ПАЁМИ НАВИН
Чароғи умеду бовар ба фардои мунаввар
Бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар заминаи эҳтироми ин шиор бо неруи бузург ва камоли хиради меҳин, бо андеша ва дилу нияти пок, бо гуфтори наку ва бо кирдору амали давлатсозӣ, хештаншиносиву меҳанпарастӣ аз диди фарогири Пешво Паём доир ба ҳама паҳлуҳои ҳаёт – таърихӣ будани сол барои миллати тоҷик аз макони худ то ҷаҳон, аз амнияти миллӣ то масъалаҳои фаромиллӣ, аз рушди маорифу иқтисоди миллӣ то байналмилалӣ, аз фарҳангу забон то сиёсати хориҷӣ ва иҷтимоӣ баён гардид.
Бузургон фармудаанд, ки суханронии воло ба се омил вобастагии қавӣ дорад. Нахуст, гӯянда, дуюм, тариқи баён, сеюм, матлабе, ки гуфта мешавад. Таъсири каломи суханвар ба шунавандагон чун пайғом ва навиди зарурӣ аз қалб ва руҳи баёнгар ба қалб ва руҳи шунаванда гузарад, пас пояи он бар арши барин мерасад ва кохест баланду бегазанд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки шоҳроҳи корвони давлатро барои як соли пурмасъулияти дигар муайян месозад. Бо ҳар сухани андешамандона ва бо ҳар муроҷиати дилсӯзона Паём дар қалби ҳар шаҳрванди бошуур эҳсоси ифтихор, масъулият ва бовар ба фардои дурахшонро бедор месозад. Пас, Паём як мактаби бузурги тарбия, ваҳдат ва созандагӣ барои ҷомеа гардидааст ва мо бояд таҷриба гирем ва сабақ омӯзем.
Дар оғози Паёми Пешвои миллат нуктаи муҳиме, ки таваҷҷуҳи бештари ҷомеаро ба худ ҷалб кард, таъкиди Президенти мамлакат ба рӯйдодҳои хотирмони соли 2025 буд. Сарвари давлат бо ифтихор соли 2025-ро ҳамчун «як соли таърихӣ» гуфтанд ва воқеан, таърихӣ будани солро бо радабандӣ намудани рӯйдодҳо рӯнамо карданд: интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳаллу фасли пурраи масъалаи марзи давлатие, ки беш аз сад сол боз ҳал нашуда буд; «имзои шартнома байни Тоҷикистону Қирғизистон»; боз гардидани саҳфаи нави ҳамдигарфаҳмӣ ва оромӣ дар таърихи халқҳо бо номи “Дӯстии абадӣ”.
Ҳамин тариқ, дар ин давра бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба даст омаданд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешоҳанг ва ташаббускору созандаи ҷаҳон қарор доданд.
Дар Паёми навин, ҳамчунин, масъалаҳои меҳварӣ ва муҳимтарини рӯзномаи глобалӣ чун тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ба нафъи инсоният ва ҳифзи мероси фарҳангӣ дарки амиқи хатарҳои замони муосир ва зарурати посухи саривақтӣ ба онҳо матраҳ гардид. Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки бо Пешвои худ сухани аҷдод – Саъдии бузургро “Банӣ-одам яъзои якдигаранд” фаромӯш насохта, балки шиори хеш кардааст ва метавонад дар баррасии масоили умумибашарӣ мавқеи меҳварӣ ва таъсири ҷиддӣ дошта бошад.
Аз ҷумла, дар Паём фармудаанд: «Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад».
Ҳар сухане, ки Пешвои миллат дар Паёми навин дар бораи самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ баён доштанд, мисли зарраҳои нур ҳам воқеиятро рӯшан мекунад, ҳам умеду бовар ба ояндаи некро падид меорад.
Мавриди зикри хос аст, ки аз замони ба дӯш гирифтани масъулияти Роҳбарии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифро ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Ин сиёсат бар ҳикмати «илм пояи давлат асту маориф асоси шуури миллӣ» такя мекунад. Дар Паёми навин таъкиди Президенти кишвар бар аҳамияти сармоягузорӣ ба ин соҳаи тақдирсоз боз ҳам возеҳтар баён шуд: «Ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам». Ин иттилоъ даъватест ба ҳама: омӯзгор бояд бештар омода гардад, мактаб бояд бештар бунёд шавад, низоми таҳсил бояд тағйир ёбад, то ин неруи бузурги зеҳнӣ бо сифати арзанда тарбия ёбад.
Имрӯз, дар дунёе, ки рақобат барои дониш, технология ва захираҳои инсонӣ рӯз аз рӯз бештар мешавад, танҳо миллате метавонад поянда ва тавоно монад, ки сармоягузориро дар зеҳни фарзандон, дар фазои маърифат ва таҳсилот авлавияти стратегӣ қарор медиҳад. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат бо таъкид бар ҳадафҳои нав, бо рӯ овардан ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсилот амри таҳриру такмили Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро доданд.
