МУАММОИ «РӮЗИ ҒАЛАБА»
1. Чор карат Қаҳрамони ҶБВ, ки аз тарафи Ҳукумати шуравӣ ба ҳуҷҷати таслимшавии Германияи фашистӣ имзо гузошт. 2. Пойтахти давлат дар Аврупо. 3. Қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон Сафар... 4. Қаҳрамони ҶБВ, командири фронти 1-уми Украина Н. Ф... 5. Муродифи вожаи «муҳориба». 6. Асари киношудаи М. Шолохов дар бораи ҶБВ. 7. Шаҳри қаҳрамон. 8. Унвони ҳарбӣ. 9. Ровии машҳури радио дар давраи ҶБВ. 10. Номи авиаполки фаронсавиҳо, ки ҳамроҳи ҷанговарони советӣ зидди фашизми гитлерӣ меҷангиданд. 11. Номи тоҷикписар, Қаҳрамони ҶБВ. 12. Муродифи «пешрафт». 13. Муродифи «ҳамдардӣ». 14. Муродифи «сабр». 15. Муаллифи шиори машҳури даври ҶБВ: «Модар - Ватан даъват мекунад!» 16. Яке аз пойтахтҳои собиқ ИДМ. 17. Шумора. 18. Асари киношудаи Юлиан Семёнов. 19. Қаҳрамони дукаратаи ҶБВ, командири Артиши танксаворон П. С... 20. Асари киношудаи М. Шолохов. 21. Номи тоҷикписар, Қаҳрамони ҶБВ, Азизов. 22. Пойтахти давлат дар Аврупо. 23. Ҷанговарбонуи ҷавон (партизанка) Қаҳрамони ҶБВ М. Б. 24. Ҳайвони хонагӣ (ҷангӣ). 25. Зан – пешоҳанг, Қаҳрамони ҶБВ Зинаида... 26. Оне, ки хидмат мекунад. 27. Миллат. 28. Достони М. Қаноат. 29. Кӯтоҳу... 30. Достони С. Вализода. 31. Истилоҳи фарҳангӣ - театрӣ. 32. Унвони ҳарбӣ. 33. Миллат. 34. Меҳнат, ранҷ. 35. Адиб Убайд... 36. Қалъаи қаҳрамон. 37. Мошин - яроқпартои ҳарбӣ. 38. Лётчикдухтари тоҷик … Муҳаммадҷонова. 39. Унвони ҳарбӣ. 40. Номи киштии машҳури Ӯзбекистон дар давраи ҶБВ. 41. Маршал – Қаҳрамони ҶБВ, дорандаи ордени «Ғалаба» Ф. И... 42. Нангу... 43. Ансамбли фарҳангии ВКД Тоҷикистон. 44. Яке аз пойтахтҳои ҷумҳурии собиқ СССР, ки солҳои ҶБВ аз зулми фашизм озод шудааст. 45. Тамғаи тайёра. 46.Шаҳри қаҳрамон. 47. Суруди дӯстдоштаи ҷанговарон дар солҳои 1941-1945. 48. Пойтахти Туркманистон. 49. Моддаи тарканда. 50. Мошини ҳарбӣ. 51. Яке аз муҳорибаҳои машҳури солҳои ҶБВ. 52. Парандаи рамзи сулҳ. 53. Муродифи «инкишоф». 54. Моҳи сол. 55. Муродифи «дахл». 56 Силоҳ. 57. Достони Мирзо Турсунзода. 58. Шаҳри калонтарин дар Германия. 59. Асари киношудаи А. Фадеев. 60. Жанри адабӣ. 61. Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ. 62. Унвони ҳарбӣ. 63. Яке аз кишварҳои Аврупо, ки солҳои 1941-1945 аз фашизм озод шудааст. 64. Мева. 65. Номи автомат, ки дар ҶБВ васеъ истифода мебурданд. 66. Ҷамъи чанд вилоят. 67. Муродифи «реклама». 68. Достони А. Лоҳутӣ. 69. Қишри Замин. 70. Мукофот дар солҳои ҶБВ. 71. Шаб ба русӣ. 72. … ва рост. 73. Нишонгарбонуи маъруфи (снайперист) Қаҳрамони ҶБВ. 74. Адиби ӯзбек. 75.Аскаре, ки болои Рейхстаг байрақи Ғалабаро барафрохтааст. 76. Тамғаи тайёра.
Таҳияи Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, ноҳияи Ашт
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ПОК САРЗАМИН ШОД БОД...
ОЁ МЕДОНИСТЕД, КИ СУРУДИ МИЛЛИИ ПОКИСТОН БА ЗАБОНИ ТОҶИКИСТ?
Муаллифи матни суруди миллии Покистон Ҳофиз Чаландраҳа, шоиру орифи машҳури ин сарзамин аст, ки соли 1900 таваллуд шуд ва забони тоҷикии порсиро пурра медонист. Вақте шеъри «Қавми тарона»-ро навишт, писанди миллат гардид ва он то ҳанӯз садо медиҳад. Порае аз суруд ин аст:
Пок сарзамин шод бод,
Кишвари ҳасин шод бод!
Ту нишони азми олишон,
Арзи Покистон!
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
АЗ ОДАМИ ХУБТАРИН ДАР РЕКОРДҲОИ ГИННЕСС ТО ИХТИРОИ ФАКС
1. Аҷиб аст, ки факс 20 сол пеш аз ихтирои телефони аввалин, дар соли 1843 ба вуҷуд омад.
2. Дар Мексика ҷойе ҳаст, ки «Минтақаи хомӯшӣ» ном дорад. Дар он ҷо соату радио аз кор мемонад ва қутбнамо ҳангоми ба замин гузоштан, ба чарх задан медарояд.
3. Оё медонед, ки номи ҳамсари сармуҳаррири Китоби рекордҳои Гиннесс барои дуконгардию харҷу сарфи бемаънӣ дар ин китоб сабт шудааст.
4. Дар Китоби рекордҳои Гиннесс одами хубтарин ҳам ба қайд гирифта шудааст. Ҷулиа Мак - Крекир вақте яхмос мехоҳад, бибиаш то «бас» гуфтани кӯдак ба ӯ яхмос медиҳад. Пирзан ба ин қаноат накарда, андаки дигар, духтарҷон мегӯяду боз яхмос мехӯронад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ДИЛБАРДОРӢ
Духтур ба ман гуфт, ки модаратонро ба хона бибаред ва ду-се рӯзи зиндагияшро ғанимат бишумореду бо ӯ бошеду бо хидмати содиқона дуояшро бигиред. Дилам мегирист, вале чашмро намегузоштам бо ашке сирро ошкор бисозад. Аммо аз модар магар ин ҳақиқатро метавонистам, ки пинҳон бидорам?
Аз ваҷоҳатам дарёфт ва изҳор намуд: – Духтур гуфт, ки аз умрам ду-се рӯз мондааст ва ба ин хотир, маро ба хона овардӣ?
– Не, – гуфтам, – модари азиз. Ӯ хост чанд рӯзе ҳавову макони зистатро тағйир бидиҳем. Ин яке аз шартҳои табобаташ будааст.
– Яъне, маро боз ба беморхона мебарӣ?
– Оре, модар, агар инро бихоҳӣ.
Пас аз ин гуфтугӯ назди духтур омадам ва аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳар рӯз ду маротиба ба модарам занг бизанад, ҷӯёи ҳолаш бишавад ва тасаллояш бибахшад. Аз модарам мепурсидам, ки иштиҳои хӯрдани кадом ғизо ва ё меваро дорад. Ӯро ба ҳангоми хӯронидан мегуфтам, ки ин ҳама дардҳои туро шифо мебахшанд.
