Татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026 баргузор шуд.
Дар ҷаласа фаъолияти мақомоту идораҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи ин Барнома дар соли 2025 натиҷагирӣ шуд.
Дар ин хусус ба хабарнигори мо аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ доданд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