Баргашт Чоп кардан

СИЛ БЕМОРИИ ИРСӢ НЕСТ, АММО…

СИЛ БЕМОРИИ ИРСӢ НЕСТ, АММО…

Сокини шаҳри Ҳисор М.А. чанд муддат аз сулфа, таби баланду арақкунии шабона, хастагию беҳолӣ ва камиштиҳоӣ азият мекашид. Ба ҷойи ба духтур муроҷиат кардан, аз дорухона доруҳои пасткунандаи таб, қиёмҳои зиддисулфа ва давоҳои иштиҳоовар харида истеъмол намуд, вале ҳеҷ беҳбудӣ эҳсос накард. Баръакс, вазнаш торафт кам мешуд.

Рӯзе раиси маҳалла, ки шахси рӯзгордида буд, ба аёдати М.А. омада, аз асли вазъият бохабар шуду ба аҳли хонавода маслиҳат дод, ки беморро фавран ба беморхона баранд. Пас аз ташхис маълум гардид, ки дарвоқеъ, М.А. гирифтори бемории сил будааст. Аз ин рӯ, беморро дар беморхонаи касалиҳои сили деҳаи Саховат (собиқ Аскари Сурх)-и шаҳри Ҳисор бистарӣ карданд. Пас аз як моҳи табобат ҳолати ӯ хеле хуб шуд. Тибқи тавсияи мутахассис (фтизиатр) доруҳоро истеъмол намуда, ба хона баргашт, то муолиҷаро зери назорати духтур идома диҳад. Мутаассифона, баъди худро хуб ҳис кардан, ӯ истеъмоли доруҳоро қатъ намуд. Дар натиҷа, ба бемории шакли устуворшудаи сил гирифтор шуда, тибқи роҳхат, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» ба табобат фаро гирифта шуд. Акнун табобати намуди ба доруустуворшудаи сил табобати тулониро дар бар мегирад. Дар марҳалаи шадид 6-9 моҳ бо якчанд доруи зиддисилӣ ва дар марҳалаи нигоҳдорӣ 12-15 моҳ бо 1-2 намуд дору табобат кардан лозим меояд, то барангезандагони беморӣ пурра нест шаванд.

– Барангезандаи бемории сил микобактерияи Кох аст, ки дар заррабин (микроскоп) ба шакли найчамонанд менамояд. Он аз шахси бемор ба одами солим бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ, ҳангоми сулфидан, атсазанӣ ва ғайра мегузарад. Барангезандаҳо ба дохили шуш ворид гардида, мумкин аст дар он ҷо афзоиш ёбанд. Ҳамин тавр, барангезандаи бемории сил аксар вақт ба шуш осеб мерасонад, аммо метавонад ба устухон, ғадудҳо, гурда, майна ва дигар узвҳо ҳам паҳн шавад, – мегӯяд мудири кафедраи фтизопулмонологияи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб Абдурасул Сангинов.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз гузарондани ташхис ва муайян шудани беморӣ дар марҳалаи аввали табобати сил, ки онро одатан марҳалаи шадид ё интенсивӣ меноманд, бемор тайи 2 моҳ зери назорати табиб доруи тавсияшудаи зиддисилиро истеъмол мекунад. Худсарона вайрон намудани реҷаи истеъмоли доруи зиддисилӣ қатъиян манъ аст, зеро дар ин сурат барангезандаҳои беморӣ ба доруи тавсияшуда устувор мешаванд. Дар марҳалаи баъдӣ, ки 4-7 моҳ идома меёбад, бемор зери назорати қатъии духтур доруи муайяншударо ҳатман ва бетанаффус истеъмол мекунад.

– Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки гӯё сил бемории ирсӣ аст, вале дар асл чунин нест. Беморӣ аз падар ё модар ба фарзанд тавассути генҳо намегузарад, вале ҳангоми муошират бо шахси дар оила бемор қоидаҳои беҳдоштиро риоя бояд кард, зеро касоне, ки масунияташон сусттар аст, метавонанд дар натиҷаи беэҳтиётӣ ба бемории сил гирифтор шаванд, – иброз намуд Абдурасул Сангинов.

Қобили таъкид аст, ки сол то сол таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил зиёд мешавад. Чунончи, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат чор барнома ва як нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил қабул гардид. Аз ҷумла, ҳоло дар ҷумҳурӣ Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021- 2025 мавриди татбиқ қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми сентябри соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат бинои нави беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина»-ро ба истифода доданд. Дар беморхона шуъбаҳои бемориҳои сили микробхориҷкунанда, бемориҳои сили такроран сироятёфта, шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона, ҷарроҳии сили кӯдакона ва дигар бахшҳои зарурӣ мавҷуданд. Бо истифода аз имкониятҳои беморхонаи кӯдаконаи зидди сил, ташхису муолиҷаи бемориҳои хавфнок дар синни кӯдакӣ ба марҳалаи сифатан нав бароварда шуда, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар боз ҳам беҳтар хоҳад гардид.

Ба гуфтаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабов, ҳоло шароити ташхиси бемории сил дар кишвар хеле хуб шуда, соҳа бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин аст. Инчунин, тамоми намуди доруҳои зиддисилӣ барои ҳама намуди беморони сил дастрас мебошад.

Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки гирифторӣ ба бемории сил дар мамлакат торафт кам мешавад. Масалан, соли 2008 дар кишвар ба 100 ҳазор нафар 87,5 нафар бемори гирифтори сил рост меомад. Ин рақам соли 2018 ба 57,3 нафар ва соли 2023 ба 40,2 нафар расид, ки баёнгари камшавии сатҳи беморист.

Зикр кардан бамаврид аст, ки табобати бемории сил дар мамлакат ройгон аст. Инчунин, дар раванди табобат муоинаҳои иловагӣ низ ба таври ройгон гузаронда мешаванд. Аз ин рӯ, касоне, ки дар худ сулфаи зиёда аз ду ҳафта, беиштиҳоӣ, баландшавии таб, арақкунии шабона, вазнпартоӣ ва беҳолиро эҳсос мекунанд, бетаъхир ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат карда, аз муоина гузаранд. Сари вақт муайян шудан ва ба табобат фаро гирифтани бемории сил гарави пурра шифо ёфтан ва эмин нигоҳ доштани аҳли хонаводаю атрофиён аз ин беморӣ мебошад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»