Вохӯрии котиби Шурои амният бо сафири Русия дар Тоҷикистон
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев вохӯрд.
Зимни мулоқот ҳодисаи куштори шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон Қобилҷон Алиев дар шаҳри Одинсовои вилояти Москваи Русия мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт. Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба, одилона ва шаффофи қазияи мазкурро таъкид кард.