Баргашт Чоп кардан

НАТИҶАГИРӢ АЖРВТ даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2025 муайян кард

НАТИҶАГИРӢ

АЖРВТ даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2025 муайян кард

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), чун анъана, даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025-ро эълон кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, бар асоси натиҷагирии назарсанҷии хабарнигорони риштаи варзиш ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони панҷ намуди варзиш – ҷудо, бокс, қайиқронӣ, гӯштии тарзи озод ва тенниси рӯйи миз дохил шуданд: Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Венгрия дар вазни -66 кг, медали биринҷии Чемпионати Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”; Хусравхон Раҳимов (бокс) – барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар вазни 57 кг, медали тиллои Мусобиқаи байналмилалӣ дар Октави Қазоқистон дар вазни 60 кг; Темур Раҳимов (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Венгрия дар вазни +100 кг; медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, медали нуқраи Чемпионати Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”; Обид Ҷебов (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Венгрия дар вазни 66 кг, медали биринҷии Чемпионати Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали нуқраи “Qingdao Grand Prix 2025”; Акмал Убайдов (бокс) – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб; Муҳиддин Асадуллоев (ҷудо) – чемпиони ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни -66 кг дар шаҳри Лимаи Перу, барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”, медали нуқраи “Abu Dhabi Grand Slam 2025”; Мадина Қурбонзода (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 52 кг, медали тиллои Чемпионати Осиё миёни наврасон ва биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия, медали биринҷии “Dushanbe Grand Slam 2025”; Шаҳриёр Даминов (каноэ) – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё дар Ҳонконги Чин дар каноэи якнафара дар масофаи 3400 метр ва медали нуқра дар масофаи 16 800 метр; Абдулмаҷид Кудиев (гӯштии тарзи озод) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 65 кг, медали тилло дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Яшар Доғу дар Туркия; Саъдӣ Исмоилов (тенниси рӯйи миз) – барандаи медали биринҷии рақобатҳои инфиродӣ байни мардон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ.

– Ду медали нуқра дар чемпионатҳои ҷаҳон дар риштаҳои ҷудо ва бокс беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2025 мебошад, – гуфт Нарзулло Латифов.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”