Баргашт Чоп кардан

САРҲАДИ ДАВЛАТӢ Террористон безарар карда шуданд

САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

Террористон безарар карда шуданд

23-юми декабри соли 2025, соати 23:30 дақиқа, се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд.

Дар натиҷаи сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, соати 11:15 дақиқаи рӯзи 24-уми декабри соли ҷорӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Тоҷикистон муайян карда шуд.

Террористон ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Онҳо мақсад доштанд, ки ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд.

Дар натиҷаи гузарондани амалиёти ҷангӣ ҳар се нафар террорист безарар гардонда шуд. Аз ҷойи ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои М-16, автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷаки дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардиданд.

Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок шуданд.

Дар як моҳи охир ин сеюмин ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона, содир намудани амали террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи он кормандони мулкӣ ва хизматчиёни низомӣ ба ҳалокат расиданд.

Далелҳои мазкур исботи он аст, ки ҳукумати «Толибон» дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза бо аъзои ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст, ки роҳбарияти ҳукумати «Толибон» аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ намуда, барои таъмини амният дар сарҳадот бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии босамар меандешад.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеона изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ имконияти пурраи ҷисмонӣ ва ҷангӣ дорад. Минбаъд низ марзбонони тоҷик бо тамоми ҳастӣ марзу буми кишварро аз таҷовузи беруна ҳимоя намуда, чун ҳамешагӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, қочоқбарон ва ба ҳама гуна кӯшишҳои сарҳадшиканӣ аз Афғонистон ҷавоби сазовор хоҳанд дод.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ ором буда, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон