Баргашт Чоп кардан

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» аз 3 сентябри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 234; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 809; с. 2014, №11, мод. 652) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддима бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ, инчунин тартиби гузарондан, нигоҳдорӣ, такмилдиҳӣ, танзим ва нобуд кардани маводи дорои маълумоти бақайдгирии давлатии дактилоскопиро муайян менамояд.».

2. Сархати чоруми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- муайян намудани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда.».

3. Дар қисми дуюми моддаи 2 калимаҳои «бошад, ору номус ва шаъну эътибори» ба калимаҳои «дошта бошад, шаъну шарафи» иваз карда шаванд.

4. Матни моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- қонуният;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- инсондӯстӣ;

- махфият;

- ихтиёрӣ.».

5. Аз матни моддаи 4 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, № 2226

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 8 октябри соли 2025, №189

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №108