ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Муҳимтарин омили таҳкими низоми сиёсӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ
Парчами қисмат зи баҳри миллатат афрохтӣ,
Аз фазои маънавӣ девори давлат сохтӣ.
Шуд Паёми навбатӣ таҳким бар амну субот,
Аз нигоҳи халқ ширин шеваҳо пардохтӣ.
1. Муқаддима
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини низоми идории давлат дар мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Агар яке аз афзалиятҳои Паём нақшу рисолати муҳими давлатдории он ба ҳисоб равад, муҳимияти дигараш мавзуъ, мақсад ва маромро бо суханҳои оммафаҳм ва нутқи ҷалбкунанда ба гӯши шунаванда возеҳу саҳеҳ расондани он аст. Дар ин раванд зуҳури як лидери миллӣ ва як нотиқи тавоно, сухангӯи донои дорои сабки хоса ва сатҳи волои суханварӣ, соҳиби истеъдоди фавқулода ва фарди худододро дар симои нобиғаи миллат – Пешвои муаззами миллати куҳанбунёди тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон дид.
Дар баробари чунин сатҳу сабки муоширати сиёсӣ, Паёми навбатӣ ҳамчун шакли муколамаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони халқ, аъзои Ҳукумат, зиёиён, фаъолони ҷомеа, собиқадорон, ҷавонон, воситаҳои ахбори омма ва тамоми мардуми Тоҷикистон баргузор гардид. Омӯзиши паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат баёнгари он аст, ки дар ҳуҷҷати зикргардида вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди давлат аз ҳар ҷиҳат омӯзиш, таҳлил ва арзёбӣ мегардад. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат на танҳо дар муддати як сол, балки барои дурнамои минбаъдаи чанд соли оянда коркард ва пешниҳоди оммаи васеи мардум мешаванд.
Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва барномаи мукаммали бунёд ва рушди давлат, таҷассумкунандаи ҳикмат ва нишони возеҳу равшани истиқлоли милливу сиёсии кишвар аст.
Агар Паёми навбатӣ аз назари муҳтаво бо фарогири тамоми паҳлуҳои сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисод, фарҳанг, маърифат ва амният буданаш фарқкунанда бошад, аз лиҳози дастаҷамъона тамошову гӯш кардан, он ба як чорабинии анъанавӣ ва фарогир мубаддал гардид ва аз ҷиҳати шунидану омӯхтану баҳо додан, яъне вокуниш кардан аз тарафи аҳли ҷомеа, дар сатҳи баланди хештаншиносию худогоҳию ватанпарварӣ дарк карда шуд.
Агар ба моҳият ва шарҳи луғавии Паём назар андозем, маълум мегардад, ки “Паём, пеш аз ҳама ба маънии пайғом, хабар, рисолат, салому дуруд ва орзуи нек омадааст” (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди 1. – Душанбе, 2008. – С. 669). Аммо дар асл, Паём на фақат суханронии сиёсии Сарвари давлат, балки ҳуҷҷати стратегӣ ва барномавии давлатӣ буда, дар низоми ҳуҷҷатҳои сиёсӣ-ҳуқуқии давлат мақоми хоса дорад. Бинобар ин, метавон Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро чун орзуи нек барои таъмини зиндагии шоиста ва талошу заҳматҳо баҳри иҷрои рисолати хеш дар бунёди давлатдорӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ арзёбӣ намуд. Паёми навбатӣ вобаста ба он, ки дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, манфиату моҳияти онро боз ҳам хело муҳим муаррифӣ намуд.
Дар заминаи муҳаббату садоқат ба миллату давлат, некбиниву ояндабинӣ ба зиндагии шоистаи сокинони сарбаланди Тоҷикистон ироа гардидани Паём, бозгӯйи возеҳи шахсияти нотакрор будани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Буд Паём имсол худ як инқилоби маънавӣ,
Бовариро кард мустаҳкам, садоқатро қавӣ.
Паёми Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузори кишвар аҳамияти муҳими сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалиро доро буда, чун қутбнамо барои муайянсозӣ ва татбиқи амалии ормонҳои миллӣ хизмат менамояд. Ҳамзамон, тавре қайд гардидааст: “Паёми Пешвои муаззами миллат ҷанбаҳои иттилоотӣ, маърифатӣ ва сотсиализатсиякунонии сиёсиро доро мебошад” (Хидирзода М.У. Паём ҳамчун шакли коммуникатсияи сиёсӣ // Идоракунии давлатӣ. 2020. № 4/1 (48). - С. 179.).
Дар рафти ироаи Паём Пешвои миллат дар ҳошияи матни он вобаста ба мавзуъҳои баррасишаванда суҳбати озод ороста, диққати аҳли толор ва, умуман, ҷомеаро ба муҳимияти баъзе масъалаҳо ҷалб намуданд.
Суханронии озоди Пешвои миллат берун аз матни Паём як қудрати бузурги маънавию мантиқиро дар вуҷуди инсон бедор карда, ҳар як шахсро барои боло бурдани ҳувияти миллӣ ба ватандӯстӣ ва матонату садоқат ҳидоят менамояд. Нутқу тарзи баёни фикру мулоҳизаи Роҳбари давлат ба илми забон ва суханшиносӣ таҳаввулоту навоварии ҷиддии оммафаҳм, содда ва равшану саҳеҳ ворид карда, олимону мутахассисонро водор месозад, ки аз ин навгонии эҷоди табиии Пешво баҳравар гардида, онро ҳамчун бозсозӣ дар соҳаи илми суханварӣ пешкаши омма гардонанд.
Воқеан, сухандонӣ, суханшиносӣ ва суханварии Пешвои миллат илман асоснок ва амалан исбот гардида, бо сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ гардида, барои ҳар нафаре, ки тоҷик мебошад, бо забони модарӣ, лафзи дарӣ ва форсӣ ҳарф мезанад, худро мутахассиси соҳаи забоншиносӣ ва донандаи меъёрҳои забони суннатии тоҷикӣ мешуморад, ин ибрати посдорӣ ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ аст.
Ҳарф зад бо мардумаш бо порсӣ-дурри дарӣ,
Шуд баён андешаҳо, бодо ҳалолаш сарварӣ!
Барандаи ирсию наслии ҳар миллат асосан забон мебошад. Ҳангоми таҳаввулоти хело зиёд дар ҳаёти миллати форсу тоҷик баъди садҳо соли фурӯпошии давлати Сомониён забони модарӣ ва расму оинҳои миллии мо асоси барқарор намудани давлат гардид. Ба туфайли сиёсати забономӯзӣ ва фарҳангии давраи Сомониён шоирону нависандагони барҷастаи мо устод Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ ва дигар ҳамзамонони онҳо чандин асарҳои гаронбаҳо бо забони тоҷикӣ офарида, ба оламиён қудрату қимати ин забонро исбот намуданд ва то ба имрӯз чун захираи ақлонию забонии мо боқӣ мондаанд.
Ҷойи таъкид аст, ки лафзу шеваи гуфтору суханварии Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём бо сабку услуби забондонии ин шахси барҷаста аз гузаштагони мо сарчашма мегирад. Аз рӯзҳои аввали истиқлолият сулҳу осоиш ва оромиро бо сухан, бо лафзи ширини модарӣ ва бо тадбирҳои хирадмандона ба даст оварданд.
Сулҳро ӯ бо сухан, на бо дами ханҷар намуд,
Душманонро дӯст карда, дур аз сангар намуд.
То расад мардум ба амну зиндагонии накӯ,
Хиштро болишт карду хорро бистар намуд.
Возеҳ аст, ки ироаи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ заминаи ҳуқуқиву қонунӣ дошта, аз меъёрҳои Конститутсияи кишвар маншаъ мегирад.
Дар банди якуми моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба салоҳияти Президент чунин омадааст: “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад”. Тибқи моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад: “Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Ма4лиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд”.
Тавре қайд гардидааст: “Паёмҳои Пешвои миллат, хусусияти моҳиятӣ доранд. (Худи мафҳуми «моҳият» аз нигоҳи Гегел муҳимтарин категорияи фалсафа ба ҳисоб рафта, аз нигоҳи илмӣ хусусияти муҳимият, асосӣ, бунёдӣ, муайянкунандагӣ ва қонунмандӣ доштани муносибати ҷамъиятӣ, ки меъёрҳои ҳуқуқии онҳоро ба танзим медароранд, дар назар дошта шудааст).
Дараҷаи алоқамандии диалектикии тамоми бахшҳои низоми сиёсиро бо субъекти марказии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд. Самаранокии онро тафсир ва баҳогузорӣ менамоянд. Камбудиҳоро ошкор месозанд. Роҳҳои ислоҳи он ва уфуқҳои рушди миллиро дар ояндаи наздику дур нишон медиҳанд.” (Ятимов С.С. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат // Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он аз 26-уми декабри соли 2019. – Душанбе: Ирфон, 2020. – С. 51).)
Асосан, тибқи мафҳуми умумиэътирофшуда Паёми Президент ба парламент – яке аз шаклҳои муҳими ҳамкории Сарвари давлат ва мақомоти намояндагии умумимиллӣ мебошад. Тибқи қоида Паём ин ахбори расмии солонаи Сарвари давлат оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аст. Ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ на фақат ҳуқуқ, балки уҳдадорӣ низ мебошад. Аслан, он аз ҷониби Президент шахсан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олӣ баён мегардад, ки аксар вақт дар тамоми ҳудуди мамлакат тариқи расонаҳои хабарӣ пахш мешавад. Чунин намуди пешниҳоди маълумот ба ҷумҳуриҳои президентӣ хос мебошад, ки Президент, ҳамзамон, Роҳбари Ҳукумат ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз якчанд рӯйдоди таърихӣ ва нуктаҳои муҳими ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ёдовар шуданд, ки аз ҷониби шаҳрвандон хуб пазируфта шуданд.
2. Ҷанбаҳои гуногуни таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ
Чи тавре медонем, Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ягона кишваре буд, ки баъди пошхӯрии ин давлати абарқудрат ва ба истиқлоли давлатӣ расидан, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, ба шароити ниҳоят сангини буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардид.
Дар ин шароит фарде, ки масъулияти роҳбарии сиёсиро ба уҳда мегирифт, ҳамчун шахси ҷасуру нотарс ва далеру шуҷоатманд дастоварди бузурги миллат ба ҳисоб мерафт. Дар тақдири давлату миллати тоҷик чунин шахсият рӯи майдони сиёсат омад, ки ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Бинобар ин, Роҳбари давлат ҳангоми пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат омӯзиши таҳлил ва муқоисаи сатҳи зиндагии мардум, иқтисодиёту иҷтимоиётро аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба асос гирифта, бо назардошти дурнамои чанд соли оянда бо тафсил нақшаи рушду нумӯи мамлакатро, албатта, бо назардошти амнияту субот мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд.
Сарвари давлат ҳимоя ва таъмини арзишҳои истиқлолиятро аз вазифаҳои муҳим, пеш аз ҳама, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ тавассути ба эътибор гирифтани воқеияти моддию маънавии амалии давлату Ҳукумат ва намунаи таҷрибаи фарҳанги сиёсии миқёсӣ мешуморанд.
Чи тавре қайд намудем, дар ин ҳуҷҷати барномавӣ тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла сиёсат, иҷтимоиёт, илм, маориф, фарҳанг, амният дар робита ба вазъияти кунунӣ ва оянда, инчунин иқтидори иқтисодии мамлакат равшан тавзеҳ дода шудаанд.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент, ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027, ҳамчун далели арҷгузорӣ ба тамаддуни оламшумули тоҷикон мебошад.
Ҳамзамон, ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ, тақдим гардидани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, тарҷума, чоп ва тақдим намудани Қуръони маҷид ба ҳар як оилаи кишвар, ворид кардани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим, эҳёю ҷовид гардондани арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик вобаста ба «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният), инчунин эҳё, ҳифз ва гиромидошти дигар суннату арзишҳои таърихиву фарҳангӣ буда метавонанд.
Нуктаи дигар дар Паём, ки боиси ифтихору сарафрозии миллати тоҷик гардид, ин дастури Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне “Маркази тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” буд.
Бо бунёд гардидани марказҳои мазкур нишонаи Наврӯзи Аҷам бо таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи худ дар назари мардум ва меҳмонон ҳамарӯза намоён ва ҷилвагар мешавад.
Инчунин, масъалаҳои байнисарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки солҳои тулонӣ ҳал нагардида, муноқишаҳои вазнинро ба бор меоварданд, бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ пурра ҳал гардида, бо ин мушкилоти марзу бум ва хусумат бо ҳамсоягон аз байн бурда шуда, амнияти минтақаҳои наздисарҳадӣ пурра таъмин гардид, ки ин нукта дар Паёми Президенти кишвар возеҳу равшан бо тафсил зикр шуд.
Дар ҳақиқат, ин мушкилоти садсолаҳо аз муноқишаҳои сарҳадӣ ба муноқишаҳои сиёсиву байнидавлатӣ мубаддал шуд ва боиси фоҷиаҳои хеле вазнин гашта, чандин нафаронро ба ҳалокат расонда, фазои минтақаро ноором ва нигаронкунанда карда буд. Рӯз ба рӯз муносибати мардуми ду кишвари ҳамсоя ба душмангароӣ мубаддал гардида буд, ки хушбахтона бо иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар ҳаллу фасли худро ёфт. Ин дастоварди муҳим, ташаббуси роҳбарони ҳар ду кишвар ва, махсусан, иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон, шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои эҳтиром ва меҳрубонӣ бо ҳамдигар аз ҷониби сарварони давлатҳо ба имзо расид, ки барои таъмини суботу амният, рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Воқеан, қабули қатъномаҳои махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ва дар заминаи амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе, инчунин ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж бори дигар нақш ва мавқеи назаррас доштани иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалиро нишон дод.
Қабули қатънома дар Созмони Милали Муттаҳид ин маънои муҳимияти сиёсии сатҳи байналмилалӣ доштани масъалаи пешниҳодшавандаю баррасишавандаро дорад. Яъне, ҳар иқдоме, ки Пешвои миллат ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод менамоянд, аз лиҳози маъно ва муҳтаво мушкилоти баррасишавандаи як давлат ё як минтақаро надошта, моҳияту миқёси глобалӣ дорад.
Бо ин иқдому ташаббусҳои созандаи худ, ҳамзамон, дар суханрониҳо аз минбарҳои бонуфузи ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, Пешвои муаззами миллат бори дигар сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ будани худро дар арсаи ҷаҳон исбот намуда, маърифату манзалати баланди миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ошно менамоянд.
Комёб будани дипломатияи миллӣ, ки дар заминаи таҳия ва татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар ба даст омадааст, муҳимтарин дастоварди Тоҷикистон дар раванди босуръат инкишофёбии муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Яъне, дар шароите, ки кишварҳои абарқудрати дунё дар пояи манфиатҳо сиёсати худро амалӣ намуда, боиси низоъ ва мушкилоти гуногуни сатҳи милливу минтақавӣ ва байналмилалӣ мегарданд, Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои хирадсолори хеш аз сулҳу амонӣ, эълони Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва ҳалли масоили обу иқлим ибтикороти ҷаҳонӣ пешниҳод месозанд.
