Баргашт Чоп кардан

Ифтитоҳи иншооти муҳим бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ

Душанбе

Ифтитоҳи иншооти муҳим бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ 

Ифтитоҳи бинои нави МД «Телевизиони Душанбе»

 

24-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ доданд, бинои нави Муассиса, дар маҷмуъ, дорои 80 ҳуҷраи кории барҳаво буда, барои кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити муҳими кору фаъолият фароҳам аст.

Телевизиони Душанбе дорои чор студияи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ буда, калонтарини он студияҳои якум ва дуюм мебошанд, ки барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва барномаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.

Ду студия дорои 4 маҷмуи таҷҳизоти студиявӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон буда, дар маҷмуъ, имкони ҷойгиркунонии то 50 мухлисро доранд. Студияҳои сеюм ва чорум бо 2 маҷмуи таҷҳизоти студиявӣ ва 8-ҳуҷраи корӣ сохта шуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани барномаҳои гуногуни телевизионӣ пешбинӣ мегардад.

Дар маҷмуъ, 4 студия бо муосиртарин технологияи соҳавӣ аз қабили дастгоҳу таҷҳизоти рақамии формати сабташон 4К, таъмин буда, имконияти сабт ва тариқи мустақим пахш намудани барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ, фарҳангиву фароғатӣ, ток-шоу ва дигар барномаҳо мавҷуд аст.

Муассиса дорои парки зарурии техникӣ буда, студияи сайёри он аз се автомашинаи калони махсус иборат мебошад. Дар баробари ин, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва мебели хушсохту замонавӣ муҷаҳҳазанд.

Студияи марказии пахши барномаҳо, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, дизайнерҳои графикӣ, барномасоз, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, синфхона барои машғулиятҳои такмили ихтисос, ҳуҷраи истироҳат, ҳуҷраи коркарди маълумоти бойгонӣ, дар маҷмуъ, ҳамаи ҳуҷраҳои бинои нави Муассиса дорои шароити хуби кору фаъолият ҳастанд.

Бинои Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» бо истифода аз санъати баланди меъмории миллӣ бунёд ёфта, қисмати берунаи он шишабандӣ шудааст. Ҳамчунин, бино ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳо бо системаи ҳавотозакунии автономӣ васл гаштаанд.

Роҳравҳои атрофи бино бо истифода аз санги хоро оро ёфта, ҳавлии Муассиса мумфарш мебошад. Дар даромадгоҳи бино монитор барои пахши лавҳаю наворҳои таблиғотӣ бо паҳноии 2,5 метр ва баландии 8 метр насб гардидааст.

Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» қаблан дар бинои солҳои 40-уми садаи гузашта фаъолият мекард. Он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба талаботи соҳа ҷавобгӯ набуд ва он барои толори синамо ё худ кинотеатр пешбинӣ шуда, ҳамагӣ дорои ду студияи хурд: яке барои барномаҳои иттилоотӣ ва дигаре барои сабти дигар барномаҳо пешбинӣ шуда буд.

Набудани студияи сабти барномаҳо ва шароити маҳдуд имкон намедод, ки ҳайати эҷодии Муассиса барномаҳои баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замонро таҳия карда, ба бинандагон пешниҳод намоянд.

Ҳоло бошад, дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлат, доираи пахши Телевизиони Душанбе васеъ гардида, онро тавассути моҳвора дар зиёда аз 40 кишвари дунё бо сифати Full HD тамошо кардан мумкин аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имтинон иброз доштанд, ки ҳайати эҷодӣ ва техникии Телевизиони Душанбе бо фаъолият дар шароити хубу замонавӣ ва бо истифода аз навтарин технологияи соҳаи телевизион бинандаи худро бо тозатарин хабару рӯйдодҳо ва барномаҳои ҷолибу диданӣ таъмин менамоянд.

Иҷрои масъулияти иҷтимоӣ, ростқавлӣ, хизмат ба манфиати ҷомеа, риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот аз ҷумлаи талаботи Пешвои миллат зимни суҳбат бо кормандони Телевизиони Душанбе буд.

МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»

Бинои нави боз як иншооти дар рушд ва шукуфоии пойтахт нақшгузор – Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» низ дар ҳамин рӯз аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд.

Иншоот, ки бо риояи унсурҳои муосири миллӣ қомат афрохтааст, ҳусни ин гӯшаи қалби Тоҷикистон – Душанберо боз ҳам зеботар намуд.

Зимни муаррифии шароит ва имкониятҳои корӣ дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо истифода аз масолеҳи баландсифати ширкатҳои бонуфузи ватанӣ эъмор гардид.

Бунёд ва ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» замина гузошт, ки шумораи кормандон аз 40 каси қаблӣ ба 70 кас расад.

Маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҷамъомаду вохӯриҳо пешбинӣ шуда, истифода аз китобхонаи электронӣ воситаи рушди дониш ва огоҳии кормандон аз навгониҳои илмӣ хоҳад буд.

Муаррифии симои шаҳри Душанбе, шиносоии мардум бо дастовард, мавзеъ ва нуқтаҳои ҷолиби диққат, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ бо муаррифии брендҳо, тарғиби арзишҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва ташаккули иқтисоди шаҳр тавассути воситаҳои рекламаи берунӣ, маълумоти визуалӣ ва ороишӣ, дар маҷмуъ, ҳамаи самтҳои фаъолият дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» аз ин пас дар шароити хуб сурат мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон истифодаи мақсаднок аз шароити хуби корӣ ва назорати ҷиддӣ аз мутобиқати рекламаҳои берунӣ ба талаботи қонун дастуру тавсияҳо доданд.

Ҳудуди иншоотро ниҳолу дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ зинат мебахшанд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити таваққуфгоҳи муосири бисёрсатҳа шинос шуданд. Иншоот тайи як сол сохта шуда, барои 354 воситаи нақлиёт пешбинӣ мегардад. Таваққуфгоҳ дар идомаи раванди корҳои ободонӣ дар пойтахти Ватани маҳбубамон бо ҳадафи беҳсозии муҳити шаҳрӣ ва коҳиши шумораи мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳо сохта шудааст. Бунёди иншооти замонавӣ бозгӯи татбиқи босамари Барномаи рушди устувори шаҳрӣ ва Нақшаи генералии шаҳри Душанбе буда, ба рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ низ мусоидат мекунад.

ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон»

24-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳалаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки ҷузъи Гурӯҳи Анадолу мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт.

Марҳалаи аввали фаъолияти ширкат аз соли 2015 оғоз ёфта, бо як хатти истеҳсолӣ 100 кормандро фаро гирифта буд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 170 миллион литр нӯшокиҳои ташнагишикан буда, дар зарфҳои гуногунҳаҷм пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани марҳалаи нави ин иншооти саноатӣ беш аз 600 кас бо кор таъмин гардиданд. Васли хатти нави истеҳсолӣ, ба афзоиши иқтидор, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат кард.

Ҳоло дар корхона 7 намуд нӯшокиҳои брендӣ барои қонеъсозии талаботи мизоҷон истеҳсол мешавад.

Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз ба фурӯш гузоштан дар озмоишгоҳи корхона бо усули хос ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои соҳавӣ аз санҷиш мегузаронанд.

Пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолият ва иқтидори истеҳсолӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи талабот, стандартҳои бехатарӣ ва афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.

ҶДММ «Покиза М»

24-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покиза М»-ро ба истифода доданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 7 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо саҳми корхонаро дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар боз ҳам назаррас мегардонанд.

Дар корхона 77 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, шароити мусоиди меҳнат ва музди хуб таъмин гардид. Тибқи дурнамо, бо васеъ шудани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандон то 280 кас расонда шуда, пас аз қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ, содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Иншоот аз бинои маъмурӣ, сехҳои истеҳсолӣ, нуқтаи қабули гӯшти чорво ва паранда, сардхонаҳои нигоҳдории ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ошхона, таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Фаъолияти корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ «Покиза М» ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифату бехатар, таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди саноати коркард ва суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии кишвар, мутобиқат мекунад.

Ҳамчунин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуда, бо шароит, имконот ва ҷараёни коркарди маҳсулот фосилавӣ шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корхона дастуру тавсияҳо доданд.

Пас аз ба истифода додани ин корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо се корхонаи парандапарвариро дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Файзобод ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.

Корхонаи парандапарварӣ дар шаҳри Турсунзода бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бунёд ёфт. Дар корхона чор коргоҳи парвариш барои мурғи гӯштӣ бо иқтидори 160 ҳазор сар чӯҷа омода буда, коргоҳҳои иловагӣ дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ҳоло дар чор коргоҳи омодашуда зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, 40 ҳазор сар чӯҷа барои истеҳсоли гӯшти мурғ парвариш меёбанд.

Корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав аз чор коргоҳи истеҳсолӣ иборат буда, иқтидори истеҳсолии солонаи он то 1 миллиону 170 ҳазор сар мурғро дар бар мегирад.

Корхонаи парандапарварӣ дар ноҳияи Файзобод барои парвариши то 540 ҳазор сар мурғ дар як сол пешбинӣ шуда, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Баробари ба истифода додани ин корхона, 15 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.

Ба истифода додани чунин корхонаҳои истеҳсолӣ натиҷаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар буда, заминаи устувор барои рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ояндаи устувори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тули 22 соли фаъолияти корхонаи мазкур беш аз 10 ҳазор ҷойи кор муҳайё гардида, ин иқдом ба беҳтар шудани зиндагии сокинон мусоидат намудааст.

Ба истифода додани 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ

24-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар ба тариқи фосилавӣ майдони танкрониро дар машқгоҳи Ҳарбмайдон ба истифода супурданд.

Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар ин машқгоҳ иншооти зиёди таълимӣ бунёд ёфт.

Бинои нуқтаи фармондеҳию мушоҳидавӣ бо синфхонаҳои ронандагӣ ва манораҳои мушоҳида аз имкониятҳои дигари ин машқгоҳ ба шумор меравад.

Зимни шиносоӣ бо имконоти фарохи ин машқгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти ин майдон мутахассисони техникии дахлдори худро дар сатҳи баланд омода намоянд.

Аз ҳамин ҷо, ҳамчунин, ба тариқи фосилавӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ифтитоҳ ёфт.

Ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешуд, бори аввал сохта шуд ва барои фаъолияти бемонеаи онҳо дар ин мавзеъ ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд.

Натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давоми сию як соли фаъолияти худ Қӯшунҳои сарҳадӣ пуриқтидору мукаммал гардида, сол ба сол шароити хизматию маишии афсарону сарбозон хубтару беҳтар мешавад.

Ин раванд, бахусус давоми 2-3 соли охир, хеле авҷ гирифта, дар ин муҳлати кӯтоҳ, аллакай, 80 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизот ва ҳамаи лавозимоти ҳарбию хизматию маишӣ таъмин гардиданд.

Дар ҳамаи ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, дар баробари муҳайёсозии шароити зарурии хизматӣ, аз ҷумла хобгоҳҳои сарбозон, ошхона, ҳаммом, шабакаи гармидиҳӣ, майдончаҳои машқу тамрин, барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ сохта шуд.

Зимни ифтитоҳи иншооти сарҳадӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои фароҳамсозии шароити будубош ва хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсти кишвар, ки дар ин кори пурифтихор низ иштирок менамоянд, ёдовар шуда, ба ҳамаи касони дар ободонии кишвар ҳиссагузор арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

https://president.tj