Баргашт Чоп кардан

ҶУМЪА ҚУВВАТ Фаъолияти 55-солаи шоири халқии Тоҷикистон варақгардон шуд

ҶУМЪА ҚУВВАТ

Фаъолияти 55-солаи шоири халқии Тоҷикистон варақгардон шуд

Ба ифтихори панҷоҳу панҷсолагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфил баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, адибону рӯзноманигорон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, раиси ИНТ, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим аз фаъолияти пурсамар ва омӯзандаи Ҷумъа Қувват ҳарф зада, гуфт: “Ҷумъа Қувват дар солҳои 70-уми асри ХХ ба адабиёт омад ва то ҳол собитқадамона эҷод мекунад. Дар шароити вазнини солҳои 90-уми садаи гузашта шеърҳои ваҳдатоини ӯ ҷойгоҳи муҳим пайдо карданд ва номашро чун шоири сулҳпарвару ваҳдатсаро байни мардум овозадор кард. Соли 2024 аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии Шоири халқии Тоҷикистон мушарраф шуд, ки аз эътирофи аҳли адаб паём мерасонад. Аз музофот ҳам садояш ба маркази кишвар ва аз он ҷо ба ҳама сӯйи Ватан расид”.

МЕДАЛИ “100-СОЛАГИИ “ҶУМҲУРИЯТ”

Бояд ёдовар шуд, ки мавсуф, пеш аз ҳама, рӯзноманигори номошно аст ва дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” солҳо қалам рондааст. Сазовори Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосми Лоҳутӣ ҳам шудааст. Дар баробари ҳамкорӣ бо матбуот, дар ноҳияи Нуробод қариб чил сол сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нури Нуробод” буд. Ин аст, ки як гурӯҳ кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ дар маҳфили шоир иштирок карда, Ҷумъа Қувватро бо медали “100-солагии “Ҷумҳурият” қадр ва номаи хуҷастабодии аҳли қалами ҷаридаро ба соҳибҷашн расонданд. Мавсуф аз ин ибтикори роҳбарияти рӯзнома шод шуд.

Инчунин, Камоли Қурбонийон, номаи табрикии раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Файзалӣ Идизодаро қироат намуда, аз ҷумла гуфт: “Ҷумъа Қувват бо шеъри «Нони гандум» тавсияи устод Мирзо Турсунзодаро гирифт ва аъзои ИНТ гардид. Чакомаи машҳури “Нон бувад чун ҷони одам, Қуввату дармони одам” ба китоби дарсии «Забони модарӣ» дохил гашта, то ҳол аз шеърҳои дӯстдоштаи пиру барнои ин миллат аст”.

Шеъри мазкур ба як шиор табдил ёфта, аз ҷойгоҳи нон ва эҳтироми он байни тоҷикон паём мерасонад.

ВАҲДАТСАРОИ РОСТИН

Иброҳим Усмонов, доктори илмҳои суханшиносӣ, ҳам аз вижагиҳои осори мавсуф гуфта, изҳор дошт: “Ҷумъа шоири якрӯ ва ҳақиқатҷӯ буд ва чунин боқӣ монд. Дар ҳассостарин лаҳзаҳои солҳои 90-уми асри рафта аз минтақаи Рашт кӯч набаст, он ҷо монд ва сулҳу ваҳдатро байни мардум тарғиб кард. Ба мардум фаҳмонд, ки ягона роҳи наҷоти давлату миллат аз ин варта танҳо баҳамоӣ ва ягпорчагӣ аст. Мавзуи сулҳу ваҳдат меҳвари асосии китобҳояш – «Найистони Ваҳдат», «Нахлистони тавҳид», «Ваҳдатистони Раштонзамин», «Достони об», «Ваҳдатистон», «Найсони Ваҳдат», «Абармарди набарди ваҳдат»-ро ташкил медиҳанд”.

Ин аст, ки баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ӯ бо медали тиллои Кумитаи сулҳу ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуд. Тазаккур бояд дод, ки шеърҳои Ҷумъа Қувватро сарояндаҳои номвари тоҷику тоҷикистониён, ба монанди Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Мурод, Миралӣ Достӣ, Нигина Рауф дар пардаи оҳангҳои марғуб сурудаанд ва ин ҳама таронаҳо дар хонаи дили халқ маъво ёфтаанд.

Дар маҳфил шоиру нависандагони номвар Камол Насрулло, Бароти Абдураҳмон, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳтарам Ҳотам, Мавҷуд Саттор сухан ронда, хидматҳои адабиву фарҳангии Ҷумъа Қувватро сутуданд. Нуктаи муҳими гуфтугузорҳо ин шуд, ки Ҷумъа Қувват дар достонсароӣ пешсаф буда, баъди устод Муъмин Қаноат маҳз ӯ ва чанд тани дигар жанри достонро зинда нигаҳ доштаанд.

“БӮЙИ ГАНДУМ, БӮЙИ НОН,

БӮЙИ ЗАМИН”

Дар идомаи маҳфил китоби тозанашри шоир “Бӯйи гандум, бӯйи нон, бӯйи замин” муаррифӣ гардид. Китоб номаҳои меҳру садоқат, гулчини назму наср ва меҳрномаи ёрону ҳампешагонро фаро гирифтааст.

Номбурда дар тарбияти фарзандон низ комёб шуда, писарони бомаълумот ва бокасбукор дорад. Онҳо дар ҷодаҳои хеш муваффақанд. Дар поёни маҳфил писари хурдии хонавода Усмон Қувват суҳбат карда, ба аҳли адаб, дӯстон ва ҳаводорони шеъри адиб сипосгузорӣ намуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват низ аз шеърҳои тозаэҷоди хеш қироат намуда, хотири ҳозиронро болида сохт.

Ёдовар мешавем, ки хидматҳои Ҷумъа Қувват дар рушди журналистика ва адабиёти тоҷик бо нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста (1998), медали тиллои Кумитаи сулҳу ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Шараф (1999) қадр шудаанд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,

“Ҷумҳурият”