Нуктаи хеле муҳим, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуд, таъмини талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи "барқи сабз"-и доимӣ ва дар ин замина расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.
Рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бе неруи барқ ғайриимкон аст.
Бо ин мақсад, ҳанӯз аз ибтидои истиқлоли кишвар Пешвои муаззами миллат ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тамоми иқтидори давлатро ба ин самти афзалиятдошта равона намуда, яке аз ҳадафҳои стратегии кишварро таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ арзёбӣ намуданд.
Дар идома Пешвои муаззами миллат воқеияти масъалаи мушкилоти мардум дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқро ба таври возеҳу равшан фаҳмонда, бахусус қайд намуданд, ки мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем.
Набзи ӯ пайванди халқу халқ ҳам бо ӯ яке,
Мушкили мардум кунад ҳал, гар фузун, ё андаке.
Пешвои миллат бо тафсил ва далелҳои боэътимод ҳолати баамаломадаро кушоду равшан шарҳ дода, қайд намуданд, ки аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истифодаи неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад.
Ин буд, ки бо огоҳӣ аз ҳақиқати ҳол, овозаҳою фикру андешаҳои носаҳеҳи гуногун дар бораи норасоии неруи барқ, ки аз тарафи баъзе кӯрдилон паҳн ва суиистифода мешуд, пурра бартараф шуда, гуфтаҳои Пешвои миллат боиси осудагию оромии мардум ва давлату миллат гардид.
Дар идома Пешвои миллат аз НБО "Роғун" – иншооти бузурги аср ёдоварӣ намуданд, ки он барои мардуми тоҷик иншооти нангу ору номусу ифтихори миллат боқӣ монда, ҳамчун корзори фидокориҳо ва ҳаёту мамот маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик дар ин Паём аз навиди нав ва умеде барои оянда огоҳӣ ёфтанд, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз лиҳози муҳандисӣ муосиртарин иншооти соҳавӣ буда, баъди пурра ба кор даромадан, Тоҷикистону тоҷикистониёнро бо истеҳсоли неруи барқи обӣ машҳури дунё менамояд. Он асоси иқтисодиёти мамлакат гардида, бо "энергияи сабз" на ин ки ҷумҳурии мо, балки минтақаро таъмин менамояд. Хулласи калом, НБО «Роғун» равшангари ҳар як хонадон ва рамзи тоҷикон ва тоҷикистониён мегардад. Ин дастовард барои таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишвар мусоидат намуда, аҳамияти стратегӣ дорад.
Чуноне ба ҳамагон маълум аст, сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла нафт ва газ асоси рушду тараққиёти давлатҳое мебошанд, ки аз он баҳраманданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қабил сарватҳо дар ҳаҷми ниҳоят кам вуҷуд доранд. Бинобар ин, неругоҳҳои тавлидкунандаи қувваи барқ, бахусус НБО “Роғун” барои Тоҷикистон боарзиштарин дастоварди даврони истиқлол мебошад, ки ҳангоми пурра ба кор даромадан, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар, аҳолии мамлакат пурра ба неруи барқ таъмин мегардад. Инчунин, шароите муҳайё мешавад, ки Тоҷикистон неруи барқи изофиро ба дигар давлатҳо ба фурӯш бароварда, аз кишвари эҳтиёҷманд ба кишвари таъминкунандаи қувваи барқ барои давлатҳои ҳамсоя табдил меёбад.
Муроҷиати самимона ва хайрхоҳонаи Сарвари давлат дар рӯзҳое, ки норасоии қувваи барқ барои аҳолӣ мушкилиҳоро эҷод кард, барои берун кардани ҳисси ноумедӣ ва ноҷӯрӣ аз вуҷуди мардум гардида, чун шуълаи умед барои ояндаи дурахшон мусоидат намуд.
Дар рафти ироаи Паём Роҳбари давлат қаноатмандона ва мақсаднок бо тафсил ба соҳибкорони бо нангу номусу ватандӯсти миллат, ки саҳми худро дар пешрафту рушди иқтисодиёту ободонии мамлакат дар давраи 30 соли истиқлолият ва то давраи 35-солагии он саҳми арзанда гузоштанд, миннатдории самимии худро иброз намуданд ва бори дигар тасдиқи онро намуданд, ки онҳо аз таваҷҷуҳу эътибори Роҳбари давлат дур нестанд.
Ин боис гардид, ки бисёре аз чунин соҳибкорон афкор ва арзу сипоси болидаи хешро ба воситаҳои гуногуни ахбори омма ба давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор намуда, бори дигар омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушду тараққиёти кишвар тасдиқ ва иброз намуданд.
Рушди соҳаи роҳу нақлиёт ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз вазифаҳои умумимиллӣ ва дар қатори ҳадафҳои дигари стратегӣ, муҳимтарин омили рушди мамлакат мебошад. Соҳаи мазкур фарогири бозсозӣ ва сохтмони роҳҳои мошингард ва роҳҳои оҳан, пулҳо ва нақбҳо, инчунин дигар зерсохторҳо (инфраструктура)-и нақлиётие мебошанд, ки мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ буда, амалӣ намудани онҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ мубаддал гардад.
Беҳтар намудани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар ин ҷода, се ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ (фақру нодорӣ, нарасидани маводи ниёзи аввалия, аз қабили ғизо, манзил, либос ва нигоҳубини тиббӣ, ҳамзамон вазъияти мураккаби ҳифзи иҷтимоӣ) барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида истодаанд, ки дар натиҷаи татбиқи онҳо сатҳи камбизоатӣ то ба 19 фоиз паст гардид.
Дар баробари ин, дар замони истиқлолият дар мамлакат ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинон тадриҷан беҳтар гардида, шумораи аҳолии кишвар зиёд ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.
Ҳамаи ин дастовардҳои муҳими иҷтимоӣ сатҳу сифати зиндагии сокинони кишварро беҳтар гардонда, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат масъалаи некуаҳволии сокинон мавқеи ниҳоят баланд дорад.
Яке аз масъалаҳои бисёр муҳиме, ки вобаста ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар Паёми Пешвои муаззами миллат садо дод, ин аз 1-уми сентябри соли 2026, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои буҷетии кишвар, ҳадди ақали музди меҳнати шаҳрвандон, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин муқаррар кардани иловапулӣ ба онҳо мебошад.
Таваҷҷуҳ ба беҳдошт ва некуаҳволии халқ давоми мантиқии сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлатро инъикос намуда, ба тамоми қишрҳои ҷомеа равона гардидааст, ки дар умум барои таъмини шароити арзандаи ҳаёти шаҳрвандон ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Пешво тадбир ҷусту дод бар халқ имтиёз,
Ҳал бигардад, баҳри рушд аз ҳар яке розу ниёз.
Яке аз омилҳои шаклгирии мафкураи миллӣ, тақвиятдиҳандаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон ниҳоди маориф ва илм мебошад.
Маорифи миллӣ, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат афзалият дошта, пайваста ҷиҳати мутобиқсозии он ба меъёрҳои байналмилалӣ талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст, дар Паём чун омили таъминкунандаи амнияту суботи миллӣ арзёбӣ шуд. Агар аз назари стратегӣ ба моҳияти вуҷуддошти маорифи миллӣ назар намоем, омили таъминкунандаи амнияти давлат будани ин ниҳоди давлатӣ возеҳ мегардад.
