ПАЁМ
Хадамоти гумрук дар татбиқи хостаҳои Пешвои миллат пешсаф хоҳад буд
16-уми декабри соли 2025 кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро дастаҷамъона тамошо намуда, онро ҳамчун роҳнамои фаъолияти минбаъдаи худ арзёбӣ карданд.
Зимни ироаи Паём Сарвари давлат масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро мавриди таҳлил қарор дода, ба натиҷаҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалисозии стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар соли 2025 ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, фаъолияти босуботи низоми пардохтҳо, махсусан пардохтҳои ба ғанисозии буҷети давлатӣ равонагардида, натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Дар маҷмуъ, бо фарогирии ҳамаи бахшҳо рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлатӣ, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳои мукаммалгардонии низоми миллии молия, андоз ва дигар пардохтҳои давлатӣ идома доранд.
Ҳамон тавре аз Паём бармеояд, соли 2025 барои Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешрафтҳои назаррас ба даст омада, қисми даромади буҷети давлатӣ бо нишондиҳандаҳои баланд арзёбӣ шуд.
Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатиро ҳамчун роҳнамои мукаммали фаъолияти касбӣ пазируфта, ҷиҳати татбиқи ҳадафу барномаҳои рушди иқтисодӣ, таҳкими низоми пардохтии мамлакат ва саҳмгузорӣ дар пешбурди афзалиятҳои миллӣ талош хоҳанд кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»