Чун як рӯз сипарӣ гашт, гуфтам: – Модар, мебинам, ки ранги рӯят тағйир ёфтааст, яъне беҳтар аз дирӯз ҳастӣ. Ҳатман шифо меёбӣ, шифои комил. Мо он гоҳ тӯйи набераҳоятро баргузор мекунем. Ту дар онҳо рақс мекунӣ. Ман охир рақсҳоятро ёд кардаам.
Медидам, ки аз ин дилбардориҳову тасаллоҳоям вазъи тандурустии модар рӯз ба рӯз беҳтар мешавад. Оқибат ӯ аз бистари беморӣ бархост ва бовар ҳосил кард, ки намемирад. Ба беморхона рафтанро дигар нахост. Гуфт, ки хонаам беҳтарин табобатгоҳ аст ва ту бароям беҳтарин духтурӣ.
Ман дар ин ҳол дарёфтам, ки ҳатто чароғи хирасӯзи умедро ҳеҷ гоҳ набояд хомӯш бикунем.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
ДИҚҚАТ: РУБРИКАИ НАВ!
ЗИНДОНҲОИ ТАРБИЯТГАР
Агар дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон шуури ҷамъиятӣ нисбат ба маҳбусон ҷазои сахт тақозо кунад, дар бархе мамолики дигар бар ин назаранд, ки тақвияти тарбияи зеҳниву равонӣ ва таъмини шароити беҳтари зиндониён дар муассисаҳои ислоҳӣ манфиатбор хоҳад буд. Дар ин робита тасмим гирифтем, таваҷҷуҳи хонандагон ва ҳаводорони саҳифаи иттилоотӣ - фароғатии «Шоми шанбе» - ро ба шароити зиндонҳое ҷалб намоем, ки таҷрибаи инсонпарварӣ ва тарбияи ахлоқӣ доранд.
ВЕСТРЕ
Вестре зиндонест, ки соли 1895 дар шаҳри Копенгагени Дания сохта шудааст. Дар он маҳкумшудагоне, ки ҳадди ақал 5 сол ҳукми зиндон гирифтаанд, адои ҷазо мекунанд.
Дар ин муассисаи ислоҳӣ илова ба толори варзиш, китобхона ва бунгоҳи тиббӣ, ҳамчунин, мағозае амал мекунад, ки ғайр аз машрубот дигар ҳамаи маҳсулоти мавриди ниёз мавҷуд аст. Ба маҳбусон дар як рӯз 50 крон (тақрибан 7 евро) кумакпулӣ дода мешавад. Зиндониёне, ки дорои маълумот нестанд, метавонанд дар маҳбасхона таҳсил ва соҳиби маълумоти миёна гарданд. Ҳамаи нозирон, ки аз се як ҳиссаи онро занон ташкил медиҳанд, аз омӯзиши махсуси сесола, аз ҷумла дар бахши равоншиносӣ, мегузаранд. Вестре дорои низоми пӯшида буда, посбонон бо худ силоҳ надоранд. Таассуроти маҳкумшудагон ва ҳомиёни ҳуқуқе, ки аз он боздид кардаанд, аксаран мусбат будааст.
Таҳияи Файёзи ФИРӮЗ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ИМТИҲОНИ ДАРСГУРЕЗ
Дар назди сардухтур:
- Духтурҷон чаро маҳз маро бояд коромӯз Сидиров ҷарроҳӣ кунад, магар зиндагии ман ҳеҷ арзиш надорад?
- Аз тақдир мебинем ҷӯра: аз уҳдааш баромад хуб, набаромад бо ҳамин баҳона мо ин дарсгурези худписандро аз донишгоҳ пеш мекунем.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ВИТОРИЯ БУЭНО
РАҚҚОСАИ БЕДАСТИ БАЛЕТ
Ҳаракатҳои наҷиб, табассуми дурахшон ва бисёр хосиятҳои дигаре ҳастанд, ки ба Витория Буэно, раққосаи бедасти балет аз Бразилия, зебандаанд.
Вақте ки бори аввал Виторияи панҷсоларо ба синфи балет бурданд, модараш хавотир буд, ки духтарак аз ин намуди санъат зуд дилгир мешавад ва аз ҳамдастаҳояш қафо мемонад.
Баръакси ҳама интизориҳо, духтарак ба шарофати иродаи қавӣ имрӯзҳо на танҳо мерақсад, балки аз уҳдаи шустани дандонҳо мебарояду барои харидории ин ё он маҳсулот ба бозор ҳам меравад.
Ҳоло Витория 18 сол дошта, узви Академияи балет, ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ ва илҳомбахши бисёриҳост. Дар яке аз суханрониҳо ботантана чунин гуфт: «Барои маъюбон тамошои рақси ман басе муҳим аст. Онҳо бо чашми худ мебинанд, ки имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ҳеҷ аст, вақте шумо ба сӯи амалӣ шудани орзуҳои худ шитоб доред».
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ДУ БАЙТ
Ғаме хӯр, к-он ба шодиҳои беандоза анҷомад,
Чу беақлон марав дунболи он шодӣ, ки ғам гардад.
* * *
Дӯш аз барам чу рафтӣ, огаҳ нагаштам, оре,
Умриву рафтани умр овози по надорад!
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
РОЙГОН ҲАМЕША БЕМИННАТ НЕСТ!
Марде боғи ҳайвонот ташкил ва маблағи тамошои онро 300 доллари ИМА муайян кард, аммо касе дари боғро накӯфт. Ҳаққи тамошоро 100, баъдтар 10 доллар поён овард, аммо боз ҳам мардум таваҷҷуҳ накарданд.
Ниҳоят эълон кард, ки даромад ба боғи ҳайвонот ройгон мебошад. Пас аз ин, дохили онро пур аз одам дарёфт ва зуд дарҳои боғро баст, ҳайвонҳоро аз панҷараҳо озод кард. Арзиши аз боғ берун шуданро 500 доллар эълон дошт. Мардум аз тарси ҷон пули мавҷудаи худро ба ӯ дода, ҷонашонро эмин аз хатар доштанд ва дарк карданд, ки ройгон на ҳамеша беминнат аст.
Таҳияи Дилноз ҲУКУМАТУЛЛОҲ
АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
ТИАГО ВОЛПИ
НИГОҲЕ БА НАТИҶАҲОИ ҲАЙРАТОВАРИ ЯК ДАРВОЗАБОН
Дарвозабони бразилии дастаи “Толука” (Мексика) Тиаго Волпи яке аз беҳтарин нишонзанҳои моҳи апрели соли 2023 дар чемпионатаи Мексика оид ба футбол (Лигаи МХ) дониста мешавад. Вай дар як моҳ се тӯб ба самар расонд, ки агар нишондоди ӯро бо дастаи “Челси” (Англия) муқоиса кунем чунин ҳосил мешавад: Тиагои дарвозабон дар танҳоӣ аз кулли ҳайати “Челси” дар моҳи апрел се маротиба бештар гол задааст. Моҳи апрел “Челси” дар доираи Лигаи чемпионҳо (1/4 финал) ва Премейр-лигаи Англия ҳафт бозӣ анҷом дода, ҳамагӣ як маротиба дарвозаи ҳарифро дуруст ба нишон гирифт. Дар ин қувваозмоиҳо як мусовӣ ва шаш бохт дорад.
Бояд гуфт, ки Тиаго Волпи се тӯбро аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ба самар расонд. Маҳз бо зарбаҳои бехатои дарвозабон “Толука” як мусовӣ ва ду ғалабаро дар Лигаи МХ сабт намуд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
ДАВРАИ "ТИЛЛОӢ"
НОГУФТАНИҲОЕ АЗ ҲАЁТИ ДОНИШҶӮӢ
Дар робита ба анъанаҳои аҷиби дониш-ҷӯёни хатмкунанда чанд маълумот хоҳем дод, ки хонданашон мароқовар аст.