Вобаста ба ин, дар Паём чунин зикр гардид: «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Таърих собит месозад, ки таҳаввулоти бунёдӣ дар фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ ва рушду такомул ёфтани тафаккури миллӣ бо кору пайкори олимону омӯзгорони асилу касбӣ пайвастагии амиқ дорад, зеро зиндаву ҷовид мондани фарҳанги миллӣ, забони тоҷикӣ, соҳибдавлату соҳибмактаб шудани миллати тоҷик маҳз бо номи нек ва фаъолияти касбии онҳо алоқаманд аст.
Пешвои муаззами миллат ба аҳли илму маориф паём доданд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Дастуру ҳидояти Роҳбари давлат аз аҳли илму маориф тақозо менамояд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, пажӯҳишҳои илмии манфиатпазир ва тақвият додани худшиносии миллӣ, аз ҳарвақта дида бештар таваҷҷуҳ намоем, зеро яке аз роҳҳои муассири муқовимат ба хурофот ва бегонапарастӣ босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибмаърифат кардани ҷавонон мебошад.
3. Таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ
ва амнияти ҷамъиятӣ
Дар баробари таҳлилу баррасии дастоварду комёбиҳои миллату давлат дар сатҳи милливу байналмилалӣ, ҳамзамон масъалаҳое таъкид гардиданд, ки омили калидии таъмини амнияту субот дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ба асосҳои истиқлол ва амнияти давлат мебошанд.
Чи тавре Аристотел гуфтааст: “Давлат худи мардум ва барои мардум аст” (Ятимов С.С. Аристотел: Давлат ва сиёсат. Душанбе, нашриёти Ганҷ. 2019. С.9.) ва ҳамчуноне ки Д. Толанд зикр намудааст: “Амнияти мардум бояд аз ҳама вазифаҳои давлатие, ки қонун муайян намудааст, боло бошад” (Ятимов С.С. Андарзнома. Душанбе. “Нашриёти муосир”. - 2023. С.187.).
Таҷрибаи муосири давлатдории миллии мо, тоҷикон, борҳо нишон додааст, ки таҳдид ба маънавиёти ҷомеа аз омилҳои хавфноктарин маҳсуб меёбад, ки таассубу хурофот, бегонапарастӣ ва ҷаҳолату ифротгароӣ дар меҳвари он қарор доранд. Бинобар ин, дар мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа маҳаки бақои давлату миллат маҳсуб меёбад.
Ба ақидаи Ҷ. Байрон “Шояд ҳазорсолаҳо лозим бошад барои сохтани давлат, вале як соат бас аст, ки он чун хокистар нест шавад” (Асари зикршуда. С.186).
Хурофот ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ақлро аз маркази қабули қарор берун мекунад, илмро бо тахмин иваз менамояд, масъулияти шахсиро заиф месозад, ҷомеаро ба нигаронӣ, тарс ва вобастагӣ мекашад.
Хурофот донишро ба эътиқоди кӯр-курона табдил, далелро бо тахмин иваз ва таҷрибаро бо анъанаи беасос маҳдуд мекунад. Дар чунин шароит илм ба канор меравад, таҳқиқот беқадр мешавад, маориф аҳамияти стратегиашро аз даст медиҳад. Ин раванд дар самти давлатдорӣ боиси ташаккули ҳолати бавуҷудоии эҳсосгароёна мегардад, ки барои давлатдории муосир хатарнок аст.
Аз хурофоташ наёбад ҳеҷ давлат рушд, дон,
Ҳаст ифроти хурофотӣ раҳи заҳру зиён.
Роҳ як бошад халосӣ аз илоҷи ҳарду дард,
Пеш рав, доим бихону илм дону боз хон.
Яке аз пайомадҳои хатарноки хурофот заъфи масъулияти шахсӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Дар тафаккури хурофотзада, мушкилотро ба тақдир вобаста карда, нокомӣ ба қувваҳои пинҳонӣ нисбат дода мешавад ва инсон худро қурбонии ҳолат мешуморад.
Агар аз нигоҳи сиёсӣ таҳқиқ кунем, хурофот заминаи ифротгароӣ ва таассубро фароҳам меорад, инчунин ҷомеаро осебпазир мекунад, тафаккури диалектикиро заиф месозад. Ҷомеае, ки бо хурофот зиндагӣ дорад, ба ҳар овоза бовар мекунад, ба даъвати эҳсосотӣ пайравӣ менамояд ва ба ҳар таблиғи бепоя ва бардурӯғ ба осонӣ таслим гардида, роҳу равиши зиндагиашро гум карда, хурофотпарасту ифротӣ мешавад.
Барои пешгирии хурофоту таассуб дар байни аҳолӣ ва, махсусан ҷавонон, аз худ кардани илму дониш ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ нақши калидӣ доранд. Вобаста ба ин, дар шароити вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон ва таҳдидҳои замони муосир барои ҳифзи амнияту суботи давлат мо бояд низоми таълиму тарбияро аз муҳити хонаводагӣ, боғчаю мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ то муассисаҳои олии таълимӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи давлатдории миллиамон мутобиқ намуда, кадрҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва мусаллаҳ ба арзишҳои миллӣ ва худшиносу ватандӯстро тайёр карда, дар ин замина, фардҳои комилро тарбия кунем, ки дар ҳама ҳолат роҳу равиши зиндагиашонро муайян карда, манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя карда тавонанд. Аз ин лиҳоз, дарки моҳияти давлат ниёз ба донишҳои илмӣ дорад.
Аз ин рӯ, суханони Пешвои миллат дар асл ҳушдори стратегӣ дар самти амнияти миллӣ аст. Хурофот нишонаи рукуди фарҳангӣ, тақлиди кӯр-кӯрона, қатъи навоварӣ мебошад. Давлате, ки фарҳанги онро хурофот идора карда, навовариро хатар мешуморад, тағйиротро рад мекунад ва ояндаро бо гузашта иваз менамояд, аз ҳама гуна рушд қафо монда, ба ҳолати стагнатсия (беҳаракатӣ, карахтӣ) ва алармизм (таҳлука, ҳаяҷон) дучор мешавад, ки оқибати ногувор дорад? Баръакс, давлате, ки ба илму маърифат, ислоҳоту инноватсия такя карда, ҳамзамон рушди устувори ҷомеаро таъмин мекунад, аз нигоҳи сиёсӣ ба кишвари босуботу амн ва пешрафта табдил меёбад. Аз таҳлили боло бармеояд, ки хурофот монеаи рушди давлатдорӣ мебошад. Пас, сухани Пешвои миллат: «Бо хурофот давлат тараққӣ намекунад» дар асл чунин маънои васеи илмӣ дорад.
Давлат танҳо он вақт рушд мекунад, ки инсон дар он субъекти огоҳ, масъул ва донишбунёд бошад, на объекти тақдир, тарс ва эътиқоди кӯр-кӯрона. Маҳз бисёр одамон, махсусан ҷавонон, бо таъсири хурофоту камсаводӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардида, ҳаёти худ ва наздикону пайвандонашонро ба хатар мегузоранд.
Аз хурофоту зи гуфтораш дигар ҳарфе нахонд,
Ҳар касе бошад гирифтораш, аз он бояд раҳонд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд: «Вақти баланд бардоштани маърифати миллати тоҷик фаро расидааст», ки давоми мантиқии пешгирии хурофот дар байни аҳли ҷомеа мебошад. Ин сухан дар асл эълони гузариш ба марҳалаи нави худшиносии миллӣ аст, марҳалае, ки миллат худро на бо эҳсос, балки бо дониш, на бо овоза, балки бо далел, на бо тақдир, балки бо ирода муайян мекунад.
