Неруи барқ
Сарфаҷӯӣ зарурати стратегӣ барои рушди устувор аст!
Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф, кӯшиш намоянд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати софдилонаву бунёдкоронаи мардуми кишвар мо афзоиши устувори нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ватанамонро таъмин карда, дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва густариши соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ талабот ба неруи барқ низ сол ба сол меафзояд. Ин воқеият, аз як тараф, нишонаи пешрафт ва фаъолшавии иқтидори истеҳсолии кишвар бошад, аз ҷониби дигар, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро барои истифодаи самараноку сарфаҷӯёнаи барқ ба миён меорад.
Сарфаҷӯии неруи барқ танҳо кам кардани истеъмол нест. Ин раванд як қисми низоме аст, ки ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, кам намудани хисорот дар шабакаҳо, пурзӯр кардани интизоми истифода ва ташаккули фарҳанги истифодабарии захираҳои энергетикӣ нигаронда шудааст.
Идоракунии самараноки неруи барқ танҳо вазифаи ҳукумат ё ширкатҳои энергетикӣ нест. Ин раванд аз ҳамкории ҳаматарафа – давлат, бахши хусусӣ ва аҳолӣ вобаста мебошад.
Давлат нақши танзимкунанда ва ҳавасмандкунандаро мебозад: қабули стратегияҳо, дастгирии технологияҳои сарфакунанда, назорати истеъмол ва таъмини шаффофияти тарифҳо.
Корхонаҳо бояд ба модернизатсия ва истифодаи таҷҳизоти каммасраф рӯй оваранд, механизми аудити энергетикиро роҳандозӣ кунанд ва нақшаи сарфаҷӯиро пайваста амалӣ созанд.
Аҳолӣ бошад, бо риояи қоидаҳои одии сарфаҷӯӣ – хомӯш кардани таҷҳизоти фаъол, истифодаи лампаҳои LED, ба танзим даровардани ҳарорати дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва сардкунӣ, истифодаи оқилонаи таҷҳизоти рӯзмарра метавонад саҳми калони худро бигузорад ва дар ин замина ,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид кардаанд: “Мардуми шарифи кишвар бояд маданияти истифодаи неруи барқ, яъне сарфакориро риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд”.
Сарфаҷӯии неруи барқ ва пешгирии афзоиши бештари талабот яке аз омилҳои калидии рушди устувор ва таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти хусусиятҳои гидроэнергетикӣ ва афзоиши босуръати эҳтиёҷоти иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи чораҳои стратегӣ дар самти самаранокии энергетикӣ аҳамияти хосса пайдо кардааст. Ин тадбирҳо на танҳо ба таъмини устувори шабакаи барқ ва беҳбуди ҳаёти аҳолӣ мусоидат менамоянд, балки барои рушди минбаъдаи иқтисодии кишвар, ҷалби сармоя ва ҳифзи муҳити зист заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.
Бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 №653 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» дар Агентии «Тоҷикстандарт» давоми солҳои охир як қатор корҳо ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, дар асоси директиваҳо ва меъёрҳои стандартҳои Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Русия 5 стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯии энергия, аз ҷумла СТ РТ ГОСТ Р 51379 «Шиносномаи энергетикии истеъмолкунандаи саноатии захираҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ», СТ РТ ГОСТ Р 51387 «Сарфаҷӯии энергия. Таъминоти меъёрӣ-методӣ. Қоидаҳои асосӣ», СТ РТ ГОСТ Р 51380 «Сарфаҷӯии энергия. Тарзҳои тасдиқи мутобиқати нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикии маҳсулоти энергияистеъмолкунанда ба қиматҳои меъёрии онҳо. Талаботи умумӣ», СТ РТ ГОСТ Р 51541 «Сарфаҷӯии энергия. Самаранокии энергетикӣ. Таркиби нишондиҳандаҳо. Қоидаҳои асосӣ» ва СТ ҶТ 51388-2009 «Иттилоотонии истеъмолкунандагон дар бораи самаранокии энергетикии молҳои муқаррароташон маишӣ ва коммуналӣ», таҳия карда шуданд, ки баъди муҳокимаи коршиносон тасдиқ ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Амалисозии мақсадноки стратегияҳои сарфаҷӯӣ ва идоракунии талабот як раванди дарозмуддат аст, вале натиҷаҳои он барои ҷомеа, иқтисод ва наслҳои оянда бениҳоят муҳим мебошанд.
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии «Тоҷикстандарт»