Баргашт Чоп кардан

БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ Чаро назорати давлатиро тақвият набахшем?!

БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

Чаро назорати давлатиро тақвият набахшем?!

Дар солҳои охир бозори истеъмолии кишвар зери таъсири омилҳои гуногун тағйироти ҷиддӣ таҷриба мекунад. Болоравии нархҳо ба молҳои аввалияи истеъмолӣ яке аз нигарониҳои доимии аҳолӣ гаштааст. Ин раванд на танҳо ба қобилияти харидории сокинон таъсир мерасонад, балки ба сатҳи устувории иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ низ таъсири мустақим дорад.

Коршиноси иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Иномҷон Аминов, ба масъала чунин равшанӣ андохт:

– Агар таҳлил карда бароем, дар бозори истеъмолии кишвар назар ба солҳои пеш, ки норасоии қисми зиёди молҳо ба назар мерасид, ҳоло молу маҳсулот фаровон аст. Яъне, бозори истеъмолӣ рушд карда истодааст. Ҳамасола даромади пулии аҳолӣ меафзояд ва ин ба таври бояду шояд баландшавии нархҳоро дар дараҷаи муайян ҷуброн менамояд.

Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи иқтисоди бозориро интихоб намудааст, ки дуруст ва асоснок мебошад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, қонуни асосии бозорро бояд ба эътибор гирифт, ки дар он нархи мол ва хизматрасонӣ дар бозор тавассути мутобиқшавии талабот ва пешниҳодҳо муайян мешавад. Ин ҷо, тибқи қонуни талабот, агар нарх баланд бошад, талабот кам мешавад ва агар нарх паст бошад, талабот зиёд мегардад. Тибқи қонуни пешниҳод, агар нарх баланд шавад, истеҳсолкунандагон бештар маҳсулот пешниҳод мекунанд ва агар нарх паст бошад, миқдори пешниҳод кам мегардад. Дар натиҷа, тавозуни нарх муайян ва талабот бо пешниҳод баробар мешаванд. Дар шакли сода гӯем: нархҳо бозорро мутаносиб менамоянд ва захираҳои камро самаранок тақсим мекунанд.

Вобаста ба болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ бояд ба таври маҷмуӣ баҳодиҳӣ кард, зеро бозор ҳам ҷанбаҳои мусбат дорад ва ҳам мушкилоти ҷиддиро нигоҳ медорад. Болоравии нархҳо дар кишвар ба якчанд омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ алоқаманд мебошад. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ба Тоҷикистон қисми зиёди маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, либос, пойафзол, молҳои хоҷагию маъданӣ, мошинҳои сабукрав, маҳсулоти ороишию косметикӣ ва ғайра аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки 60-70 дарсади маҳсулоти истеъмолӣ ба ҷумҳурӣ аз дигар кишварҳо ворид мегардад. Дар бозори ҷаҳонӣ мунтазам болоравии нархҳо мушоҳида мешавад. Ҳар вақте ки нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло мераванд, болоравии нархҳо дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад.

Ба ин монанд, тағйирёбии қурби асъори хориҷии чунин давлатҳо, ба монанди Чин, Русия, Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, ки содироткунандагони асосии молҳои ниёзи мардум ба кишвари мо мебошанд, сабаби боло рафтани нархҳои маҳсулоти воридотӣ мегарданд. Инчунин, камшавии воридоти доллар ва рубл низ бетаъсир намемонад.

НУҚСОНҲОИ ТАНЗИМИ НИЗОМИ БОЗОР

Бо вуҷуди он ки дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулот пайваста тадбирҳо андешида мешаванд, аммо бозори истеъмолӣ то ҳол пурра ба эътидол наомадааст. Яке аз мушкилоти асосӣ– камбуди иттилооти дақиқ оид ба ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот ва захираи онҳо мебошад. Дар натиҷа, таъмини маҳсулот бо талабот ба он дар мавсимҳо мувозинат намегирад.

Мушкили дигар ин таъмин набудани рақобати солим мебошад. Ин ҷо ҳолатҳое, ки қисми муайяни бозор дар дасти як ё ду гурӯҳи тиҷоратӣ қарор мегирад, ба ташаккули нархҳои сунъӣ оварда мерасонад. Агар пештар тағйирёбии нархҳо бештар дар сегменти молҳои маишӣ эҳсос мешуд, имрӯз гаронии нархҳо, асосан, ба маҳсулоти зарурии рӯзмарра таъсир мегузорад.

Бозори истеъмолӣ дар шаҳрҳо нисбатан хуб бошад ҳам, вале дар ноҳияҳо, хусусан ноҳияҳои дурдаст, шароити нигоҳдории маҳсулот ва нуқтаҳои назорати сифат ва савдои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ кофӣ нестанд. Ҳанӯз ҳам назорати истеҳсол ва фурӯши молҳо дар ҳамаи нуқтаҳои истеҳсол ва бозорҳо яксон нест. Аз ин рӯ, маҳсулоти пастсифат ва қалбакӣ ба фурӯш роҳ меёбад, ки аз мақомотҳои дахлдор андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

ЗАРУРАТИ ИСЛОҲОТ

Барои танзими бозор ва коҳиши фишори нархҳо чанд қадами муҳим зарур аст. Пеш аз ҳама, тақвияти назорати давлатӣ дар бозорҳои истеъмолӣ, ки пешгирии болоравии сунъии нархҳоро таъмин мекунад, таҳкими рақобати солим, коҳиши нақши миёнаравони зиёдатӣ, дастгирии соҳибкорони истеҳсолкунанда, ташкили захираҳои стратегӣ аз маҳсулоти муҳими ғизоӣ, то ки дар мавсимҳои камёбӣ ворид шудан ва фишори нархҳо пешгирӣ гардад, инчунин, такмили инфрасохтори логистикӣ, аз ҷумла сардхонаҳои муосир, анборҳо ва шабакаҳои нақлиётӣ, рушди истеҳсоли ватанӣ, ки дар дарозмуддат вобастагӣ аз бозорҳои берунаро коҳиш дода, устувории иқтисодиро таъмин месозад.

Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки болоравии нархҳо масъалаи ҷаҳонӣ буда, аммо кишварҳо метавонанд бо сиёсати оқилона, назорати муосир ва такмили низоми бозор таъсири онро коҳиш диҳанд. Барои кишвари мо низ ҳадафи асосӣ – таъмини суботи нархҳо, ҳимояи истеъмолкунанда ва рушди истеҳсоли ватанӣ мебошад. Ислоҳоти саривақтӣ метавонад ин мушкилотро ба имконият табдил дода, ба рушди устувори иқтисод мусоидат намояд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, "Ҷумҳурият"