Паёми Сарвари давлат бори дигар аз мубрамият ва саривақтӣ будани муқовимат бо чунин зуҳуроти манфури ҷомеа, ки бо ҳар роҳу усул ба асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ мегузоранд, дарак медиҳад. Чунин таъкидҳои дурбинона ва ҳушдоркунандаи Сарвари давлат бори дигар моро водор менамоянд, ки сари масъалаи шинохти таҳдиду хатарҳои муосир андеша намуда, дарёфти муассиртарин омилҳои ҳифзи онро ҷустуҷӯ намоем. Чунки, гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва нотавонбинони миллату давлат бо истифода аз эҳсосоти динӣ ва сатҳи маърифату дониши баъзе ҷавонон истифода намуда, миллатро аз асолати милливу фарҳангӣ ва маънавиёти ғановатманду оламшумули сатҳи ҷаҳонии хеш дур сохта, ба бегонапарастиву таассуботи динӣ водор менамоянд.
Таъсири номатлуби чунин равандҳо борҳо собит намудаанд, ки миллату давлатҳо ва фарҳангу тамаддунҳои бузурги ҷаҳонӣ рӯ ба таназзул оварда, аз арсаи таърих нопадид ё ба кунҷи фаромӯшӣ расидаанд. Таърихи миллати тоҷик, бахусус даврони ибтидои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз чунин факту далелҳои возеҳ таҷрибаи талх дорад. Бинобар ин, давлати навини мо тамоми саъю талоши худро ба он равона менамояд, ки ба зуҳури чунин падидаҳои номатлуб имкон надиҳад.
Бо дарки амиқи таҳдиди чунин хавфу хатарҳои муосир, бахусус дар бахши фарҳангу маънавиёти ҷомеа, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба масъалаи тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ, садоқату вафодорӣ ба Ватан, миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуданд.
Вобаста ба ин, зикр карда шуд, ки «…бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем».
Масъалаи ташвишовари дигар ин тақлиди бархе аз занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона буда, ифодагари бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Тамоюли бегонапарастӣ ва ба урфу одатҳои бегона майл намудани занону духтарони кишвар ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонад.
Сатру ҳиҷоб, ки тавассути либоси бегона аз ҷониби баъзан занону бонувон истифода мегарданд, аслан ба фарҳанги миллӣ, анъанаву суннати ниёгони мо бегонаанд, аммо гурӯҳҳои манфиатхоҳ, бо истифода аз боварҳои динӣ-эътиқодии онҳо чунин амалҳоро асоси риояи меъёрҳои аркони ислом пиндошта, ба шахсони зудбовар ва аз асолати миллӣ бехабар таҳмил менамоянд. Ҳол он ки бо истифода аз либоси миллии аҷдодӣ, ки таърихан модарону хоҳарони мо ба бар менамуданд ва имрӯз низ истифода мебаранд, бидуни амалҳои бегонапарастӣ, метавон тамоми талаботи аркони мазҳаби ҳанафӣ, дини мубини ислом ва шариатро риоя ва амалӣ намуд.
Пешвои муаззами миллат, борҳо дар сухарониашон зикр намуданд, ки дар ягон давлати хориҷӣ сокинони он либосҳои миллии мардуми тоҷикро, гарчанде ки аз ҷиҳати сифату арзиш хеле боло аст, намепӯшанд. Пас, мо – мардуми шарифи тоҷикро чи зарурат пеш омадааст, ки тарзи либоспӯшии бегонаро тақлид намоем. Як гурӯҳ занону духтарон динро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикиро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира месозанд.
Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд: «Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сарулибос, сатру ҳиҷоб ва саллаву риш».
Пешвои миллат дар бораи бегонапарастӣ ва сарулибоси миллӣ сухан гуфта, таъкид намуданд, ки душман аввал либос, баъдан урфу одатро ба нестӣ бурда, пасон забонро тағйир дода, оқибат миллатро аз байн мебарад. Албатта, ин гуфтаҳо беҳуда набуданд, чунки, агар Сарвар арзишҳои олӣ, хусусиятҳои нозуконаи миллӣ ва мавқеи давлатдориро нагуфта, сиёсати амниятии кишварро ба халқ нафаҳмонад, баъзан ҳолатҳо ақаллият бар аксарият афзалият пайдо карда, давлатдорӣ ва ҳастии миллатро зери хатар мегузорад.
Агар шахс сарвату боигарии худро аз даст диҳад боке нест, вале маънавиёт, эҳсоси миллатдӯстиву ватанпарварӣ аз вуҷуди инсонҳо рахт бандад, ин барои пойдории давлату миллат фоҷиа аст ва метавонад ҳастию бақои миллатро зери суол барад.
Чунин ҳам буд, солҳои 90-уми асри гузашта гурӯҳе аз ифротиён як қисмат аз мардуми гумроҳро, ки на зиёда аз даҳ-бист ҳазор буданд, ба доми фиреб дароварда, табаддулоти давлатиро анҷом доданд. Дар натиҷаи ин кашмакашиҳо зиёда аз дусад ҳазор нафар ба ҳалокат расид. Яъне, вақте ки Роҳбари онвақтаи давлат барои таъмини амнияти давлату ҷамъият мавқеи устувор надошт, гурӯҳи ақаллият бар аксарият (бар сари 5 миллион аҳолии кишвар) ақидаҳои хому ифротии худро бор карда, бо роҳи куштор ва тарсу ваҳм зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтанӣ шудаанд.
Илму маърифат ва донишу савод дар ҳама давру замон, бахусус замони муосир, аз муҳимтарин омили наҷоти миллат ва ҳифзи давлат аз таҳдиду хатарҳои муосир мебошад. Бо ин мақсад, Пешвои муаззами миллат ягона омили пойдории давлатдории миллӣ, бахусус пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодии хешро рӯй овардан ба илму техника, ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, инчунин, дурӣ ҷустан аз таассубу хурофот ва ҷаҳолату бегонапарастӣ арзёбӣ намуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш эҳёи фарҳанги аҷдодӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва садоқату самимият ба Ватану миллатро чун омили калидии истодагарӣ дар муқобили чунин тафаккури хатарнок пешниҳод карданд.
Ҷомеае, ки дар он сатҳи донишу маърифат, риояи қонунгузорӣ дар сатҳи боло аст, дар ҷаҳони муосир ҳама вақт пешрав ва намуна миёни давлатҳо маҳсуб меёбад. Миллат бояд аз таъриху фарҳанг ва сохти давлатдории гузаштаи хеш, хусусан паҳлуҳои ҳуқуқии он, ки низому тартиби давлатдориро дар ҳамон давра ба танзим медароварданд, бохабар бошад ва онро ба наслҳои дигар талқин намояд. Беҳтарин неъмати дунявӣ барои ҳар як миллат ин таъриху тамаддуни он ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ эҳёгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллати тоҷик мебошанд, соли 2024 -ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки мақсад баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгон ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Ҳадаф аз ин иқдом, бархӯрдор гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, ба шахсони ниёзманд ёрии ҳуқуқӣ расондан, таъмини ҳифзу ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва мусоидат ба оилаҳои солим буда, дар маҷмуъ, шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд ва дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳм гузоранд.
Тавре дар Паём таъкид гашт: “Боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ қабул гардид. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон ва Роҳбари оқилу доно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад («Ҷумҳурият», №238,16.12.2025с).
Дар баробари ин, Сарвари давлат вобаста ба аҳамияти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак»,“Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таъкид сохтанд, зеро онҳо дар ислоҳи фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардум аз хурофоту таассуб, баланд бардоштани масъулияти ниҳодҳои мафкурасози давлатӣ дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон нақши калидӣ доранд.
