Баргашт Чоп кардан

Ҷамъбасти раёсати Тоҷикистон дар ИДМ

Ҷамъбасти раёсати Тоҷикистон дар ИДМ

Дар шаҳри Минск таҳти раисии намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавии ИДМ, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои Иттиҳод доир гардид.

АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласа ҷамъбасти натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод буд. Тавре таъкид шуд, дар рушди соҳаҳои саноат, энергетика ва нақлиёт ташаббусҳои калидӣ татбиқ ёфта, қарорҳое, ки ба тақвияти ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунанд, қабул гардиданд.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