Ҷаласаи васеъ доир ба масоили марбут ба амнияти давлат
Дар Вазорати мудофиа бо иштироки роҳбарон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласа доир гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, ҷаласа тибқи дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии амалиётӣ-стратегии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои мудофиаи ҳудудии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба амнияти давлат ва баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат таҳқиқу баррасӣ гардиданд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