Баргашт Чоп кардан

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, вохӯрии Сарвазири Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф бо вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён баргузор гардид.

Тавре дар Вазорати фарҳанг ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, Сарвазири Покистон оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки «ин иқдом аз сатҳи баланди муносибатҳои Покистон бо Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Нахустин маротиба доир гардидани ин ҳамоиши муҳими фарҳангӣ чун пули иртиботӣ барои тақвияти ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Покистон заминаи устувор мегузорад».