Баргашт Чоп кардан

Хадамоти гумрук Гузориш аз мулоқоти роҳбарият бо ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА

Хадамоти гумрук

Гузориш аз мулоқоти роҳбарият бо ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА

Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дмитрий Годунов, ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) мулоқот намуд.

Дар рафти он сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковники Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода намояндагони ЮНКТАД-ро ба муносибати бо муваффақият ҷорӣ гардидани низоми иттилоотии автоматонидашудаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар тамоми гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози истифодабарии истеҳсолии он табрик намуда, барои дастгирии техникию машваратӣ, ҳамкории босамар ва саҳми назаррас дар татбиқи лоиҳаи мазкур изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, роҳбарияти Хадамоти гумрук ба фаъолияти муштарак дар самти татбиқи марҳалавии низоми иттилоотӣ, такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук ва мусоидат дар мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба равандҳои нави гумрукӣ баҳои баланд дод.

Дар навбати худ, ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА паёми табрикӣ ва миннатдории Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушдро ба муносибати ҷорӣ гардидани низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда, ба роҳбарияти Хадамоти гумрук барои дастгирии мунтазам, ҳамоҳангсозии муассир ва фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти лоиҳа изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки маҳз дар натиҷаи ҳамкории зич ва пайвастаи ҷонибҳо низоми иттилоотии мазкур дар муҳлатҳои муқарраршуда татбиқ ва ҷиҳати истифодабарии истеҳсолӣ роҳандозӣ шуд.

Тазаккур гардид, ки татбиқи низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳалаи чоруми Барномаи беҳтарсозии роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ шуда, ба иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ равона гардидааст. Ислоҳоти мазкур ба автоматикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофият ва сифати барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини татбиқи якхелаи қонунгузории гумрукӣ, инчунин, баланд бардоштани самаранокии ҳисоб ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷом ҷонибҳо зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти рушди минбаъдаи низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши имкониятҳои функсионалӣ, таъмини фаъолияти устувор ва такмили пайвастаи онро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таъкид намуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,

«Ҷумҳурият»