Баргашт Чоп кардан

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи дастгирианд

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи дастгирианд

Чанде пеш, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузашт, як гурӯҳ шаҳрвандони Покистон, аз қабили кормандони соҳаи сайру саёҳат, рӯзноманигорон, олимон ва тоҷирон, ба Ватани маҳбубамон омада, бо иқтидори сайёҳӣ, ҷараёни таҳсил дар макотиби олӣ ва расму ойини мардумиамон ошно шуданд.

Муовини раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода зимни мулоқот бо меҳмонони покистонӣ иброз намуд, ки Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон ҳанӯз дар давраи шуравӣ таъсис ёфта, соли оянда 60-сола мешавад. Ӯ аз ҳамкориҳои шоирони бузурги ду кишвар Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмади Файз ёдовар шуда, дар хусуси робитаҳои фарҳангии ду давлати дӯст иттилоъ дод.

Мутахассиси соҳаи иқтисоди рақамӣ аз музофоти Гилгит – Балтистони Покистон оқои Шерзамон иброз дошт: “Ман аз лаҳзаи ба сарзамини Тоҷикистон пой ниҳодан, ба худ ҷаҳони наверо кашф кардам. Меҳмоннавозӣ, самимияту меҳрубонӣ ва маданияти баланди муоширати тоҷикон маро мафтун сохт. Ман наздикии забон, расму оин, либоспӯшӣ ва мусиқии тоҷиконро ба мардуми Гилгит-Балтистон мушоҳида намудам. Дарвоқеъ, бобоҳои мо ба забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд”.

– Мо аз ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудани соли 2026 ҷонибдорӣ мекунем. Ин қадар ободиҳоеро, ки мо дар Тоҷикистон дидем, аз баракати чунин ташаббусҳои созандаи Сарвари давлати тоҷикистониён аст”.

Хабарнигори телевизиони давлатии Покистон Умар Ҳаётхон бо шодмонӣ изҳор дошт, ки аз боғу гулгашт ва иморатҳои хуштарҳи шаҳри дилорои Душанбе ва ноҳияи Варзоб наворҳои зиёди дилкаш сабт намудааст: “Зимни сафар мо шоҳиди барфу борон ва ҳавои офтобӣ шудем, ки ин аз гуногунии иқлиму зебоии табиати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Вақте сайёҳ ба Тоҷикистон меояд, якбора чанд фаслро дида метавонад”.

– Мо бо пахши барномаҳои ҷолиб аз табиату манзараҳои назаррабои Тоҷикистон сокинони 260 миллионнафараи Покистонро бо ин кишвари ҳамфарҳанг ошно месозем. Мо як гурӯҳ рӯзноманигорон аз сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шерализода хоҳиш намудем, ки барои мо давраи омӯзиши забони тоҷикӣ кушода шавад, то мо тавонем ба ин забони шево озодона гуфтугӯ намоем,– афзуд ӯ.

Саъдон Сикандар хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, ҳоло дар ординатура таҳсил мекунад. Ӯ зикр намуд: “Имрӯз дар Тоҷикистон қариб 500 донишҷӯйи покистонӣ таҳсил менамояд. Вақте онҳо ба Ватан баргарданд, мубаллиғони фарҳанги ғании тоҷикон хоҳанд шуд. Ман зимни таҳсил дар ин диёри бостонӣ мафтуни фарҳанги пурғановати тоҷикон шудам, аз ин рӯ, хоҳони густариши равобити фарҳангии Тоҷикистону Покистон мебошам”.

Менеҷери соҳаи туризм Шафқат Алӣ ёдовар шуд, ки Исломобод ва Лоҳур бародаршаҳрҳои Душанбе мебошанд. Аз ин рӯ, изҳори умед кард, ки миёни ду кишвари дӯст хатсайрҳои ҳавоӣ зудтар ба роҳ монда шаванду робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ бештар ривоҷу равнақ ёбанд.

Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”