Қонунҳои зикргардида дар шикастани мафкураи хурофотии бархе ба ном домуллову эмомхатибони ҳувиятбохтаву чаласавод, ки аз ҳассосияти динии мардуми ноогоҳ истифода бурда, онҳоро бе назардошти талаботи аслии дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ оид ба сафари ҳаҷ кардан, тағйир додани номҳои аслии тоҷикӣ ба номҳои ғайр, ба бар кардани либоси бегона, таҷлил накардани суннатҳои миллӣ ва дигар арзишҳои ҳувиятсози халқи тоҷик тарғибу ташвиқ менамуданд, нақши босазо бозида истоданд.
Шароити мусоиди риояи усул ва аркони диниву эътиқодии шаҳрвандон, фароҳам будани тамоми шароити зарурӣ дар мисоли масҷиду мадраса, озодии виҷдон ва дигар талаботҳо, ки ҳангоми ироаи Паём баён гардиданд, хело нишондодҳои баланд мебошанд. Бо вуҷуди чунин имконот, аз ҷониби баъзан тангназарон ва манфиатхоҳон, ки барои онҳо манфиати миллату давлат, ҳаёти осудаву ором ва ваҳдату суботи миллӣ заррае арзиш надоранд, андешаҳои пучу беасос иброз гардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд.
Амалҳои ноҷавонмардонаву бадбинонаи миллӣ, ки сарчашмаи асосии зуҳур ва паҳн гардидани тафаккури бегонапарастӣ, таассубу хурофот, ҷаҳолат ва ифротгароӣ мебошанд, бояд ҳарчи бештар аз ҷониби қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус аҳли зиё ва умуман, ҳар як шаҳрванди дорои андешаи миллӣ маҳкум карда шаванд.
Беҳуда набуд, ки Пешвои муаззами миллат борҳо зикр намуданд, ки дар чунин ҳолат хомӯшӣ пеша кардан ва ё бетараф будан ин хиёнат ва аз душман бадтар аст. Чунки душман мақсаду маромашро рост гуфта, амал мекунад, вале бетараф вазъу ҳолати ҷаъмиятро, яъне тавозуни вақтро ба фоидаи худ истифода намуда, ҳар лаҳза метавонад ниқоби рӯяшро кушода, бар зидди давлат хезад.
Давлат ҳамчун институти муҳими сиёсӣ зарурати амиқи вуҷуддошти худро ҳамеша дошт ва имрӯз низ ягона омили амалӣ гардидани омолу орзуи инсон маҳз бо мавҷудияти давлати мустақил вобастагӣ дорад.
Аз замонҳои қадим инсоният дар орзуи чунин давлате буд, ки амнияту суботи аҳолиро баҳри зиндагии арзанда таъмин намояд. Ба ин хотир, “файласуфон андешаи давлати «идеалӣ», «фарзӣ»-ро пешниҳод менамоянд, ки зарурати бунёди давлати «беҳтаринро» дар назар доранд. Ҳуқуқшиносон давлатро бо қонун алоқаманд медонанд. Сотсиологҳо ва сиёсатшиносон давлатро дар алоқамандӣ бо муносибатҳои воқеӣ меомӯзанд, давлатро чун олоти сиёсии ҳокимият, олоти идоракунии ҷомеа меҳисобанд” (Сотиволдиев Р.Ш. Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ. Ҷилди І. – Душанбе, 2010. – С. 164).
Дарвоқеъ, давлат ягона ниҳоде мебошад, ки рушди ҷомеа аз он вобаста аст. Ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби шахс, пеш аз ҳама, аз ҷониби роҳбари олии он амалӣ карда мешавад. Дар муайян намудан ва амалигардонии ҳадафҳои он нақши роҳбари давлат мақоми калидӣ дорад.
Ба андешаи Р. Арон: «Абадӣ будани ягонагии давлат ин амният, қудрат ва шуҳрати он мебошад» (Ятимов С.С. Андарзнома. Душанбе. “Нашриёти муосир”. -2023. С.185.).
Файласуфи машҳури фаронсавӣ Р. Арон ҳадафҳои асосии давлатро дар амният, қудрат ва нуфуз мебинад. Дарвоқеъ барои давлат ин се унсур муҳим мебошад. Амният унсури муҳими таъмини некуаҳволии аҳолӣ ва сулҳу субот буда, аз қудрати давлат вобастагӣ дорад. Қудрат таъминкунандаи мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ мебошад. Нуфуз ҳамчун унсури зарурӣ ҷиҳати эътирофи давлат дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад.
Мутафаккири Юнони Қадим – Афлотун дар асараш «Давлат» нақшаи давлати намунавии боадолатро пешкаш мекунад, ки такя ба робитаи байни кайҳон, давлат ва фитрати инсонӣ дорад. Таносуби байни се унсури фитрати инсонӣ (ақл, шуҷоат, нафс), се мабдаи давлат (машварат, дифоъ, кордонӣ) ва се табақа (ҳокимон, аскарон, истеҳсолкунандагон) таъкид мешавад. Ба назари Афлотун донишу истеъдод нишонаи аввалиндараҷа ва муҳими давлатдорист”.
Албатта дониш ва истеъдод ин унсури муҳим буда, табиатан ба ҳар як инсон ба таври гуногун (кам ва ё зиёд) хос мебошад. Асоснокии андешаи Афлотунро дар ин бобат дар донишу истеъдоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон амиқ дарёфт. Маҳз, ин шахсияти таърихӣ дар шароити ниҳоят вазнини буҳронӣ Тоҷикистонро аз ҳолати ногувор то ба рушди имрӯзи кишвар оварда расонданд, ки далели гуфтаҳост. Муваффақияти давлатдории имрӯзи кишвар аз донишу истеъдоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад.
Мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш ду хислати шоҳро муҳим меҳисобад: «Ҳиммат ва ҳашамат” (Ятимов С.С. Андарзнома. Душанбе. Нашриёти муосир. 2023. С.-18). Ин ду хислат дар шахсияти Пешвои муаззами миллат равшан аён аст. Гузашта аз ин, дар асарҳои мутафаккир давлат ҳамчун шахсе тасаввур мешавад, ки баҳри қонеъ гардондани эҳтиёҷоти мардум хизмат мекунад.
Бо ин мақсад, рӯй овардан ба фарҳанги аҷдодӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳёи рукнҳои фарҳангу тамаддуни миллӣ, ки дар меҳвари Паём қарор доранд, ҳеҷ гоҳ ба асосҳои тамаддуни даврони исломии тоҷикон муқобил набуда (чуноне ки баъзан мутаассибону ифротгароён дар шакли муқобилгузорӣ шарҳу тавзеҳи манфиатхоҳона медиҳанд), балки тақвиятдиҳандаи асосҳои бунёдии тамаддуни даврони исломӣ ва давлатдории миллии мо тоҷикон мебошад.
Дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҷавонон ба сифати неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф шудаанд. Ин аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим диққати махсус медиҳанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ давра ба давра дар баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, ҷиҳати амалӣ гардондани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз наврасону ҷавонони мо зери сиёсати созандаи Пешвои миллат атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.
Дар ин замина, метавон гуфт, ки дар аксар паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ низ Роҳбари давлат таъкид намуданд: «Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем».
Ҳамзамон, боварӣ ва эътимоди Пешвои муаззами миллат аз фаъолияти самарабахши ҷавонони кишвар бузургтарин дастоварди ин қишри муҳими ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Дар шароити муосир, ки таҳдиду хатарҳо ба афкори ҷавонон хело зиёд мебошад, яке аз роҳҳои асосии тарбия ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири омилҳои номатлуб ба таҳсил, касбу кор ва варзиш ҷалб намудан мебошад.
