КАМОЛ ОН АСТ, КИ АЗ ХУД БОШӢ ОГОҲ
(Андешаҳо атрофи китоби С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1., - Хуҷанд: “Ношир” 2025)
Нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд ахиран китоби муҳаққиқи арҷманд С. Ятимовро бо номи «Ёддоштҳо» ба нашр расонд, ки барои ҷомеаи адабӣ-фарҳангии мо падидаи хушояндест. Аслан, ёддоштнависӣ жанри мустақилест, ки дар таърихи илму адаби башарӣ пешинаи тулонӣ дорад. Гузашта аз ин, миёни ҳар қавму миллате ёддоштҳо вобаста ба он ки дар чӣ мавзуе нигошта шудаанд, вижагиҳои хос доранд. Бисёре аз бузургони фарҳангу адаби мо дар имтидоди замон ёддоштҳои хешро аз рӯзгори сипаришуда ба риштаи таҳрир кашидаанд, вале ҷолиб ин аст, ки ҳар гоҳ вожаи «ёддошт» ба зеҳн мерасад, беихтиёр «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ пеши назар меояд. Асаре, ки дар нахустин радаи шоҳкорҳои адабиёти муосири мо қарор дорад. «Ёддоштҳо» як навъ шиносномаи миллати тоҷик аст. Дар ҳарими сабзи он метавон ба гӯшаҳои рангини таъриху фарҳанг, расму сунан, мазҳари зиндагӣ ва воқеияти рӯзгори мардуми тоҷик дидор намуд.
«Ёддоштҳо»-и С. Ятимов фарогири 10 боб буда, ҳар бобе нишонгари шебу фарози масири зиндагии муаллиф аст. Бобҳо дар навбати худ шомили мавзуъҳои муайяне мебошанд, ки бо зарбулмасалу мақолҳо, таркибу ибораҳои маълуму машҳур, байту мисраъҳои забонзад миёни мардум унвон гирифтаанд. Бояд таъкид намуд, ки иттиҳоди вожагоне, ки бар маснади унвон нишастаанд, аз рӯйи ҳавову ҳавас, ё тазоҳуру тасодуф интихоб нашудаанд, балки бозтоби фазои мавриди назар, расонандаи маъниву ҳадафи хосе мебошанд.
Масалан, мавзуи аввалини боби нахуст «Эй нури чашм, сухане ҳаст, гӯш кун!» номгузорӣ шуда. Замоне ки ин ҷумла (мисраъ) ба чашм мерасад, мухотабон бидуни қироати матн пай мебаранд, ки андешаҳои мундариҷ дар матн ба панду андарзҳо бастагӣ дорад ва бозигарон дар саҳнаи матн наврасон, фарзандонанд. Ибораи «нури чашм» низ худ гувоҳи мубрамияти мавзуъ ва ҷойгоҳи арзишманди мухотабон (фарзандон) аст.
Нахустин натиҷае, ки пас аз ошноӣ бо матолиби асар ба зеҳн русух менамояд, шинохти ҷаҳону сатҳи андешаи муаллифи асар аст. Мавсуф бо асоси зеҳниву фарҳангии хиради фозилону бузургони пешину муосири ҷаҳон ошност ва боварманд аст, ки вуҷуди инсонӣ мисли як ҷомеа, аз як густураи хос, аз низому қонунҳои амиқу вижа бархӯрдор аст, ки маърифати онҳо баҳри ҳар фарде ҳатмӣ ва ногузир аст. Зеро ноошноӣ, бехабариву ғафлат аз моҳияту ҷаҳони рози онҳо дар ниҳоди одамӣ ҳаросу тарс, изтиробу нигаронӣ, беқарорӣ эҷод мекунад.
Мо дар матни ин асар ба нависандаи чирадасте дидор мекунем, ки дар тасвири мазоҳири конуни ҳастӣ дасти расо, зеҳни халлоқ, маҳорати рашкангез дорад. Бо тамоми созу абзори нависандагӣ, неруи мушоҳидаву тахайюл, биниши амиқи зебошинохтӣ мусаллаҳ аст.
