Баргашт Чоп кардан

СУҒД Бунёди боғҳои нав ба хотири фаровонии бозор

СУҒД

Бунёди боғҳои нав ба хотири фаровонии бозор

 

Дар вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ, таъмини суботи бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гашта, самараи дилхоҳ медиҳанд. Натиҷаи чунин талошҳост, ки сол ба сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру навоҳии вилоят афзуда, коркарди ниҳоӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат низ рӯ ба афзоиш дорад.

Ҷиҳати тақвияти гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли равон кишоварзони вилоят ба маблағи 18 миллиарду 834,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Баҳри боз ҳам ноил шудан ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилоят ҳар сол боғу токзорҳои нав бунёд ва боғҳои аз байн рафтаву беҳосил барқарор мешаванд. Дар ин замина, бояд гуфт, ки соли равон дар вилоят 90,6 гектар боғ ва 17,8 гектар токзори нав бунёд ва 417 гектар боғ дубора эҳё гардиданд.

Боғдорони суғдӣ дар масъалаи бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ низ муваффақ буда, дар ин самт танҳо соли равон 78 гектар боғ бунёд карданд, ки дар онҳо ниҳолҳои олу, гелос, сиёҳолу, чормағз, бодом чанд навъи шафтолу ва себ парвариш меёбанд.

Солҳои наздик бояд вилояти Суғд, хусусан шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Шаҳристон, ба макони истеҳсоли меваю консерв мубаддал шаванд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”