Дар рафти қироати Паём Пешвои муаззами миллат бо мисолҳои асоснок аз таҷрибаи зиндагӣ ҳар якеро ба омӯхтану таҷрибаандӯзӣ ҳидояту роҳнамоӣ намуданд, то ки ҷавонон бо аз худ намудани илму дониши замонавӣ, махсусан забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои пешрафта, қувваи бонангу номуси пешбарандаи давлату миллат боқӣ монанд.
Ҳангоме ки дар бораи ҷаҳонбинӣ ва мафкураи динии домуллоҳою эмомхатибон сухан меравад, дарк карда мешавад, ки бархе аз онҳо дар миёни мардум мавқеи устувор дар тавзеҳоту маънидод кардани рукнҳои исломи ҳақиқӣ, далелҳои эътимоднок барои пешгирии хурофоту ифрот надошта, дар суханронӣ ҳам нисбат ба нутқронии воизони ифроттарғибкунанда заиф мебошанд. Дар натиҷа бархе аз ҷавонон ба ақидаи воизони мутаассиб ва ифротӣ дода шуда, ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ шомил мегарданд, ҳамзамон, парастиши дини исломи воқеиро гум карда, эътиқоди кӯр-кӯронаи хешро боло аз ҳувияти миллӣ мегузоранд.
Ин ҳолат ба бархӯрди манфиатҳои динӣ бо арзишҳои миллӣ оварда, мафкураи дунявии ҷавононро аз байн мебарад.
Дар шароите, ки пешрафти технологияи инноватсионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба воизони ифротӣ имконият фароҳам овардааст, ҷавонон на ба омӯзиши илму андӯхтани дониш, балки ба шунидан ва тамошо (дар чунин ҳолат узвҳои сомеа ва босира тараққӣ карда, ақлу зеҳн суст мегардад) кардани ин шабакаҳо одат намуда, аз хондани китоб дур мешаванд. Яъне, он чизе мешунаванд, онро бе омӯзиши сарчашмаҳои илмии дини ислом, бе далелҳои раднашаванда чун эътиқоди динӣ қабул менамоянд.
Ақл хомӯш гардаду танҳо чу гӯш ояд ба кор,
Зеҳн гардад кунду тан бас хаста, одам хору зор.
Ё, ки:
Сухан бояд, ки ҳақ бошад, асосаш илму дониш беш,
Набояд гуфтаю бишнида носанҷида орӣ пеш.
Чунин ҳолат ба таълимгарони ифротӣ имконият медиҳад, ки мафкураи танги таълимгириро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода намуда, аз онҳо фидоӣ ё маргталаб омода ва тибқи барономаи таҳрезикардаашон сафарбар намоянд.
Мавлоно маҳз дар ин мавзуъ хело батафсил таъкид намудааст:
Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,
Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.
Гӯш дорӣ ту ба гӯши худ шунав,
Гӯши ғулонро чаро бошӣ гарав?
Дар ин вазъият шахсони обрӯманди руҳонӣ ва олимони дунёи динро лозим аст, ки мавқеи устувори хешро муайян ва мустаҳкам карда, бо далелу ҳадисҳои исботшаванда бо мардум қотеона суҳбат намоянд ва эътиқоди онҳоро ба дини ҳақиқӣ-суннатии ислом тақвият бахшида, аз роҳи шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористӣ-эсктремистӣ баргардонанд.
Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонони кишвар бояд ба яке аз самтҳои асосии касбу кори ҳамешагии мо табдил ёбанд.
Амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ маҳаки бунёдии ба таҷрибаи замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосёфтаи рушди ҷомеа ва давлат эътироф мегарданд. Бешубҳа, дар муддати кӯтоҳтарини соҳибистиқлолии кишвар бо татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои муҳим дар сатҳи ҷаҳонӣ соҳиб гардидем.
Оғоз аз соли 2018 то инҷониб тибқи нишондоди Маркази назарсанҷии афкори умум «Gallup» Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати 12 кишвари амнтарини сайёра шомил гардида, соли 2024 дар қатори аввалин кишвари амн ва дар соли 2025 пас аз давлати Сингапур ҷойгоҳи дуюмро дар ин радабандӣ ба даст овардааст.
Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш зикр намуданд, ки нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмини рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ, ҳамзамон, ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад.
Пешвои миллат дуруст зикр намуданд, ки таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аст. Кишварҳои аз ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ пешсаф дар сурати андак ноустувории суботу оромӣ, номуътадилии амнияти ҷамъиятиву давлат ва ваҳдат дар кишвар ба парокандагии миллат, неру гирифтани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва дигар ҷиноятҳои алоқаманд ба он, дар маҷмуъ, аз байн рафтани сохти конститутсионӣ боис гардидааст. Бинобар ин, таърих гувоҳ аст, ки барои халқ, пеш аз ҳама, амнияти ҷомеа ва давлат, суботи сиёсӣ, инчунин, ваҳдат арзишмандтарин неъмат эътироф гардидаанд.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз хавфу хатари ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ намуда, дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллиро вазифаи ҷонии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб донистанд.
Дарвоқеъ, ҳолати мазкур на танҳо ба бехатарии шахси алоҳида, балки ба суботи ҷомеа, асосҳои сохти конститутсионии давлат, амнияти минтақа ва ҳатто сулҳу амнияти башарият, таҳдиди воқеиро ба миён овардааст. Масъалаи мазкур гувоҳи он аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори дурандеши сатҳи байналмилалӣ на танҳо барои тинҷиву оромии Тоҷикистон, балки баҳри суботу оромии минтақа ва амнияти инсоният талошу кӯшиш намуда истодаанд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, муқовимат ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва радикалӣ, яъне мубориза ва пешгирӣ намудани амалиётҳои тахрибкорию террористӣ, тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ бар зидди идеологияи экстремистию радикалистӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини амнияти давлат, ҷамъият ва шаҳрвандон ба шумор меравад.
Ин қабил гурӯҳҳо дар бархе ҳолатҳо аз ҷониби бозингарони геосиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дастгирӣ пайдо мекунанд. Чунин бозингарони сиёсӣ метавонанд, барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ба фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ, террористӣ, байналмилалӣ ва ғайра ангеза бахшида, ба дағалона вайрон кардани меъёрҳои умумиахлоқӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ оварда расонанд.
Афғонистон як кишвари аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ноустувори минтақа мебошад, ки бо кишвари ободу босуботи мо сарҳади хеле тулонӣ дорад.
Давлатҳои абарқудрат дар сиёсати хориҷии худ ба стандартҳои дугона роҳ дода, барои манфиатҳои худ баъзан созмонҳои террористию экстремистиро дар ин кишвар ҷой намуда, вазъияти минтақаро ноором мекунанд. Ин тарзи ҳамкорӣ бо созмонҳои террористию ифротгаро аз тарафи абарқудратҳо бесобиқа буда, барои таъмини амният дар минтақа хатар дорад.
Дар замони муосир гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба муқобили саломатии аҳолӣ равона гардидааст, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, савдои одамон ва харидуфурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳудуд ва суръати паҳншавии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва ҳаммонанди онҳо, хусусан маводи химиявӣ дар кишвар, ба саломатии ҷисмонӣ ва руҳии ҷавонон, наслҳои ояндаи кишвар ва дар умум, генафонди миллат зарари калон мерасонад.
