Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо сокинони ноҳияи Рашт
«Дар ноҳияи Рашт вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода бо сокинон баргузор гардид», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ Файзалӣ Идизода доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабр зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ба таври муфассал сухан ронда, муҳтавои нуктаҳои асосии ин санади муҳимро шарҳу тавзеҳ дод.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