Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Рибас мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни вилояти Хатлон ва Федератсияи Россияро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, коркарду бандубасти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содироти онҳо равона гардид. Таъкид шуд, ки вилояти Хатлон дорои имкониятҳои васеъ дар ин самт буда, ба рушди саноат ва ҷалби сармоягузорӣ аҳамияти махсус медиҳад.
А. Рибас пешниҳодотро саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ҷонибҳо дар оянда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Давлаталӣ Саид иттилоъ дод, ки айни ҳол дар ҳудуди вилоят беш аз 400 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ фаъолият мекунад. Аз ҷумла, дар бахшҳои коркарди пахта ва истеҳсоли нахи баландсифат, масолеҳи сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо заминаи мусоид фароҳам буда, тавассути ҳамкориҳои судманд бо шарикони хориҷӣ афзоиши шумораи корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсолот имконпазир мебошад.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"