Баргашт Чоп кардан

Зиндагӣ рӯ ба рушд дорад

ВМКБ

Зиндагӣ рӯ ба рушд дорад

Пешрафти Бадахшон аз баракати соҳибистиқлолии кишвар ва талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Яке аз омилҳои рушду пешрафти кишвар дар марҳалаи ҳозира ҷалби сармояи дохилию берунӣ, истифода аз маблағҳои бахши хусусӣ дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар маҳсуб меёбад.

Дар шаҳру деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди саноату сохтмон ва бахшҳои хизматрасонӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва содироти «энергияи сабз» ба хориҷи кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, рушди босуръати саноат дар кишвар ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои аҳолӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 дар ҷараёни ташриф ба вилоят дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят зикр карданд: “Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз татбиқи 13 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад. Танҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шудааст”.

Лозим ба ёдоварист, ки Роҳбари давлат дар сафари кории имсола ба вилоят як қисмати роҳи байналмилалиро, ки ба меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ шудааст, дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ ва сарҳади Рӯшон, нақб бо дарозии 3400 метр, 12 пули мошингузарро ба истифода доданд. Дар ин қисмати роҳ сохтмони боз як нақб ва даҳҳо пулҳои мошингузари дигар идома дошта, аз баҳори соли 2026 корҳои сохтмонӣ дар қитъаи дигари шоҳроҳ, ки аз сарҳади ноҳияи Ванҷ оғоз ёфта, то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон идома меёбад, шуруъ мешаванд.

Пӯшида нест, ки корҳои ободонию созандагӣ, бунёд ва навсозии иншооти стратегӣ бо ҷалби сармояи мустақим ва ғайримустақим бо ворид гардидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳалаи нави рушд ва таъмини волоияти қонун равнақи тоза гирифт. Танҳо дар се Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, бештар аз 120 тафоҳумнома ва созишномаи ҳамкорӣ байни сармоягузорон, донорҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва соҳибкорон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ ба имзо расиданд, ки бештари онҳо ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ алоқаманд мебошанд. Фақат дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2024», 24 созишнома вобаста ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ ба имзо расида, аксарияти онҳо мавриди амал қарор гирифтанд.

Аз рӯйи натиҷаи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2023» 34 тафоҳумнома ва созишнома дар робита ба ҳамкорӣ миёни сармоягузорон, донорҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорон ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ ба имзо расид. Дар Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест-2025” низ бештар аз 46 тафоҳумнома ба маблағи зиёда аз 565 миллион сомонӣ ба имзо расида, аллакай, кор дар қисме аз онҳо оғоз ёфтааст. Дар доираи ин Форум танҳо байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва 17 нафар соҳибкор ва сармоягузорон ҷиҳати рушди иқтисодӣ-иҷтимоии маркази маъмурии вилоят ба маблағи 352 миллион сомонӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маҷмуъ, ин ҳама пешравиҳо баракати соҳибистиқлолии кишвар, ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди бемайлони кишвар мебошад.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”