Модар ва ситоиши бузургиву ҷойгоҳаш дар конуни хонаводагӣ аз мавзуъҳои ҷовидонии адабиёти ҷаҳон аст. Гуфтанӣ ҳастем, ки дар «Ёддоштҳо»-и С. Ятимов симои модар ҳузури фаъолу биловасф дорад. Бардоштҳои нависанда аз саҳнаҳои зист, аз воқеият, рӯзҳои хуби модар доштан, ривоят мекунанд. Танҳо бо ин тафовут, ки симои модар аз чаҳордевори хонавода берун меравад ва ба ҷомеа мепайвандад. Ҷомеае, ки ҷиҳати инсиҷому пойдорияш рӯишу сабзишаш, камоли маънавияш бар вуҷуди модар ниёз дорад.
Дар «Ёддоштҳо» ҳар ҷо, ки сухан аз модар дар миён аст, таваҷҷуҳи муаллиф сӯйи нақши созандаву зиндагиофарин, инсонсози модар аст, ки дигар аз ҳисори фарду мансубияти фардӣ канор меравад.
Муаллифи «Ёддоштҳо» бо ифтихор менависад: «волидайнам барои ман аввалин муаллимони зиндагӣ ҳастанд. Ман ҳама вақт ҳоло ҳам ниҳоят кӯшиш мекунам, ки ба онҳо монанд бошам». (с. 86)
Ривояту тавсифҳое, ки дар китоб дар атрофи корномаи модар омада, баёни воқеияти рӯзгори як зани рустоинишин аст, ки зеҳни равшану ҷасорати хос дорад. Ҳусни хаташ ҳам мирзоӣ аст. Далериву шуҷоӣ, коркуштагӣ, ҷаҳони меҳру муҳаббати модар аз чашми фарзандон пинҳон намемонад.
Дар асар чунин саҳнаҳои ҷаззобу ҳушрабо, ки ҷанбаи неруманди тарбиятӣ доранд, пуршуморанд. Модар барои мавсуф муаллими аввалин аст, ки ба ӯ «Алифбо», хондану навиштан ва муҳим аз ҳама зебонависиро омӯхтааст.
Хотироти муаллиф перомуни падар ва ҷойгоҳи ӯ дар шаклгирии шахсияти ӯ бисёр дилчаспу гӯшнишин аст. Ба қавли нависанда, «бузургтарин намунаи пайравӣ ва шахсияте, ки дар ташаккули ман ҳамчун инсон муассир буд, падарам ва муҳити оилавии мо буд». (саҳ. 57)
Падар муаллим буд. Шеваи зиндагӣ ва рафтору кирдор, бархӯрди як муаллим чи дар зиндагии хонаводагӣ ва чи коргоҳӣ барҷастагиҳое дорад, ки симояшонро аз дигар намояндагони касбу ҳунар мутафовит месозад. Нависанда дар ниҳояти пухтагиву ҳунармандӣ мӯшикофона корномаи падарро дар хонаводаву домани иҷтимоъ меофаринад. Ҳеҷ нуктае аз чашми ӯ пинҳон намемонад. Гоҳо ҳисси пажӯҳандагиву таҳқиқӣ нависандаро, ки худ аҳли таҳқиқ аст, водор месозад ба хотири дарки дурусти бархе аз мавзуот даст ба домони мафҳумҳову аҳкоми илмӣ барад, ки баҳрагирӣ аз онҳо муносиб аст. Муҳим аз ҳама, дар «Ёддоштҳо» мо дар симои як муаллими одии деҳотӣ бузургмардеро мебинем, ки ҳадафи муҳимтару олитар аз тарбияти насли шоиста, ба хотири ободон кардани ин марзу бум надорад. Нависанда дар мисоли падар ин андешаро талқин месозад, ки муаллимӣ кардан ин бо камоли сарсупурдагӣ, мардона, огоҳона, бе гом ниҳодан дар марзи афсӯсу пушаймонӣ бо дигарон қисмат кардани умри гаронбаҳост. Дар радифи омӯзондани илму дониш, дар замири насли наврас сабзонидани тухми меҳру муҳаббат, садоқату дӯстдорӣ ба ин хоку сарзамин аст. Амалӣ гаштани ин ҳадаф ранҷу заҳмати фаровонро ба дунбол дорад. Гузашта аз ин, парваришу сабзишу рӯиш ва муҳимтар аз ҳама бороварии ин тухми зиндагисоз кори як рӯзу ду рӯз нест. Замон мехоҳад, замоне ки ҳампойи сабру шикебоист. Изофа бар гуфтаи болоӣ муаллимӣ ҳунар аст, ҳунари шунидан, дидан, ламс кардан, ташхис додан ва бо итминон муътақид сохтан. Мактаб, фазои мактабӣ, симоҳои муҳитофарину инсонсози ин марзи хушоянду садохез дар «Ёддоштҳо»-и С. Ятимов ҷозибаҳои чашмгир доранд.
Масъалаи дигаре, ки дар матни «Ёддоштҳо» барҷастагӣ дорад, нақши мактабу хондан дар шаклгирии шахсият, ҷаҳони маъниву ҷаҳоннигарии инсон аст. Муаллиф бо иқтизои мавзуъҳои мавриди назар дар бахшҳои гуногун аз китобу хондану судмандии он ёд мекунад.
Шоҳиди поёни ризояту сипос аз дилбастагиву ҳамроҳӣ бо китоб аст: “будаам мисли шахсе, ки шаб хоб мебинад, сахт ташна шудааст. Косаи пуроб дар даст беист онро менӯшад. Аммо ташнагӣ намешиканад. Умри ман нисбат ба мутолааи китоб дар доираи ҳамин эҳсос гузашт.” (46)
Онҳое, ки “Ёддоштҳо”-ро хондаанд, ба гумонам эҳсос кардаанд, ки забони баёни матолиб дар он вижагиҳои хос дорад, ба сифати унвони ҳар ёддоште зарбулмасалу мақолҳо, мисраъҳои шеърӣ аз шоирони бузург, ки ҷанбаи неруманди пандуахлоқӣ доранд, интихоб шудаанд. Ҳамзамон, хеле калимаҳову феълҳои лаҳҷавӣ, ки дар шеваҳои мардуми ҷануб маъмуланд ва мутаассифона дар забони адабӣ ҷойи онҳо холист, ба кор рафтаанд. Рӯйиҳамрафта мо дар ҳарими мунаққаши асар бо ҷозибаҳо, зебоиҳо, шириниву гӯшнишинии забони модарӣ дидор мекунем.
Зимни арзёбии асари мазкур набояд аз канори ҷанбаи зебошинохтии он хомӯш гузашт. Дар ҷомеаи фарҳангии мо муаллифро ҳамчун олими риштаи улуми инсонӣ мешиносанд. Дар ин асар бошад, мо бо муҳаққиқе рӯ ба рӯ ҳастем, ки диду биниши хосси адабӣ, маҳорати волои нависандагӣ дорад. Ҳиссу неруи мушоҳидааш, ки дар амри эҷод бисёр муҳим аст, неруманду амиқ аст.
Дар маҷмуъ, натиҷаи муҳиме, ки аз мутолааи китоб бармеояд, ин аст, ки насли имрӯзро донишҳое мебояд, ки асосу пояи созандаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншинохтии онҳо гардад. Дар офариниши чунин ҷаҳонбиние зарур аст, тамоми ниҳодҳои давлатӣ, иҷтимоӣ ва хоссатан мактабу маориф саҳим бошанд.
Умар САФАР,
профессори ДМТ