Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон
Аз 23-юми декабри соли 2025 то 3-юми январи соли 2026 вакилони Маҷлиси намояндагон ба назди интихобкунандагон ба ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.
Тавре хабарнигори парлумонии «Ҷумҳурият» иттилоъ медиҳад, давоми беш аз даҳ рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон вохӯрда, доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» суҳбат менамоянд.