ПУЛ ДОДАВУ ДАРДИ САР МЕХАРЕМ, ЧАРО?!
Дар бораи бозори гарми бозичаҳои харобкунандаи асаб
Чанд ҳафта аст, ки дар шаҳру деҳоти мамлакат садои гӯшкаркунандаи маводи тарфгарӣ ба гӯш мерасад. Бо вуҷуди тибқи қонун манъ будани фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи пиротехникӣ, ин бозичаи харобкунандаи асаб ба дасти иддае аз кӯдакони бетамиз афтода, боиси халалдорсозии оромии атроф мешавад.
Дар натиҷаи истифодаи чунин бозичаҳои зарарнок эҳтимоли сарзании сӯхтор, осеб дидани чашм, сӯхтани ангуштон ва пастшавии қобилияти шунавоӣ зиёд мегардад. Аз садои гӯшхароши маводи тарфгарӣ атрофиён нороҳат гардида, хатари баландшавии фишори хун, нафастангӣ, тез-тез задани дил ва асабоният дар ашхоси калонсолу бемор меафзояд.
Зарари маводи пиротехникӣ ба муҳити зист хеле зиёд аст.
Тибқи иттилои нашрияи русии «Сберегаем вместе» дар таркиби петард («хлопушка»), гулоташ (фейерверк) ва чӯбчаҳои сӯзандаи банголӣ нитрати калий, сулфур, хлориди барий, калтсий, мис, карбонати стронсий, моддаҳои туршкунанда, ашёи часпанда ва рангҳои синтетикӣ мавҷуданд, ки ҳаворо ифлос месозанд. Барои истеҳсоли ин бозичаҳои зарарнок ҳазорҳо тонна коғаз, пластика ва дигар ашёи ифлоскунандаи ҳаво сарф мегардад. Зимни таркиши онҳо ба фазо диоксиди сулфур, оксиди нитроген, карбон ва дигар пайвастагиҳои заҳрогин паҳн мешаванд.
Маводи тарфгарии истифодашуда соатҳо ва рӯзҳо дар замин хобида, обу ҳаво ва хокро олуда месозанд. Ин бозичаҳои гӯшкаркунанда боиси ихроҷи газҳои гулхонаӣ шуда, ба тағйирёбии иқлим сабаб мегарданд. Аз тарафи дигар, маводи тарфгарӣ ба руҳияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Онҳо бо дилбастагӣ ба ин бозичаи хатарнок парвои азият кашидани дигаронро намекунанд. Яъне, дилозорӣ барояшон одат мешавад ва гуноҳ будани ин хислати бадро дарк наменамоянд.
Аттори Нишопурӣ дар ин маврид фармудааст:
Аз ситам ҳар к-ӯ дилеро реш кард,
Он ҷароҳат бар вуҷуди хеш кард.
Ҳар кӣ дар банди дилозорӣ бувад.
Дар уқубат кори ӯ зорӣ бувад.
Тибқи талаботи қонунгузории мамлакат фурӯш, паҳнсозӣ ва истифодаи маводи пиротехникӣ дар кишвар манъ буда, ҷиноят арзёбӣ мегардад. Нисбат ба афроде, ки ба фурӯши чунин мавод машғуланд, мувофиқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Тибқи моддаи мазкур, нисбати чунин шахсон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.
Модоме ки маводи тарфгарӣ ба саломатии одамону муҳити зист ин қадар зарар дорад ва барои фурӯшу паҳнсозии он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, чаро тоҷирон асъори хориҷиро аз ҷумҳурӣ берун бурда, чунин бозичаҳои зарарнок ворид мекунанд?
Сайфиддин СУННАТӢ,
узви Клуби экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон