба забон омаданд, хотираҳоямонро дар бораи ҳамкорон, мақолаҳои онҳо гуфтем, баҳсу мунозираҳои дар ҷаласаҳои ҳарҳафтаинаи эҷодӣ бамиёномадаро ёдовар шудем. Маҳфиле шуд ёдмон. Аз кори Муҳаммадзоиршо хурсанд гаштем. Гуфтем, офаринат бод, зеро на ҳар кас чунин ҳавсала дорад. Ҷамъ овардани бастаҳои рӯзнома ва нигоҳ доштани онҳо пурранҷ аст.
Воқеан, дар идораи мо ба касе пӯшида нест, ки Муҳаммадзоиршо аз ҳама серкортарин ходими рӯзнома аст. Давоми сол ва дар рӯзҳои истироҳат ҳам обуна, эълону реклама қабул мекунад, рӯзҳои шанбе низ дари дафтари кориаш боз аст. Бигзор, ин дари ҷавонмардиву кор ва муҳаббат ҳамеша боз бошад!
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»