Баргашт Чоп кардан

РОҲСОЗӢ Аз рушди иқтисодиву иҷтимоӣ то таҳкими ваҳдати мардумӣ

РОҲСОЗӢ

Аз рушди иқтисодиву иҷтимоӣ то таҳкими ваҳдати мардумӣ

Тоҷикистони азизи мо мамлакати кӯҳсор аст ва дар беш аз ҳафтод соли ҳукмронии давлати абарқудрати шуравӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда натавонистем ва ҳар сол қариб шаш моҳ минтақаҳои кишвар ба ҳам тариқи роҳҳои заминӣ иртибот надоштанд. Агар нафаре дар зимистон аз Хоруғ ва ё аз Хуҷанд ба Душанбе омадан мехост, бояд об шудани барфу ҳавои мусоидро интизорӣ мекашид. Мушкилоти боркашонӣ аз ин ҳам вазнинтар буд.

Ин буд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи бисёр ҳам муҳими аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро ҳадафи стратегии Тоҷикистон эълон намуданд.

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ низ масъалаи роҳҳо яке аз бахшҳои асосӣ буд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли гузашта бошад, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиётӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр бунёд гардиданд. Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки соли ҷорӣ, ҳамчунин, бунёди пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз шуд, ки маблағи умумии онҳо ба 900 миллион сомонӣ баробар аст.

Бо зикри ин омор Пешвои миллат бори дигар исбот намуданд, ки рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт дар Тоҷикистон ба сатҳи сиёсати стратегии давлатӣ бардошта шудааст.

Воқеан, бунёди роҳҳои иртиботӣ аз лиҳози иқтисодӣ ба рушди тиҷорат, гардиши мол, коҳиши хароҷоти нақлиётӣ ва дастрасии аҳолӣ ба бозорҳо ва маҳсулоти зарурӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, иқтисоддонҳо ба ин назаранд, ки рушди тиҷорат бевосита ба имкони ҳамлу нақл ва мубодила вобаста аст. Давоми чанд соли охир роҳҳои нав имкон фароҳам овардаанд, ки маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои дурдаст ба шаҳрҳо бо хароҷоти камтар ва миқдори бештар интиқол ёбанд ва боис ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ гарданд. Ин раванд дар навбати худ ба баланд шудани сатҳи даромади аҳолӣ ва беҳтар гардидани зиндагии мардум таъсир мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки роҳҳо на танҳо воситаи ҳаракат, балки омили ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошанд.

Нуктаи дигари фараҳбахше, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат таъкид гардид, таваҷҷуҳи мардуми сарбаланди кишвар ба масъалаи роҳу ободонии маҳал буд: “Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад”.

Ободии шаҳру рустову маҳал ҳамеша аз роҳҳо сар мешавад. Ҷое, ки роҳ обод аст, ҳатман пешравиву осудаҳолӣ ҳам ҳаст. Ҷалби ҷомеа ва афроди саховатпеша ба чунин корҳои созанда сатҳи масъулияти шаҳрвандиро боло бурда, ҳисси ҳамбастагӣ ва масъулият доштан дар рушди кишварро тақвият медиҳад. Хушбахтона, мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои хирадманди хеш ҳалқа зада, ободкориву созандагиро мароми хеш қарор додаанд.

Бовар дорем, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари дурандеши давлат ва ҳиммату мардонагии мардуми сарбаланди диёр солҳои наздиктарин Тоҷикистон аз рӯйи сифат ва ободии роҳҳо дар минтақа ба пешрафтатарин кишвар табдил меёбад. Даврони истиқлоли давлатӣ мо дар самти роҳсозӣ кореро анҷом додем, ки дар ҳафтод соли шуравӣ иҷро нашуда буд.

Ҳасан ЮСУФАЛӢ,

мудири бахши дин ва танзими

ҷашну маросими шаҳри Ҳисор