Ҳамчунин, дар шароите, ки ҷаҳон ба сӯйи иқтисоди рақамӣ қадам мениҳад ва иқтидори фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба як унсури калидии рушди устувор табдил ёфтааст, Тоҷикистон низ солҳои 2020 – 2040-ро – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон кардааст. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки натиҷаҳои шашсолаи ин иқдом бояд ҷиддан арзёбӣ гарданд, зеро ин соҳаҳо метавонанд Тоҷикистонро ба кишвари навовару соҳибтехнология табдил диҳанд.
Ҷавҳари ин Паёмро вобаста ба маориф ва илм як андешаи меҳварӣ ташкил медиҳад: таҳсилоти босифат бояд дар ҳама зинаҳо кафолат дода шавад. Аз ин рӯ, мавзуи таҳлилу арзёбии босамари низоми кредитии таҳсилот, ки аз соли 2004 оғоз гардида, соли 2014 кулли муассисаҳои олӣ ба он гузаштанд, имрӯз зарурати таҷдиди назарро талаб мекунад. Президенти мамлакат бо ҷиддияти баланд баён медоранд, ки бояд «таъсиррасонии омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд».
Ҳамзамон, рушди устувори кишвар, аз ҷумла ҳамгироии зеҳнӣ бо ҷаҳони муосир, тақозо менамояд, ки забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳама зинаҳо бо сифати баланд омӯзонда шаванд. Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки гурӯҳи махсуси коршиносон вазъи омӯзиши ин забонҳоро таҳлил намоянд ва тадбирҳои навро барои суръат бахшидан ба ин раванд пешниҳод кунанд. Иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, роҳи устуворест барои густариши ҳамкории академӣ бо кишварҳои хориҷӣ, боло бурдани рақобатпазирии мутахассисони тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳкими мақоми Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои захираи зеҳнии арзишманд дар арсаи байналмилалӣ.
Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Созмони Милали Муттаҳид, эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025-2034 – Даҳсолаи илмҳои криосфера ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанги «дипломатияи илмӣ» таҳким бахшид, масъалаи обу иқлимро аз сатҳи маҳаллӣ ба арсаи ҷаҳонӣ баровард ва кишвари моро тадриҷан ба маркази ташаббусҳои байналмилалии иқлимӣ табдил медиҳад. Дар ин замина, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Президенти мамлакат бо ҳисси баланди масъулият хотиррасон карданд, ки бедории хотираи таърихӣ ва зинда нигоҳ доштани шаъну шарафи фарҳангӣ вазифаи муҳим ва асосист.
Чоп ва ройгон паҳн кардани 3 миллиону 200 ҳазор нусха китобҳои «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ангезаи ҳамагонӣ барои бедории миллист, ки зербинои ҳувияти миллӣ ва пояҳои шинохти таърихиро боз ҳам устувортар месозад. Аммо барои таъриху фарҳанг танҳо муҳаббат кофӣ нест, қонун лозим аст. То имрӯз қонуни махсуси бостоншиносӣ дар кишвар мавҷуд нест, ҳарчанд 70 дарсади ёдгориҳои фарҳангии мо ба замони бостон иртибот доранд ва ногузир аст, ки лоиҳаи қонуни махсус таҳия гардад, то мероси моддиву маънавӣ аз бенизомӣ ва эҳтимоли нобудиву фаромӯшӣ эмин бошад.
Бахше аз ин мерос, аллакай, ҷаҳонӣ шудааст. Ба шарофати дипломатияи фарҳангӣ, 11 ёдгории Хуттали Қадим ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд. Ин далели он аст, ки мероси фарҳангии тоҷикон як пораи нодири тамаддуни башарист. Илова бар ин, шаҳри Панҷакент бо сӯзанидӯзии беназираш «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва Робияи Балхӣ, шоири нозукбаён, яке аз чеҳраҳои ҷашнбахши фарҳанги ҷаҳонӣ барои солҳои 2026-2027 эълон гардиданд.
Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои аҷдоди фарҳехта Борбади Марвазӣ бо эҳтиром ёдоварӣ гардид, ки “аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст”.
Ин нобиғаи замони Сосониён, ки бо дониш ва ҳунари мусиқӣ қалбҳоро тасхир кардааст, имрӯз метавонад ба ҷаҳониён аз деринагии фарҳанги тоҷикии мо боз як далели раднопазир диҳад. Пешвои миллат даъват карданд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг чораҷӯйӣ намоянд, то номи Борбад ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардад.
Пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурати бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар Паём ҷавобест ба ниёзҳои даврони ҷаҳонишавӣ, ки миллатро ба самти худшиносии амиқ ва ҳифзи решаҳои таърихии хеш роҳнамоӣ мекунад.
Бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, пешбинӣ шудааст, иқдоми басе муҳим дар роҳи бозсозии ҳофизаи таърихии миллат аст. Пешвои миллат бо зикри саҳми беназири ниёгони мо дар шаклгирии фарҳанги башар, хусусан мероси ориёӣ ва шахсиятҳои мондагор, хотиррасон месозанд, ки мо бояд бо шукргузорӣ аз гузашта, имрӯзро созем ва барои пайванди насли имрӯз ба оянда талош варзем. Дар ин замина, бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба як ниҳоди бонуфузи байналмилалии таҳқиқоти анъанаву арзишҳои инсондӯстонаи тамаддуни ориёӣ табдил ёбад.
