Баргашт Чоп кардан

НУРАЛӢ АРАБЗОДА раиси нави Федератсияи тенниси рӯйи миз

НУРАЛӢ АРАБЗОДА раиси нави Федератсияи тенниси рӯйи миз

24-уми декабр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Федератсияи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, роҳбарият ва аъзои Федератсия, мураббиён, варзишгарон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти Федератсия, аз ҷумла натиҷаҳои кори солҳои охир, дурнамои рушди тенниси рӯйи миз дар кишвар ва такмили заминаи моддию техникӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба омодасозии варзишгарони ҷавон, боло бурдани сатҳи касбии мураббиён ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ зоҳир гардид.

Дар қисмати асосии ҷаласа интихоботи роҳбарияти Федератсия баргузор шуд ва бо овоздиҳии иштирокчиён директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёт Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ зимни суханронӣ ба иштирокчиён барои эътимодашон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ин намуди варзиш, фароҳам овардани шароити беҳтар барои варзишгарон ва баланд бардоштани мавқеи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.

Нуралӣ Арабзода дар ин вазифа Мирзо Исмоилзодаро иваз кард.

Бо интихоби роҳбари нав изҳори умед карда шуд, ки фаъолияти Федератсия дар марҳалаи нав ҷоннок гардида, дастгирии варзишгарон тақвият меёбад ва натиҷаҳои онҳо дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ назаррас хоҳанд шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки соли равон беҳтарин натиҷаи варзишгарони мо дар тенниси рӯйи миз медали биринҷии Саъдӣ Исмоилов дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ мебошад. Бо ин дастовард Саъдӣ миёни даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025, ки Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиш эълон намуд, мавқеъ гирифт.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”