Дар шаҳри Коимбраи Португалия баъди хатми донишгоҳ лентаҳоеро, ки рамзи факултетҳои алоҳида аст, дар зарфи калоне месӯзанд ва бо ин нишон медиҳанд, ки ҳаёти донишҷӯӣ ба охир расид.
Дар баъзе аз донишгоҳҳои Полша рӯзи дипломгирӣ ба муҷассамае, ки дар саҳни муассиса меистад, либосҳои куҳнаву дарида мепӯшонанд.
Дар Донишгоҳи Йелск баъди имтиҳони хатм донишҷӯён дав ташкил мекунанд. Шарт ҳамин аст, ки онҳо бояд дар давидан урён бошанд.
Дар Донишгоҳи Оксфорд як анъанае аз асри 18 мондааст, ки мувофиқи он донишҷӯ ҳангоми имтиҳон метавонад аз устодаш як бокал оби ҷав талаб кунад.
Донишҷӯёни ҷопонӣ ҳангоми имтиҳон бо худ як шоколади «Kit Kat» мегиранд. Бояд гуфт, ки худи ибораи «kitto katsu» маънои ғалабаи бе чуну чароро дорад.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБ
СУХАНИ КӮТОҲ
Дастҳое, ки дар ҳоли хидматанд, муқаддастар аз лабҳое ҳастанд, ки дуо мехонанд.
* * *
Ба эътиқоди ман, занони шод зеботарин занҳо ҳастанд.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ХАСТА ШУДӢ?
Бисёр вақт мо аз одамон мешунавем, ки мегӯянд: «Аз ҳаёт монда шудам». Ба ин масъалаи доғ посухи олимон чунин аст: «Одамон на аз ҳаёт, балки аз таъсири муҳит, аз рафтору хиёнати одамон хаста мешаванд ва мепиндоранд, ки ба ин ҳаёт гунаҳкор бошад».
Ҳакиме дар ин маврид хеле хуб гуфтааст: «Ҳаёт ин замини ҳамвор аст, замине, ки мо болои он роҳ меравем, чоҳҳоеро, ки дар он мебинӣ, худ ба худ пайдо нашудаанд, балки одамон онро кандаанд. Агар ту ба чоҳ афтодӣ, ҷурми замин нест, балки одамон аст, ки ин чуқуриро кандаанд, гунаҳкоранд».
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
МАЪЛУМОТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ЧАШМ
Камёбтарин ранги чашм бунафшранг мебошад. Соҳибони ин намуди чашмро аҳёнан дар Кашмири шимолӣ дучор шудан мумкин аст.
* * *
Инсон бо чашмҳои кушода атса зада наметавонад.
* * *
Дар оянда компютерҳоро на ба воситаи мушак, балки ба воситаи чашм идора кардан мумкин хоҳад шуд. Аллакай, мутахассисон аз Донишгоҳи Лондон (University of London) технологияеро, ки тариқи чашм идора намудани компютерро фароҳам месозад, омода намудаанд.
Таҳияи
Шаҳзода САЛИЕВА
ПУШТУ ПАНОҲ
Ба сари ҷавонписаре заданд. Аз ӯ фиғони гиряолуда шунида шуд: «Вой пуштам!»
- Охир, мо ба сари ту задем, чаро «пуштам» гуфта, гиря мекунӣ? - пурсиданд аз ӯ.
Агар пушту паноҳе медоштам, ба сари ман зада наметавонистед, - ҷавоб додааст ҷавон.
Таҳияи Фаридуни ФАРҲОДЗОД
ЗЕБОТАРИН ШАҲР КУҶОСТ?
Аз китоби "Шабе дар Лиссабон"-и Эрих Мария Ремарк:
- Ман аз ин шаҳр рафтан намехоҳам, - гуфт ҷавондухтар.
- Мутмаинам, ки фардо ин суханатро аз ёд хоҳӣ бурд, - посух дод ҷавонписар.
- Хайр, мо ба Париж меравем. Он зеботарин шаҳри олам мебошад.
- Зеботарин шаҳри олам он ҷост, ки инсон хушбахт аст.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ ЗАРАФШОН
Пиряхи Зарафшон дар Тоҷикистон калонтарин дар Ҳисору Олой ба ҳисоб рафта, он аз 20 пиряхи калони шохобаӣ иборат аст. Майдони ғизогирии пирях дар якҷояшавии қаторкӯҳҳои Туркистон, Олой ва Зарафшон, дар баландии 5200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дарозии он 27,8 километр ва масоҳаташ 132,6 км2 мебошад. Ҳоло забонаи пирях то 2810 метр поин фаромадааст.
Дар давоми даҳсолаҳои охир пирях “ақибнишинӣ” карда, ҳаҷми он бамаротиб коҳиш ёфт. Бори аввал моҳи августи соли 1880 экспедитсияи Иван Василевич Мушкетов аз пиряхи Зарафшон дидан карда буд.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
ВНМО
НАФАРИ ЧОРУМ ШИФО ЁФТ
Табибон аз Ню-Йорк тавонис-танд бемореро аз сирояти ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) бо роҳи интиқоли ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва гузарондани хун аз ноф муолиҷа намоянд. Ҳолати мазкур чорумин пирӯзии духтурон бар ин беморӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Бемор зани миёнасолест, ки дар ӯ пас аз 4 соли ошкор гардидани мавҷудияти сирояти ВНМО дар баданаш, ҳамчунин, бемории лейкемияро ба қайд гирифтаанд. Баъди ташхис аз моҳи октябри соли 2020 табобати зиддиретровирусӣ намегирад ва дар вуҷудаш нишонае аз сироят ба мушоҳида намерасад. Ба сифати табобат табибон ҳуҷайраҳои бунёдии хешовандашро бо тағйирёбии нодири генетикӣ ба ӯ пайванд карданд, ки он монеи бавуҷудоии вирус шуд. Инчунин, хуни нофи навзодро ба ӯ гузаронданд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПАРҲЕЗ
Дар беморхона:
- Гӯш кун, ҷӯраҷон, моҳҳои наздик барои ту чокидани сигор, нӯшидани шароб, хариди либос, рафтани тарабхона, истироҳати пулакӣ ва, умуман, ҳама намуди харҷҳои дуюмдараҷа манъ аст, қатъиян парҳез мекунӣ.
- Баъд бо ҳамин роҳ сиҳат мешавам, духтурҷон?
- Не, бо ҳамин роҳ пул ҷамъ карда, қарзи маро бармегардонӣ, аблаҳ.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
САРВАТМАНДЕ ДАР ҶУСТУҶӮИ ХУШБАХТӢ
Аз миллиарддори ҳинд Ратан Тат, ки дороияш як миллиард доллар мебошад, пурсиданд:
– Дар зиндагӣ кадом вақт бештар хушбахт будед?
– Чор марҳиларо паси сар кардам, то мафҳуми воқеии хушбахтиро дарёбам.
Нахуст, сарват меғундоштам, вале он хушбахтиеро, ки мехостам, дарнаёфтам. Баъдан, марҳилаи дувум шуруъ шуд: ҷамъоварии молҳои гаронарзиш. Дарк кардам, ки самараи ин ҳам муваққатист. Сипас, марҳилаи сеюм, лоиҳаҳои бузург оғоз гардид.
95 дарсади захираҳои нафти Ҳиндустон ва Африқоро дар ихтиёр доштам. Дар ин ҷо ҳам хушбахтиро эҳсос накардам. Марҳилаи чорум фаро расид: як дӯстам аз ман хоҳиш кард, то барои 200 кӯдаки маъюб аробачаҳои махсус бихарам. Ин хоҳиш иҷро шуд. Дар чеҳраи кӯдакон дурахши хушбахтиро дидам. Дидам, ки онҳо дар аробачаҳо нишаста ҳаракат ва бозӣ мекарданд. Он лаҳза ботини худро аз нури бахт мунаввар дарёфтам.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