Метавон гуфт, ки ҳар ду пешниҳод бо ҳам ҳамбастаанд ва як рисолат доранд: устувор сохтани пояҳои худшиносии миллӣ ва таблиғи фарҳанги сулҳҷӯёна, хирадгароёна ва инсонмеҳвари тоҷикон дар арсаи ҷаҳон.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро ҳамчун бахши муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба таври густурда баррасӣ намуда таъкид доштанд: “Дар ин росто, ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад” ва вобаста ба имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 музди меҳнати омӯзгорон 20-25 фоиз, маоши кормандони соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 фоиз зиёд шавад. Нафақаҳо ва иловапулиҳо на кам аз 15 фоиз афзоиш меёбанд.
Ҳамзамон, таъкиди Пешвои миллат ба он ки мо пайваста барои таҳсили босифат, шароити хуби кору зиндагии ҷавонон чора меандешем, баёнгари он аст, ки сиёсати иҷтимоии давлат пойдору устувор ва умедбахш аст. Пешвои миллат меҳварӣ будани нақши занонро дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ қайд намуда, бо ҳисси умед иброз доштанд: “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ, саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
Дар Паёми саршор аз навид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масири равобити хориҷӣ ва нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ возеҳият бахшиданд. Бо таъкиди сиёсати «дарҳои кушода» ва арҷгузорӣ ба эътимоду эҳтироми мутақобил, Роҳбари давлат бар идомаи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид намуданд. Тоҷикистон ба унвони кишвари сулҳпарвару тамаддунсоз имрӯз дар шоҳроҳи ҳамкории фаъоли байналмилалӣ қарор дорад. Ин аст, ки сиёсати хориҷии мо симои миллат дар ҷабҳаи ҷаҳонист, симое бо чеҳраи ором, бо нияти созандагӣ, бо каломи сулҳ.
Истиқлол, агар бо забони дил бигӯем, нафаси озодии миллат аст, неруе, ки давлатро зинда, устувор ва боэътимод нигоҳ медорад. Соли 2026, ки Тоҷикистон ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мерасад, таҷассумгари роҳи пурифтихор ва заҳматҳои беинтиҳои миллат хоҳад буд. Ин ҷашни хотирмон рамзи пойдории давлат, ваҳдат ва худшиносии тоҷикон аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси ифтихор таъкид намуданд, ки беш аз 26 ҳазор иншоот ба ифтихори ин санаи муқаддас сохта шуда, 70 дарсади онҳо бо ташаббуси мардум ва соҳибкорон бунёд ёфтаанд.
Дар ин замина, Пешвои миллат бо самимият ва даъвати ватандӯстона ҳар як шаҳрванди кишварро ба гиромидошти ҷашни Истиқлол бо амалҳои нек, яъне, аз таъмиру тозакории кӯчаю маҳаллаҳо то саҳмгузорӣ дар бунёди муассисаву марказҳои иҷтимоӣ даъват карданд. Миллате, ки бо дасти худаш шаҳр месозад, кӯча меорояд, саҳни мактаб тоза мекунад, он миллатро касе тасхир карда наметавонад.
Маҳз дар ҳамин руҳия Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки соли 2026-ро ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ истиқбол гирем. Ин пешниҳод як стратегияи идеологӣ, як барномаи эҳёи маънавӣ ва як мактаби маърифати миллӣ аст, зеро миллате, ки худро бишносад, худро бунёд мекунад. Ва миллате, ки бунёд кунад, на танҳо худро, балки Ватанашро, истиқлоли худро ва фарҳанги худро нигоҳ медорад.
Дар Паём Пешвои муаззам иброз доштанд ҳар шаҳрванди бонангу номуси кишвар вазифадор аст, ки бо дарки баланди рисолати инсонӣ ва миллӣ, дар шароити ҷаҳони пурҳаводис, дар қатори муҳофизати Ватан ва ҳимояи арзишҳо барои баланд бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бояд талош варзад ва таъкид намуданд: «Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!» Ин суханон хитобу даъвати бедории миллӣ, савганди маънавӣ ва фурӯғи умеду эътимод аст, ки дар Паёми Пешвои миллат садо доданд.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат раҳнамоест, ки аз муҳаббати амиқ ба Ватан, ба халқ, масъулият дар назди наслҳои оянда ва нигоҳи стратегии раҳбарӣ пайку навид ва ҳидоят медиҳад. Ин Паём бо пешниҳодҳои мушаххас, тадбирҳои возеҳ ва вожаҳои саршор аз умед моро ба сӯйи худогоҳиву худшиносӣ, ба сӯйи рӯшноиву рушд роҳнамост, ки Тоҷикистон бо такя ба неруи мардумаш, бо саодатмандӣ аз таърихи пурифтихораш ва бо Пешвои дурандешу нобиға ба фардои боз ҳам дурахшонтар қадам мегузорад.
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филология, профессор