Ҳамчунин, нашъамандӣ метавонад омили содиршавии дигар намуди ҷинояткорӣ ва як роҳи зиёд шудани шумораи беморони вируси норасоии масъунияти одам гардад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ бо таҳия намудани механизмҳои муассир ва ҷудо намудани маблағҳои калон ҷиҳати аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки инсониятро ба ташвиш овардааст, пайваста талош менамоянд. Аммо, сарфи назар аз чунин иқдомҳои ногузир масъалаи мазкур ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.
Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин падидаи манфурро маҳкум намуда, дар хатти пеши мубориза бар зидди воридоти ғайриқонунии ин вабои аср ба дигар кишварҳо қарор дорад.
Фаъолияти самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боиси пешгирии интиқол ва паҳн гардидани маводи мухаддир ба кишварҳои минтақа ва хориҷи дур гардидааст.
Рушди босуръати ҷомеа, ҳамгироӣ ва ҷаҳонишавӣ, оқибатҳои гуногунро ба бор оварда, дастовардҳои илму техника, бунёди интернети умумиҷаҳонӣ имкон дод, ки ҷинояткорӣ ба сатҳи нав бирасад ва фазои кибериро ишғол намояд.
Тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), фаъолияти ҷиноятии шахсон тавассути истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар шакли мустақим, яке аз хатарҳои асосии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, чунки ба мавҷудият ва фаъолияти муваффақонаи тамоми бахшҳои иқтисодиёт таҳдид мекунад.
Бар асоси гузориши он, “танҳо дар соли 2019 талафоти иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҳамлаҳои киберӣ 2,5 триллион долларро ташкил дода, то соли 2022 ин рақам ба 8 триллион доллар баробар гардид. Ба иттилои таҳлилгарон, зарарҳои умумии ҷиноятҳои киберӣ дар соли 2024 тақрибан 9,5 триллион долларро ташкил дод ва ҳанӯз пешбинӣ гардида буд, ки соли 2025 ин рақам ба 10,5 триллион доллар мерасад”.
Қайд кардан зарур аст, ки дар асри инкишофи босуръати технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ раванди моилсозии ҷавонон ба ташкилоти экстремистӣ-террористӣ чандин маротиба афзоиш меёбад. Аз ҷумла, дар 5 соли охир дар бештари ҳолатҳо фаъолияти экстремистӣ бо воситаи шабакаи интернет сурат гирифта, ин гуна технологияҳо ҳангоми омодагӣ ба амалҳои террористӣ низ васеъ истифода бурда мешаванд.
Ҳамагон огоҳем, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба асосҳои давлатдории миллӣ ва амнияту истиқлоли кишвар, фарҳангу маънавиёт ва суннату анъанаҳои миллӣ возеҳу равшан аён мебошанд.
Вобаста ба таҳлили авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон дар Паём таъкидҳои мушаххас сурат гирифта, бахусус зикр карда шуд: “Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад”.
Бо дарназардошти вазъ ва ҳолати мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба ҳамгироиву ҳамбастагӣ ва талошу заҳмат ҷиҳати расидан ба суботи сиёсӣ, амнияту тартибот ва пойдории ваҳдату якдилӣ даъват намуданд, ки таҷассуми хирадсолории ин абармарди миллат мебошад.
Давлате, ки мардумонаш ҳаст бо ҳам муттаҳид,
Баҳри он халқ аст, Раҳбар арҷманду муътақид.
Дар сиёсати хориҷӣ идома додани усули «дарҳои кушода», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, идомаи мантиқии худро бо ироаи Паём бори дигар мустаҳкам намуда, ба таври возеҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардид. Дар ин замина зикр карда шуд: “Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти кишварҳои ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, сулҳ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад. Махсусан, дар заминаи амалинамоии сиёсати хориҷии муваффақ силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон, ки қаблан зикр намудем, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаву манфиатбахш барои инсоният мавқеъю манзалати худро мустаҳкам намуда, дар роҳи бунёди ҷомеаи боадолату мутамаддин устуворона пеш меравад.
Наҷӯ дигар сухан, чун ҳарф пешаш
лол мегардад,
Чу маънӣ дар сухан пайдост, арзи
ҳол мегардад.
Мардуми тамаддунофару бофарҳанги тоҷик бори дигар садоқату ихлосмандии худро ба тақдири миллату давлат ва Сарвари халқ, ҳангоми ироаи Паёми Роҳбари кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳлили ҳамаҷониба ва андешаву афкори амиқ ифода намуда, таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат ва адабиёти оламшумули худро ба мардуми ҷаҳон нишон дод.
Гашт боло боз мавқеу мақоми Пешво,
Бори дигар карду ӯ худро бо мардум ошно
Паём дар фазои эътиқоду эътимоди баланди орзуву умедҳо ироа гардида, бо мулоҳиза, бо тадбиру бо тамкин будан, пурра фарогири мақсаду мароми Пешвои муаззами миллат буда, эҳсосоти он аз набзи рӯзгору мароми мардум ва, ҳамчунон, самимияту садоқат, иззату эҳтироми сокинони кишвар ба Роҳбари давлат ҳамаҷониба дарк ва эҳсос карда мешуд.
4. Хулоса
Бо шуури дунявӣ ӯ кард таҳлили ҷаҳон,
Бо нубуғи маънавӣ ӯ кард эҳсоси замон.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун беҳтарин ва мукаммалтарин роҳнамои таҳлилӣ ва барномаи дурнамои рушди миллӣ вобаста ба воқеияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ чи аз лиҳози ҷиддияти илмӣ ва чи аз нигоҳи арзишмандии таҷрибаи сиёсӣ арзёбӣ гардид.
Бешубҳа, мақсадҳои муҳими иҷтимоие, ки тавассути таҳияи Паём ҳаллу фасли худро меёбанд, ба гурӯҳи манфиатҳои сиёсии давлатӣ дохил мешаванд.
Паём аз аввал то ба охир барномаи мукаммали фаъолияти давлат на танҳо вазъи имрӯзаро бо тамоми паҳлуҳояш баррасӣ ва тафсир намуд, балки сабаб, омилҳои шаклгирӣ ва натиҷаи онро мавриди омӯзиш қарор дода, раванди пешрафт ва бурду бохти Ҳукуматро дар шароити мушаххаси таърихӣ арзёбӣ ва нақшаҳои муассири рушди умумимиллиро барои ояндаи дуру наздик муайян сохт.
Сарвари давлат аз лиҳози таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳошияи ироаи Паём тартиботи ҳуқуқиро асоси таъмини бехатарии давлат ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, ҳамзамон, боло рафтани сатҳи иҷтимоӣ ва рӯзгори мардуми Тоҷикистон эътироф намуданд.
Аз афкору андешаи мардуми шарафманду сарбаланди кишвар баръало мушоҳида мешавад, ки онҳо бо дарки муҳимияти тинҷиву амонӣ, суботу оромии пойдор ва эътимоду боварии комил ба Ҷаноби Олӣ барои рушду тараққиёти мамлакат ва беҳбуди шароити зиндагӣ софдилона ва содиқона меҳнат мекунанд.
Муроҷиати Пешвои миллат ба омӯзгорон ва падару модарон ҷиҳати тарбия, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, ҳамзамон, пешгирии ифротгароӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, алалхусус ба бар кардани сарулибосҳои ғайримиллӣ, хурофотпарастӣ ҳамчун дастур ва роҳнамо барои пешгирӣ ва огоҳондани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна равияҳо ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошад.
Наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат ва пояи асосии мустаҳкамии қудрату тавоноии мудофиавии кишвар мебошанд ва рушду шукуфоӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини суботу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва бехатарии ҳаёти шаҳрвандон аз онҳо вобаста аст, аз таъкидҳои Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта, ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
РАҲИМЗОДА Р. Ҳ.,
доктори илмҳои ҳуқуқ